ХАБАРИ ДОҒ

Раҷаббой Аҳмадзода: Барои мардуми вилояти Суғд созандагӣ шараф ва ободкорӣ масъулият аст!

  • Чоршанбе, Авг 05 2020

 

 

Эмомалӣ Раҳмон: «Бовар дорам, ки сокинони бонангу номуси вилояти Суғд дар оянда низ барои рушди давлати соҳибистиқлоли худ содиқона заҳмат кашида, дар пешрафту ободонии Ватани азизамон саҳми арзанда мегузоранд!».

Оғози бобарор: нияти пок-ҷавҳари фаъолият

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ва соҳиби ваҳдат буданҳо бо таваҷҷуҳу дастгириҳои пайваста ва ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар вилояти Суғд баҳри пешрафту тараққиёти ҳамаи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ нақшаву барномаҳои мукаммал амалӣ гардида, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳо, тадбирҳо, амалҳои ободониву бунёдкорӣ, афзун гардонидани дастовардҳо бомаром идома меёбанд. Дар ин раванди саодатбор азму субот, кӯшишу ғайрат ва иқдому тадбирҳои амалии ба рушду пешрафт мусоидаткунандаи Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода натиҷа, самара ва падидаҳои неку дилхоҳи талабот ба бор меоваранд.

Вақт-баракату комёбиҳо

Дар асоси дастуру супоришҳо, дар партави ҳидоятҳои Президенти маҳбубамон роҳу равиш, иҷрои кору вазифаҳои хизматиро муайян кардану ба ҷо овардани Раҷаббой Аҳмадзода-дар вазифаи Раиси вилояти Суғд аз 13-уми январи соли 2018 то ба имрӯз, аниқтараш 2 солу ҳафт моҳ, ин фарди некӯниҳод, шахсияти навовару роҳбари муваффақ ҳамчун мутахассисе, ки тарҳи бинои дастовардҳоро бо нозуктарин ҷузъиёташ мекашад, мардуми вилоятро барои комёбиҳои нав ба нав ҳидоят ва роҳбариву сафарбар намуда меояд. Давоми, бо ифодаи дигар, беш аз 1010 рӯзи фаъолият дар маснади Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода марҳалае, ки имрӯз мо дар он қарор дорем, аз нигоҳи муҳаққиқон, марҳалаи рӯ ба тараққӣ, пешрафт, дастоварду комёбӣ, андешаи бунёдист. Фаъолияти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз рӯзҳои аввали корбарӣ самти диққату назари худро ба марҳалаи нави рушди вилоят дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа нигаронда, ҷиҳати амалӣ намудани афзалиятҳои муайянкардаи Ҳукумати мамлакат дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, саноат, маориф, тандурустӣ, обёрӣ, муҳити зист, обтаъминкунӣ, сохтмони иншоот ва дигар бахшҳо азму субот нишон дода меояд. 

Сафарҳои пурбор

Дар сафарҳои кории худ Раиси вилоят дар шаҳру ноҳияҳои вилоят-Хуҷанд, Истаравшан,Панҷакент, Конибодом, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Шаҳристон ва Айнӣ бо меҳрубониву дилгармӣ, хайрхоҳиву самимият бо мардуми заҳматкаш мулоқоту вохӯриҳо анҷом медод. Ҳамзамон бо рафти корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни таърихиву миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуда, барои равнақи тадбирҳои нав дастуру супоришҳо ва вазифаҳои нав ба нав пеш меовард. Аз ҷумла, дар сафарҳои марҳала ба марҳала анҷом додаи худ Раиси вилоят дар ноҳияҳои Мастчоҳ ва Ашт бобати дастрасии хоҷагиҳои деҳқонӣ ба оби полезӣ, ҷалби ҷавонон ба варзиш эътибори алоҳида дода, дар деҳаи Меҳрободи ноҳияи Ашт майдончаи хуби варзиширо ифтитоҳ намуда, 24 соат ба кори пурмаҳсул шуғл доштанро барои худ ва дигар масъулин амали маъмулӣ тақозо дошт. Аз ин лиҳоз, дар меҳвари асосии ташаббуси «1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сафарҳои кории Раиси вилоят ба ҳамаи 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд босамару пурвусъат қарор гирифта, натиҷаҳои нек ба бор оварданд.

Заҳмати содиқона – башорати дастовардҳо

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоту суханрониҳояшон пайваста таъкид менамоянд:

 «Ҳар яки шумо, роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, сохтору мақомот ва фаъолон вазифадоред, ки мардумро ба заҳмати созандаву ободгарона раҳнамоиву сафарбар намоед ва дар ин ҷода, пеш аз ҳама, худатон намунаи ибрат бошед». Ва ин таъкиду ҳидояти Пешвои маҳбубамон меҳвари рисолати кору фаъолияти Раиси вилояти Суғдро қавиву устувор гардонида, дар самти татбиқи ҳадафҳои нусратбор падидаи нек касб намуд. 

23.01.2019. Раиси вилоят дар машварати корӣ таъкид намуд, ки меҳвари саноатикунонии босуръати мамлакат ин пешрафту рушди истеҳсолоти ватанӣ аст.

