Принт

Мактаби Кембриҷ барои мо нест!

  

Салом, СССР ! Ростӣ, вақте ман ҳар 1 шумораи ҳафтаномаи СССР-ро ҳар рӯзи панҷшанбе аз маркази ноҳия харидорӣ намуда, то панҷшанбеи ҳафтаи оянда, онро қариб, ки ду-се маротиба пурра мехонам. Агар гӯянд, дар бораи ҳар як шумораи ҳафтанома иншои озод нависед, мумкин ман танҳо баҳои 5 гирам. 

   Дар яке аз шумораҳои гузаштаи ҳафтанома, вақте мақолаи навиштаи хоҳари азиз Омиронаро бо номи «Таҳсили онлайн: «Харҷи интернет аз киссаи кист?»-ро хондам фишорам 90 ба 50 шуд. Вақте нархи солонаи таҳсилро дар мактаби Кембриҷ фаҳмидам ҳуш аз сарам парид ва қариб буд, ки «COVID-19» нашуда, бандагиро ба ҷо оварам. Ман нафаҳмидам ин мактаб барои кист? Дар он ҷо киҳо таҳсил мекунанд? Мо фарзандони худро ҳатто дар 1 мактаби миёна хононда наметавонем, чунки нархи ашёҳои мактаб, сару либоси мактабӣ, нарху навои китобҳои дарсӣ бисёр ҳам гарон аст.  Вақте нархи ин мактаб аз 70000 то 100000 сомонӣ бошад, пас чӣ гуна як камбағали бечора, як коргари оддӣ, як деҳқон фарзандашро дар чунин мактабҳо мехононад? Пас ин мактабҳо барои халқи камбағал нест! Хубтараш дар бораи чунин мактабҳо фикр накунему асабҳоямонро вайрон насозем. Хоҳари азиз, дигар чунин маводро нанависед, ки боз ягон нафарро давленӣ назанад! Шуморо гунаҳгор мекунанд, шӯхӣ!!!

Ғуломалӣ  Асоев, узви ҳафтанома, н.Файзобод

Матлабҳои дигар