Принт

Автобусро 40 дақиқа интизор мешавем...

Салом СССР-и азиз! Аввало сипоси беандоза ба масъулини нақлиёти пойтахт, ки ҳамеша дар талошанд, то мушкилиҳои ин самт рабт гардаду сокинон ва меҳмонони пойтахти зебоманзар ҳеҷ мушкилеро эҳсос накунанд! 

Баъдан бояд зикр кунам, ки аз хунукназарии баъзе аз ронандагон ва масъулини хатсайрҳои автобусу троллейбус, то ҳол реҷаи муайяни ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ риоя намегардад. Баъзан автобусҳо пайиҳам 2 -3 мегузаранду баъзан то 40 дақиқа интизорашон мемонӣ, вале намеоянд. Мушкили асосии дигар, дар ин фасли гармо фаъол намбудани кондитсионерҳои автобусҳо мебошад. Вақте аз ронандагон мепурсем мегӯянд, “барои гирён кардани кондитсионер ба мо солярка намерезанд”. Агар масъулин масъалаҳои мазкурро бори дигар баррасӣ намуда, ислоҳ созанд нуран ало нур мешавад. Қаблан сиоси беандоза! 

Исмоилҷони Саиднуриддин, ш. Душанбе 911099049

 

Матлабҳои дигар