Баҳри беҳтар намудани фазои инвеститсионӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корҳои мушаххас ба сомон расонида шуда, аз ҷумла дар моҳҳои январ-сентябри соли 2019 ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 312 миллион доллари ИМА сармоягузориҳо, аз ҷумла 281,3 миллион доллар сармояи хориҷӣ ва 30,7 миллион доллар сармояи дохилӣ ҷалб гардид, ки нисбат ба ҳамин даври соли 2018-ум 1,1 баробар зиёд мебошад. Дар вилоят 18 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гашта истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда дар доираи ин лоиҳаҳо 207,8 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Дар моҳҳои январ-декабри соли 2019 корхонаҳои саноатӣ якҷоя бо соҳибкорони инфиродӣ ба маблағи 12888,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Ҳаҷми истеҳсол назар ба соли пеш 112,9 фоизро ташкил дод. Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2019 дар қиёс бо соли пеш 8,1 фоиз афзуд. Дар дигар самтҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ пешрафту рушди устувор падид омаданд. Масалан, ҳамасола аз буҷети вилоят то панҷоҳ - шаст километр роҳҳо бунёд карда мешаванд.

Ранҷ накашӣ-ганҷ набинӣ…

Аз оғози соли 2020 дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо раванди сабзкориву гулшинонӣ саросарӣ маҷрои тоза гирифт. 1 иншооти фарҳангиву фароғатӣ- Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар маркази вилоят – бо бунёди басо вусъатманд нақш дар таҳкими худшиносии миллӣ монд. Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Хуҷанд Раиси вилоят корҳои созандагиро дар ин мавзеъ борҳо таҳлилу баррасӣ намуд. Ниҳоят ҳама шоҳиди он гаштем, ки Пешвои муаззами миллат ҳангоми ташрифашон ба вилоят, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд баробари ифтитоҳи як қатор иншоот ба фаъолияти Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ҳусни оғоз бахшиданд. Ва имрӯз ин боғи дилкушову маърифативу маънавии нусратафзо маъвои худшиносӣ буда, ба дилҳо сурур мебахшад.

Дар моҳҳои январ, феврал Раиси вилоят ба шаҳру ноҳияҳои Исфара (шаҳраки Шӯроб), Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ сафари корӣ анҷом дода, бо раванди корҳои созандагӣ: иншооти фарҳангиву иҷтимоӣ, бинои истиқоматӣ ва амсоли инҳо шинос шуда, баҳри тақвияти корҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод. Натиҷаи азму субот фараҳбахш нақш гирифт. Дар рафти сафари навбатиашон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят дар Ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кӯдакистони замонавӣ ва майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд, ки башорат аз корҳои созандагӣ дар масири худшиносиву азму субот медиҳад.

Мушкили COVID-19

Вазъияти ҳаёти ҷомеа, ки бо паҳншавии бемории сироятии нав алоқаманд гардид, доираи фаъолияти Раиси вилоятро баҳри пешгирии COVID-19 боз ҳам густариш дод ва дар низом нигоҳ доштани соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят аз рӯзҳои нахустини пайдоиши ин беморӣ ҳамаи тадбирҳои муҳофизӣ ва пешгирикунанда амалӣ карда шуданд. Дар ин масир корҳои бунёду ба истифода додани беморхонаҳо ва муассисаҳои муолиҷавӣ вусъати нав гирифтанд. Мо шоҳиди он гардидем, ки дар Ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бемористони сироятӣ ва дигар иншоотро дар доираи сафари кориашон ба вилояти Суғд Пешвои муаззами миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат оид ба коркарди меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон, Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолият ва рафти корҳои корхонаҳои коркарди меваҷот ва истеҳсоли консерва дар шаҳри Хуҷанд шинос шуд. Фаъолияти бомаром ва корҳои бонизому муваффақонаи ҶДММ «Сирдарё»-ро мавриди таҳлил қарор дод. Дар вилоят кунун 16 корхонаи консервбарорӣ фаъол буда, мувофиқи дурнамо, имсол беш аз 21 млн қутии шартӣ афшураҳои мевагӣ ва консерва истеҳсол мешавад. Ин ҳама аз ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон сарчашма мегиранд. 

Умуман, дар меҳвари асосии ташаббусҳои пурвусъат - тадбирҳои амаливу накӯ, минҷумла «1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сафарҳои кории навбатӣ, мулоқоту вохӯриҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳамаи 18 шаҳру навоҳии вилоят пурсамару муваффақ падид меоянд. 

Иқдоми созанда

Иқдомҳои Раиси вилоятамон Раҷаббой Аҳмадзода, кору пайкори пайваста, мусоидат ба ҳалли мушкилот, таъмини муташаккилонаи азму субот ва дигар паҳлуҳои фаъолияти доманадори ин шахсияти пурсаъй, неруманду худогоҳу дӯстдори Ватани соҳибистиқлол ва миллати созанда, содиқ ба сиёсату ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, амалигардони ҳадафҳои Ҳукумати кишвар дар оинаи ҳаёти ҷомеа софу шаффоф, бонуру муҷалло нақш доранду дар авроқи рӯзгори мардум сабт шудаанд.

…Боқӣ чӣ нависем? Танҳо ба ин фарди пурғайрат, заҳматписанд ва таҳаммулпазир дар иҷрои вазифаи пурмасъулият, тадбирҳои ҳадафафзо ва комёбиҳои хизматиаш барору пешрафт менависему барояш нерӯмандӣ таманно менамоем. Мо Метавонем!

 

М. АБДУЛЛОЕВ,

Ф. АТОХОҶАЕВ,

аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон,

махсус барои СССР

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter