Принт

Ҷанги гражданӣ аз қатли падари Файзалӣ сар нашудааст!

 

 

Боби 1. Андар баёни дуздидани падари Файзалӣ

Салом СССР-и дардошно ва ҳақгӯй! Ҳар шумораатро мехонам. Ба вежа матолиби ба ҷанги гражданӣ бахшидаатро. Дар шумораи ахир хондам, ки муаллиф-Муҳаммад Амин навиштааст, қатли падари Файзалӣ-Қурбоналӣ Саидови 54-сола боиси сар задани ҷанг шуда бошад. Аслан чунин нест! Ҷанг қаблтар аз ин воқеа рух дода буд, ки дар поин мегӯям. Вале ҳоло биоед дар бораи ин ҷиноят ҳарф занем.

Қурбоналӣ Саидов-падари Файзалиро гаравгон гирифтанд. Он замон аллакай Файзалӣ қумандони саҳроӣ буд ва узви Фронти халқӣ. Дар ин маҳалла 2 гузар ё худ қишлоқе буд, ки дар яке қаротегиниҳо ва дар дигаре балҷувониҳо мезистанд. Файзалӣ балҷувониасл буд. Зимнан, муллоҳо падари ӯро аз кӯча рабуданд ва гаравгон гирифтанд. Хидмататон арз кунам, ки намояндагони эшони Саидашрафи он замон «муҷоҳиди маъруфу машҳур» ҳамроҳи Қурбоналӣ 30-40 нафар кӯлобиасли дигарро аз ин деҳа гаравгон гирифта бурд.

Табиист, ки бачаҳои Файзалӣ барои халосии онҳо 30 қаротегиниро гаравгон гирифтанд. Ва бо муллоҳо «переговор» бурданд. ҲНИ ваъда кард, ки агар шумо гаравгонҳои моро озод кунед, мо низ аз шуморо озод хоҳем кард. Он даврон, Абдумаҷид Достиев сухан дошт ва барои муътадил гардидани вазъ бисёр талош мекард. Хулласи калом, Достиевро ҷониби Файзалӣ шахси боэътимод қабул карданду ҷониби оппозитсия Саидашрафро. Баъди гуфтугӯҳои тӯлонӣ гаравгонҳоро иваз карданд. Ҳамаро! Вале миёнашон падари Файзалӣ набуд. 

Ин муамморо ба Достиев расониданд. Он кас низ бо Саидашраф телефонӣ сӯҳбат карданд. Мулло ваъда кард, ки Қурбоналиро бармегардонад. Достиев баъди ин ваъдаи мулло ба Душанбе рафт, ки дар он ҷо сессияи Шӯрои Олӣ бояд баргузор мешуд.

Боби 2. Андар баёни сессияи ғайринавбатӣ

Хато накунам, аз 14 то 16 августи соли 1992 бо даъвати Набиев дар Душанбе сессияи ғайринавбатӣ баргузор шуд. Ин 1 қадам барои таъсиси ҳамон Ҳукумати муросои миллӣ гардид, ки баъдан пурра оппозитсия парлумон ва ҳукуматро ғасб кард. Дар ин сессия Қозӣ-калон Тӯраҷонзода ва Давлати Исмон узви ҳукумат пазируфта шуданд. Оппозитсия боз чанд каси дигарро, бо шумули Худойбердӣ Холиқназаров вазири корҳои хориҷӣ (20.07.1992-11.1992) пешниҳод намуд ва сессия баъд аз суханҳои тунд ва ҳақоратҳои марҳума Валентина Абдуссамадова, ки мегуфт, муллоҳо шуморо фиреб медиҳанд, ин номзадҳоро низ пазируфт. Бо ин амал вакилон фикр доштанд, иштиҳои оппозитсияи исломӣ қонеъ мегардаду аз ҷанг садд мегузоранд. Бехабар аз оне, ки Нуриву наҳзатиёнаш барвақт сенарияи Давлати исломӣ дар Тоҷикистонро таҳия кардаанд.

