ХАБАРИ ДОҒ

Қасри фарҳанги Мастчоҳ-бузургтарин дар мамлакат

  • Чоршанбе, Июл 08 2020

 

Муҳаммадзиё Зиёзода, мухлис ва хонандаи доимии газетаи мардумӣ аз н. Мастчоҳ занг зада (тел: 917 54 82 52) аз ободкориҳои раиси нави ноҳия нақл кард. 

   - Салом ба аҳли эҷодии газетаи СССР! Бо омадани раиси нав, ки ҷавону пурғайрат аст, н.Мастчоҳ аллакай симои худро дигаргун мекунад. Раиси ноҳия Тоҳир Азиззода баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Истиқлолияти миллӣ ҷидду ҷаҳди худро равонаи он сохтааст, ки ҳар чи зудтар биноҳое, ки сохтмонашон дар арафаи анҷомёбист, ба итмом расанд. Аз он ҷумла, сохтмони бинои Қасри фарҳанг, ки барои 1000 нафар пешбинӣ шуда, бо маблағи зиёда аз 35 миллион сомонӣ бунёд меёбад, дар рӯзҳои наздик ба анҷом мерасад. 

   Ногуфта намонад, ки Қасри фарҳанги Мастчоҳ бузургтарин қаср дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Ба ғайр аз ин варзишгоҳи марказии ноҳия барои 15 000 ҷой бо маблағи 15 миллион сомонӣ, мактаб барои 500 хонанда дар шаҳраки Меҳробод, боғчаи бачагона барои 200 ҷой дар шаҳраки Бӯстон, бинои шуъбаи адлия, Кумитаи ҲХДТ ва шуъбаи маорифи ноҳия бо боғи фарҳангӣ дар шаҳраки Бӯстон то рузи ҷашни Истиқлолияти давлатии ҶТ пурра ба истифода дода мешаванд.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter