Принт

Ҳамосаи Сулҳ

Ё худ ёди давроне, ки ҳама президентшав буд…

19.07.2020. Соат ба вақти Зарафшон 12:47 дақиқа. Моро шарафи бузурге иттифоқ уфтод, ки аз Саразми Бостонӣ-СарЗамини Ориёнои аҳди қадим, ки таърихи 5500 сола дорад, дидан кунем. Тасаввур мекунӣ, хонанда, вақте ҷадди мо шаҳрнишин буд, ки бархе ақвом ҳанӯз ба таъбири Чарлз Дарвин протсеси  одамшавиро пурра паси сар накарда буданд! Соате бобои Тоҷик дар хонааш нишаставу сар ба болини пари қӯ мегузошт, ки аврупоиён дар дарахтон мезистанду степнишинҳо аз таппак хайма сохтанро кашф накарда буданду амрикоиҳо гӯшти одам мехӯрданд. Замоне бобову бибиҳои мо гирди оташдони муқаддас намоз мегузорид, ки қавми араб ғайри шутурмакӣ чизеро намедонисту урупоиву қафқозӣ аз сардӣ чун хирс ба таки замин сар мекашиданд. Ва ин таҳқири ягон халқу миллат нест, хонанда, ин ҳақиқати таърих аст: 

-Таърихи пурифтихори мо!!!

Вале маро чизи дигар ба навишти ин матлаб таҳрик дод. Аз Фарҳод ном масъули Осорхонаи зиндаи Саразм пурсидам, ки ин ҳама ҳафриёт, ки рӯяшро дар тӯли чандсад метр пӯшонидаанд, оё нишоне аз даврони шӯравист? Гуфт:

-Аслан на! Тӯли 5484 сол Саразм таки боду борон буду дар даврони советӣ русҳо шифере ҳам болош нагузоштанд. Вале вақте Президенти ҶТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бори нахуст  Саразм омад, аввалин супорише, ки дод инбуд:

-Саразмро пӯшонед ва нагузоред, ки сарвати Тоҷикон барбод равад. Яъне ӯ зи борону аз тобиши офтоб Саразмро эмин дошт!!!

…Воқеан ҳам онгуна, ки сарвари давлати мо мухлиси таърих, фарҳанг, ҳунари бостонист, шояд кам нафаре дар кишвар буда бошад, ҳатто мутахассисони соҳа. Ин аст, ки бо амри Президенти ҶТ ин сол аз 5500 солагии Саразм ҷашн мегиранд. Ёд дорӣ, хонанда, чигуна душманони миллати мо, морҳои дар остин гармкардаи мо, аз маъракаи ҷашни 2700 соалгии Кӯлоб механдиданд? Таърихшиносони майдамаҳалчиамон чигуна 3000-солагии Ҳисорро танз мезаданд? Чигуна мавҷудияти Каронро дар Дарвоз дурӯғ мебароварданд? Ҳоло ҳам ҳаст матлабҳояшон. Русҳо гуфтаанд, на мани дастпарвари мактаби журналистикаи Петербург, ки;

-Что написано пером-не вырубишь топором!

Ёд дорам, боре Президент, агар хато накунам, дар ҷашнвораи Ибни Сино буд, муроҷеъ ба таърихшинос Раҳим Масов гуфта буданд, ки чаро таърихи кӯҳани Кӯлобу Ҳисору Саразмро танз мезанӣ? Худат бояд исбот кунӣ, ки чунин таърихро мо дорем, вагарна чигуна миёни дигар қавму қабоил даъвои маданияти қадима ва миллати ориёӣ кунем?...

Ин хеле барвақт буд. Дар давроне, ки ҳоло автоматҳо силсилакушоӣ доштанду бархе аз нависандаву сарояндаву журналисту таърихшиносонамон бо таппонча гашта, баъзе ҳатто мисли авом «буққагӣ» ҳам мекард.

Чун дар бораи буққагиҳои авом ва насли ҷанг сухан рафт, ин далелро низ ронандаи мо маҳз дар Саразм гуфт, ки;

-Он солҳо аксарияти қумандонҳои силоҳшӯр ҳатто даъвои президентӣ низ доштанд. Ғаффор, Ёқуб, Аминҷон, Ибод, Насрулло, Чолов, Ҷага, Нурӣ, Давлат Исмон, Искандарову Гитлерҳо…оё даъвои қудрат надоштанд? Маҳмуд Худойбердиев-ку савори тонк вориди пойтахт шуданӣ буду Абдумалик Абдуллоҷонов болои апси сафеди ғалабааш баъди террори Хуҷанд, дар марзи ҳамсоякишвар ширеш шуда монд. Ҳамин чанд сол пеш Ҳоҷӣ Ҳалим оё даъвои курсии ҳукумат накард, ки ошӯб бардошт? Шукри Худо, ки ба мақсад нарасиданд!».

Воқеан ҳам хонандаи гиромӣ, ронандаи мо дуруст нагуфт оё? Ва оё он ҳамаро фаромӯш кардаем? Тасаввурнокарданист, агар ҷанг хатм намеёфту нафаре ҷангхоҳ сари қудрат меомад. 

Ва ана акнун дар бораи антиҷанг. Яъне Сулҳ…

Шумо боре дидаед, ки миллате бо сарвараш аз Сулҳ чун аз Ғалаба ҷашн бигирад? Оре, надидаед ва дигар нахоҳед дид. Зеро дар таърихи башарият ин танҳо Тоҷик аст, ки Рӯзи Сулҳ-27 июнро чун Рӯзи Ғалабаи 9-май таҷлил мекунаду бас. Фарқиятро дидӣ, хонанда? Мо аз Сулҳ истиқбол мегирему дигарон аз Ғалаба ва Ҷанг. Вале ин маънои онро надорад, ки мо аз ҷанг бо душманони хориҷӣ метарсем. Ҳаргиз на. Наметарсем! Вале Сулҳу Ваҳдати миллиро пос медорем ва аз он бо ҷон ҳифз мекунем. Ин аллакай ҳушдор шуд. Ба онҳое, ки аз хориҷа истода орзуи ҷанг доранд. Эҳтиёт шавед, ки Мо Метавонем!!!

 

Матлабҳои дигар