Боби 3. Андар баёни қатли падари Файзалӣ

Барои ба ҷангу хунрезӣ кашидани Тоҷикистон ва расидан ба ин ҳадафи разилона, раҳбарияти ҲНИ тасмим гирифт, маҳз падари Файзалиро ба таври бераҳмона ва ситами гӯшношунид қатл кунад! Онҳо дасту пои Қурбон Саидовро шикаста, зинда рӯяшро пӯст мекананд! Маҳз рӯяшро, на тамоми баданашро, ки дар расонаҳо менависанд. Ҷасадро оварда, дар марзи миёни деҳаи ба масали онвақта вовчику юрчикҳо мепартоянд. Файзалӣ ҳамон рӯз амр медиҳад, ки аз сессия рафта Абдумаҷид Достиевро оранд. То омадани Достиев ҷасад дар байни ҳавлӣ, зери офтоби сӯзон хоб буду Файзалӣ паҳлӯяш нишаста. Мардуми ба ҷаноза омада низ ба ҳурмат ва ҳам аз тарси Файзалӣ, ки воқеан ҳам ба девонае табдил ёфта буд, аз дидани манзараи бо падараш кардаи наҳзатиён, зери офтоб менишастанд.

Чун Абдумаҷид Достиев расид, Файзалӣ ӯро оғӯш гирифта гириста мегӯяд:

-Дидӣ, акаҷон, ин беэмонҳо бо падари ман баъди ин қадар гуфтушунудҳо чӣ карданд?

Достиев Файзалиро дилбардорӣ мекунад. Дар ҳамин ҷанозагоҳ нохост Хӯҷа-командир пайдо шудаву мардумро ба ҷанг даъват мекунад ва пешниҳод месозад, ки бо белу зоғнулу каланду дост ба Баняи Туркманистон ҳуҷум кунанд. Хушбахтона чанд боақле пайдо шуда, садди роҳи ӯ шуданд, вагарна теъдоди қурбониён аз садҳо нафар мегузашт. Хулласи калом, баъди ана ҳамин даҳшат Файзалӣ Саидов, ки аз оромтабиаттарин қумандонҳои саҳроӣ буд, ба як даранда, хунхор, бераҳмтарин фармондеҳ мубаддал гардид. Ва дар ҳама хунрезиву гуноҳҳои ӯ маҳз наҳзатиён гунаҳкоранд, ки мардакро девона карда монданд.

Боби 4. Андар баёни шуруъи ҷанг

Яъне қатли падари Файзалӣ оғоз на, ки таккондиҳандаи ҷанг шуд! Ҷанги гражданӣ бошад, аз феврали соли 1990 ва таъсиси Кумитаи 17 сар шуд. Ёд доред, калушхӯрии Маҳкамов, хуни аввалин, шеъри Бозор Собир («Эй арғувон!») ва таъсиси Кумитаи 17-ро, ки раҳбарии он бар дӯши Бурӣ Каримов буду Кӯри Тавари кӯлобӣ узви фаоли дигари он. Бархурдҳо, ҷангҳо, набардҳо аз рӯзи таъсиси ана ҳамин Кумита шуруъ шудаанд, ки таърихшиносон бояд ба он баҳои ҳаққонӣ диҳанд. 

Авҷи Ҷанги гражданӣ аз он сар зад, ки вақте дар «Олий Совет»-и н.Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) автобусҳои бесилоҳи мардумро наҳзатиён тиркушоӣ кардаву даҳҳо нафарро қатл карданд.

Ҷанги гражданӣ аз ин ҷо маншаъ гирифт, ки наҳзатиён дар майдони Озодӣ сардабири Садои Мардумро парронданд.

Ҷанги гражданӣ аз ин ҷо шуруъ шуд, ки ҲНИ худро ошкор ва Армияи худро таъсису генералҳои мардумӣ таваллуд кард.

Ҳама ҷурму қубҳу гуноҳу хуни 150 ҳазор нафар бар гардани ҲНИ аст ва инро ман ҳамчун шоҳид дар ҳама ҷо тасдиқ хоҳам кард. Мо Метавонем!

Салом Маҷидов

Шоҳиди бевоситаи ҷанги гражданӣ

 

Матлабҳои дигар