Принт

Хуҷанди куҳан дар Хуҷанди муосир

 

Зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд ҳайати эҷодии Газетаи мардумии СССР меҳмони манзили истиқоматии директори хона-музейи «Эргашбойбача» ҳунарманди чирадаст Нозимҷон Усмонов шудем. Нозимҷон Усмонов хонаашро ба макони таърихи зиндаи манзилдории тоҷикон мубаддал намуда, дар осорхонаи шахсии ӯ антиквариат-антиқаи дар тӯли 21 сол ҷамъовардааш, ки муаррифии таърихи чандҳазорсолаи Хуҷанди бостонист, маҳфуз аст. 

Антиқаи 1000 сола

 Дар хона-музей 1 хонаи қадимаи тоҷикон вуҷуд дошта, дохили хона бо санъати миллӣ ороиш ёфта, бо ашёи рӯзгор ва асбобҳои мусиқӣ ҷиҳозонида шудааст. Аксари он асбобҳо мероси модаркалон ва бобояш, ки иштирокчии ҶБВ буд, ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин, худи ӯ низ аз мардум ашёи қадимаро харидорӣ намуда, дар музей ҷамъ овардааст. 

 Дар хона-музей садҳо намуди лавозимот ва ашёи қадима нигоҳ дошта шуда, аксари ашёҳо нодир ва баъзе таърихи зиёда аз 1000-сола доранд. Навъҳои гуногуни кӯза, табақҳои сафолин, қошуқи чубин, табақҳои аз чӯб сохташуда, чанд намуди танӯр, оташдони давраи қадима, сабадҳои гуногун, обдастаҳо, ҷувози майда ва калон, кафшҳои қадима, тарозуи давраи қадим, лаҷом ва зин барои асп, асбобҳо барои шудгори замин, ба монанди чок, бел ва омоч, либосҳои қадима номгӯи ашёҳоест, ки дар хонамузей нигаҳдорӣ мешавад. 

 Бояд гуфт, ки дар саҳнаи ҳавлӣ аробаи асп ва 1 чоҳ мавҷуд мебошад. Маълуму машҳур аст, ки оби ошомиданӣ дар Хуҷанд ва акнофаш вазнин ва каммазза аст. Аммо обе, ки усто Нозим аз чуқурии 30 метр баровардааст, обест баробар ба ҳадди набот: сард, ширин ва хуштамъ. Шояд дар оянда барои мардум аз чунин чоҳҳо об кашанд? Мисле, ки дар Душанбе чунин мекунанд-чоҳҳои ортезианӣ. 

Ретро-мастер!!!

Девори хона бо санъати меъмори коҳлой панҷакаш шуда, дар кунҷи хона 1 устохонаи челонгарӣ ва мисгарӣ бунёд гардидааст. Дар рӯи ҳавлӣ як кати чӯбин гузошта болояш оро дода, дар қитъаи замини наздиҳавлигӣ дарахтони мевагӣ ва сояафкан шинонда шудааст.

   Диққати моро бештар автомашинаи ГАЗ-21, ки соли бароришаш ба солҳои 1960-и асри гузашта рост меояд, ба худ ҷалб кард. Нозимҷон тасмим гирифтааст ҳар 1 таҷҳизоти онро худаш аз рӯи намунаи он солҳо сохта тайёр карда, пасон автомашинаро ҷамъ намуда, ба кӯча барорад. Воқеан ҳам ин автои нахустин нест, ки тариқи ретро эҳё мегардад. Усто Нозим ҳунари хуби эҳёгарии мошинҳои антиқаро дорад. Қанд занад. Метавонад!

Ошиқи таъриху антиқа

   Нозимҷон Усмонов, ки зодаи Ҷамоати Ёваи ин.Бобоҷон Ғафуров аст, аз синни наврасӣ ба таъриху антиқа меҳру муҳаббати хосса дошта, сар аз тангаву миссу нуқра ва сӯзаниву сарулибоси куҳану китобҳои дастнависи нодир то нимпайкараву парчаму рамзҳои давраи шӯравиро дар осорхонаи хеш ҷамъ оварда, онҳоро барои оянда нигоҳ медорад. Ин шуғли дӯстдошта, ба қавле хоббӣ буда, мегӯяд, ки дар вақти фориғ аз тиҷорат аз 1 деҳа ба деҳаи дигар гашта, аз мардум ашёи қадима ҷамъ мекунаду мехарад ва мардум низ кайҳо ба ин шуғлаш одат карда, гоҳ-гоҳе аз ночорӣ ашёҳои қадимаро ба фурӯш меоранд. Ӯ ҳамзамон чандин кутуби аҳди қадимро харидорӣ кардааст, то ин ки аз Тоҷикистон берун нараванд. Фарзи мисол, барои 1 китобаш ба усто 10 ҳазор доллари амрикоӣ пешниҳод карданд, вале ӯ надод. Зеро ҳифзи осори таърихии ниёгонро бартар аз пул медонад!

Коллексионер ва қаннод

Усто Нозим садҳо нимпайкарача-бюст ва ҳайкалчаҳои асосгузорони Марксизм-Ленинизмро низ ҷамъ кардааст. Бовар кун, хонанда, даҳсолаҳо ба баъд чунин пайкарачаҳоро танҳо дар хонаи ӯ метавонӣ дарёбӣ. Зеро бо усули варваризм мо ҳама ин маданиятро маҳву нобуд сохтаем.

Бояд гуфт, ки Нозимҷон Усмонов дар баробари ҳунармандӣ барои шуғли доимии аҳли хонавода ва хешовандонаш коргоҳи хурди қаннодиро бо номи «Ширин» таъсис додааст, ки он дар таҳхонаи манзили зисташ ҷойгир буда, 10 нафар бо кори доимӣ таъмин мебошанд. Дар коргоҳ навъҳои гуногуни шириниҳо омода ва ба мизоҷон манзур карда мешавад.

   - Борҳо шудааст, ки ин ё он тоҷири рус ё аврупоӣ мехостанд китобҳои қадима ва баъзе аз ашёҳоро бихаранд ва ҳатто пули калон низ ваъда карда буданд. Вале ҳар яки ин ашё бароям азиз аст ва ҳеҷ гоҳ намегузорам, ки он аз хоки Ватан берун равад. Барои зиндагониям ҳамин сехи қаннодӣ бас! -мегӯяд Нозимҷон.

  Шуғле, ки усторо ҳамнишини президентон гардонид

 Ин дилбохтаи антиқа бо намоиши хона-музейи хеш борҳо дар намоишгоҳҳои калон чӣ дар Душанбеву чӣ дар Тошканд ширкат варзида, хонаи тоҷикии ӯ ба Президенти ҶӮ Шавкат Мирзиёев ва Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон хеле писанд омадааст. Айни замон бошад ӯ барои омода сохтани хонаи тоҷикӣ ва 6 дӯкони ҳунарҳои мардумӣ дар Панҷакент бахшида ба чорабиниҳои ҷашнии 5500 солагии Саразм, ки муваззаф аст, омодагӣ мебинад. 

   Нозимҷон Усмонов дар сӯҳбат қайд намуд, ки аз хона-музеяш ҳамасола садҳо нафар сайёҳон, аз ҷумла сайёҳони хориҷӣ боздид карда, бо намунаҳои санъати миллии тоҷикон шинос мешуданд. Аммо имсол бо сабаби паҳн ва хуруҷи бемории сироятии COVID-19 қариб, ки сайёҳе наомад.

   Воқеан ҳам хона-музейи «Эргашбойбача»-и ҳунарманди чирадаст Нозимҷон Усмонов диданист ва агар ҳар касе қадамаш ба Хуҷанд расаду мехоҳад бо Хуҷанди асил, Хуҷанди бостонӣ, Хуҷанди амирӣ, Хуҷанди уездӣ, Хуҷанди даврони советӣ, Хуҷанди муосир ошно гардад, бояд ҳатман аз он дидан кунад. Мо кардем! Зеро Мо метавонем! 

«А вам слабо???»

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

Душанбе-Хуҷанд-Душанбе

 

 

 

 

 

Матлабҳои дигар