ХАБАРИ ДОҒ

Санадҳо асоснок ва қонунианд!

  • Чоршанбе, Июл 22 2020

Суди Олӣ ҶТ бо мақсади иҷрои Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» аз 07 феврали соли 2009, №622 шикояти Нуралӣ Курбонов, ки дар рӯзномаи «СССР» аз 14 майи соли 2020, №18 (607) зери сарлавҳаи «Чарогоҳ: Дузд соҳиби говро баст?» ба нашр расидааст, мавриди омӯзиш қарор дод.

Муайян карда шуд, ки Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали н.Файзобод, ҳамдаъвогарон Бобиев Баҳодур, Азизов Мирзоалӣ, Зайнидинов Абубакр, Қаюмов Фирдавсӣ, Мусоев Гулмурод, Набиев Миралӣ нисбати Қурбонов Нуралӣ дар бораи баратараф намудани монеагӣ ва дар навбати худ Қурбонов Нуралӣ нисбати Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали н.Файзобод дар бораи бекор кардани фармоиш аз 24.07.2018, таҳти №36 оид ба қатъ намудани шартномаи №10 аз 28.10.2014 ва нисбати Азизов Мирзоалӣ, Қаюмов Фирдавсӣ, Қаюмов Шамсулло, Шамсов Одина, Бобиев Баҳодур, Тағоев Ҳабиб, Зайниддинов Абубакр дар бораи рӯёнидани зарари моддӣ ба андозаи 2570 сомонӣ бо аризаи даъвогии муқобили даъво ба суди н.Файзобод муроҷиат кардаанд.

Бо ҳалномаи суди н.Файзобод аз 02.11.2018 аризаи даъвогии Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали н.Файзобод, ҳамдаъвогарон Бобиев Б.Т., Азизов М.Ҳ., Зайниддинов А.М., Қаюмов Ф.Г., Мусоев Г.С., Набиев М.Қ. нисбати Қурбонов Н.Х. дар бораи бартараф намудани монеагӣ қонеъ, аризаи даъвогии муқобили даъвои Қурбонов Н.Х. нисбати Муассисаи давлатии  хоҷагии ҷангали н.Файзобод дар бораи бекор кардани фармоиш аз 24.07.2018, таҳти № 36 оид ба қатъ намудани шартномаи №10 аз 28.10.2018 ва аризаи иловагии Қурбонов Н.Х. нисбати Азизов  М.Ҳ., Қаюмов Ф.Г., Қаюмов Ш.Г., Шамсов О.Р., Бобиев Б.Т., Тағоев Ҳ.М.  ва Зайниддинов А.М. дар хусуси рӯёнидани зарари моддӣ рад карда шудааст.

Парванда бо шикояти кассатсионии Қурбонов Н. дар суди марҳилаи кассатсионӣ баррасгардида, бо қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олӣ  аз 13.03.2019 ҳалномаи суди марҳилаи якум бетағйир мононда шудааст.

Ҳамчунин шикояти назоратии Қурбонов Н.Х. аз ҷониби Суди Олӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуда, бо таъиноти судяи Суди Олӣ аз 02.07.2019 ирсоли парвандаи гражданӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан дар суди марҳилаи назоратӣ рад карда, нусхаи таъинот  бо овардани асосҳои радкунӣ ба Қурбонов Н.Х. дастрас гардидааст. Ҳангоми омӯзиши такрорӣ муайян гардид, ки санадҳои судии бо парвандаи мазкур қабулгардида асоснок ва қонунӣ буда, барои овардани эътирози назоратӣ ҷиҳати бекор кардани онҳо асос мавҷуд намебошанд.

А. Исҳоқӣ, муовини 

раиси Суди олии ҶТ                           

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter