Принт

НАҚБИ «ИСТИҚЛОЛ»: ОҒОЗИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ

 

Таври маълум дар Тоҷикистон ҳафтаи нишастҳои матбуотӣ шуруъ шуд, ки дар бархе маврид вазирону раисони ба гуфтаи Бобои Ғулом «аскари гумном»-гаштаро низ пайдо кардем. СССР тасмим гирифт, чу шингил аз хуша, намунаеанд аз ин нишастҳоро пешкашат созад, хонанда. Мо метавонем!

НАҚБИ «ИСТИҚЛОЛ»: ОҒОЗИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ

Худоёр Худоёрзода, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ вобаста ба суоли хабарнигори Газетаи мардумии СССР дар мавриди оғоз гардидани корҳои таъмирӣ, васлу насби системаҳои ҳавотозакунӣ ва рӯшноии нақби “Истиқлол” ва набудани роҳҳои велосипед дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе посух гуфта, аз ҷумла қайд намуд, ки «Ёддошти тафоҳум» байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди таъмири минбаъдаи нақби “Истиқлол” ба имзо расида, дар парлумони кишвар тасдиқ гардидааст. 

- Маблағи умуммии таъмир 11 млн доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки 50 %-и он саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Корҳои лоиҳакашӣ дар ин самт идома дорад ва бо фароҳам омадани имкони мусоид корҳои сохтмони дар ин нақб оғоз мегардад. Вобаста ба суоли  2-юм масъулини вазорат қайд намуданд, ки дар бисёр лоиҳаҳои таъмир ва сохтмонӣ набудани роҳҳои махсус барои дучарха мавҷуд аст, ки дар оянда ислоҳ мегарданд, афзуд вазир.

Исмоилҷон Маликов, СССР

 

СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ АЗ 17 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

Маҳмадисуф Имомзода, Вазири маориф ва илми ҶТ дар нишасти матбуотии ниҳоди зертобеаш, ки 17.07.2020 сурат гирифт, гуфт, соли нави таҳсил дар муассисаҳои таълимии мамлакат  аз 17 август шурӯъ мегардад.

- Мо барои боз ҳам касбӣ шудани донишҷӯёни донишгоҳҳои кишвар дар солҳои оянда соатҳои ихтисосиро дар рафти таълим зиёдтар ба назар мегирем, афзуд Имомзода

Мавриди зикр аст, ки рушди устувори соҳаи маориф аз афзоиши маблағгузории он вобастагӣ дорад. Хароҷоти соҳаи маориф дар соли 2020 барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 299 млн. 223 ҳазор сомонӣ, таҳсилоти умумӣ 2 млр. 838 млн. 590 ҳазор сомонӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ 75 млн. 499 ҳазор сомонӣ, таҳсилоти миёнаи касбӣ 222 млн. 365 ҳазор сомонӣ, таҳсилоти олии касбӣ 781 млн. 516 ҳазор сомонӣ ва барои дигар хароҷотҳо 787 млн. 460 ҳазор сомониро ташкил намудааст. 

Шералӣ Давлатов, СССР

 

ХАТЛОН: АҲОЛӣ ВА ҶИНОЯТКОРӣ АФЗОИШ ЁФТААСТ

Сарраёсати Агентии омори назди Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон, рӯзи 16.07.2020 бо хабарнигорон нишасти матбуотӣ баргузор намуда, Қурбоншоҳ Ҳакимзода, сардори Сарраёсати мазкур ба суоли хабарнигори СССР нисбати шумораи аҳолӣ ва ҷинояткорӣ дар 6 моҳи соли аввали равон посух дод.

Гуфта шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2020 аҳолии вилояти Хатлон ба 3.350.000 нафар расид, ки нисбати ҳамин давраи 2019, 44.211 нафар зиёд аст.

Дар нимсолаи якуми соли 2020 дар вилояти Хатлон 3488 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, аз ин 617 ҷиноятҳои вазнин ва 1130 ҳодисаҳои дуздиро ташкил медиҳанд.   Ҷиноятҳои куштори бадқасдона ва сӯиқасд ба куштор 12 ҳолат кам шудааст..

Баҳодур Уроқов, Хатлон

 

ХАТЛОН БА ПИЗИШКОНИ БОТАҶРИБА НИЁЗ ДОРАД

Мирзоалӣ Раҷабзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон рӯзи 15.07.2020 зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки беморхонаҳои тамоми шаҳру навоҳии вилоят ба пизишкони ботаҷрибаи оилавӣ, чашм, кӯдак ва рӯҳшиносон ниёз дорад.

- Мутаассифона пас аз пайдоиш ва авҷу хуруҷи бемории сироятии COVID-19 шумораи умумии гирифторони бемории илтиҳоби шуш дар вилоят 717 нафарро ташкил дода, 15 нафар фавтиданд. То имрӯз 26 нафар корманди соҳаи тандрустии вилояти Хатлон аз бемории илтиҳоби шуш фавтидааст, ки аз он 14  нафар табиб, 8 нафар  корманди миёнаи тиб, 2 нафар дигар кормандони хурд мебошанд. Айни замон дар вилояти Хатлон вазъи гирифторшавиии сокинон ба бемории илтиҳоби шуш ва каронавирус коҳиш ёфтааст, аммо сокинон бо ҳисси масъулиятшиносӣ чораҳои бехатариро бояд риоя кунанд, таъкид дошт Мирзоалӣ Раҷабзода.

Баҳодури Абдусалом, СССР

 

СОҲИБОНИ 159 ИНШООТ ҶАРИМА ШУДАНД

Бино ба иттилои Нурулло Бояков, сардухтури Маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологии вилояти Хатлон дар 6 моҳи соли аввали соли 2020 аз ҷониби кормандони Маркази мазкур 159 иншооти гуногун бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи санитарию гигиенӣ муваққатан баста шудаанд. 

Дар ин давра оид ба риояи талаботи санитарию эпидимиологӣ дар 2890 иншоот, мағозаю ошхонаҳо ва дигар дӯконҳо санҷиш гузаронида шуда, барои риоя нагардидани талаботи санитарию эпидемиологӣ нисбати 1 348 нафар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳоро ба маблағи 283.523 сомонӣ ҷарима кардаанд. 

Дар рафти санҷишҳо аз дӯкону мағозаҳоии фӯруши маҳсулоти хӯрокворӣ, бозору нуқтаҳои савдои шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби мутахассисон ба миқдори 7.627,4 кг маводи пастсифату мӯҳлати истифодаашон гузашта аз муомилот бозпас гирифта шуд.

Баҳодури А. СССР, Хатлон

 

НАФАҚА ҲАМ АЗ ҲИСОБИ 25% ВА ҲАМ АЗ 1% АСТ!

Давлатзода Дилмурод Ашурбек-директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотии ин ниҳод, ки 21.07.2020 баргузор гардид, вобаста ба суоли хабарнигори СССР оиди таъини нафақа гуфт, ки барои таъини маоши бознишастагӣ асосан 2 сарчашма аст: 

-Якум, аз андози иҷтимоии 25% (оне, ки корфармо пардохт менамояд) ва дуюм аз ҳисоби 1%-е, ки аз худи шаҳрванд аз маошаш ҳар моҳ пардохт месозад. Яъне ҳангоми таъини нафақа ҳам 25% ва ҳам 1% ба назари гирифта мешавад, - таъкид дошт Давлатзода Дилмурод Ашурбек.

Дар ин нишаст хабарнигори ҳафтаномаи СССР пешниҳоди хонандагони ҳафтаномаро дар мавриди баъди ба нафақа баромадан якуякбора пардохт гардидани 1% маош ба нафақагиронро ба самъи масъулин расонид. Давлатзода Дилмурод дар бобат зикр намуданд, ки нафақагир метавонад якуякбора то 1800 сомонии дар суратҳисоби нафақавӣ ҷамъшударо бигирад. 

И. Малик, СССР

 

ПРОКУРАТУРАИ ХАТЛОН:77 ҲОДИСАИ ХУДКУШӣ ДАР 6 МОҲ

Дар 6 моҳи аввали соли равон дар ҳудуди вилояти Хатлон 77 ҳодисаи худкушӣ ва суиқасд ба худкушӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Прокурори вилояти Хатлон Абдураҳим Раҳимзода ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод.

- Аз 77 ҳолати ба қайд гирифта шуда 61 нафар фавтид, ки аз он 26 нафар зан, 35 нафари дигар мард буда, 17 тани боқимондаро ноболиғон ташкил медиҳанд. Омилҳои даст ба худкушӣ задан пас аз муноқишаҳои оилавӣ, бо сабаби бемории руҳӣ ва дар ҳолати сархушӣ муқаррар гашта, бештари чунин ҳодисаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Левакант, Вахш, Ёвон ва Дӯстӣ ба қайд гирифта шудааст. 

У. Баҳодур, СССР

 

8157 ПАДАРУ МОДАР ҶАРИМА ШУДАНД

Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди олии ҶТ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод, ки шумораи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба риоя накардани Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд” дар нимсолаи аввал  8157 ададро ташкил намуд. Нисбати 3203 нафар ҷазои огоҳӣ ва нисбати 4140 нафар ба маблағи умумии 666455 сомонӣ ҷазои ҷарима таъин карда шудааст.

Малики Исмоил, СССР

 

ҶАРИМА БА ОЗОДИИ БАЁН ХАЛАЛ НАМЕРАСОНАД

    Мо ҷаримаро барои истифода накардани ниқоби тиббӣ мисли Россия, Хитой ва дигар кишварҳо тавассути ворид намудани тағийроту иловаҳо ба 1 қатор қонунҳои кишвар ба роҳ мондем. Чунин қонун ва талабот айнан дар давлатҳои ҳамсоя пеш аз мо ҷорӣ гаштаанд. Ин нуқтаро Иззатулло Саидзода, директори Маркази миллии қонунгузории ҶТ зимни нишасти матбуотӣ зикр карда, изҳор намуд, ки қонуни қабулнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истифодаи ниқоби тиббӣ барои шаҳрвандон ва паҳни иттилои бардуруғ нисбати COVID-19 бар нафъи худи мардум аст. Аммо ӯ ба масъалае, ки маоши шаҳрвандони мо аз шаҳрвандони дигар давлатҳо фарқ мекунад ва ин омил дар пардохти ҷарима хеле ҳам нақши муҳимро мебозад, посухи мушаххас надод. 

Шери Давлат, СССР

 

Матлабҳои дигар