ХАБАРИ ДОҒ

Нафақа ба мо дахл надорад!

  • Чоршанбе, Авг 05 2020

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «Нафақа-баробари 1 халта орд…»-и Мубораки Қосимро, ки дар нашри №26 (615) аз 9 июли соли 2020 ба табъ расидааст, мавриди омӯзиш қарор дод.

Масъалаи марбут ба таъмини нафақаи шаҳрвандон, тибқи Фармони Президенти ҶТ аз 19.11.2013, №12 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ваколати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ иртибот дорад. Вале дар мақолаи мазкур масъалаи нафақаи шаҳрвандон таҳлил шуда, дар он акси Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Гулрӯ Ҷабборзода оварда шудааст.

Бинобар ин ҳафтаномаи СССР-ро зарур аст, ки дар шумораи навбатӣ дар асоси Фармони Президенти ҶТ аз 7.02.2009, №622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбои омма» иштибоҳи мазкурро ислоҳ ва дар ин хусус хонандагонро огоҳ намояд.

Муовини вазир: 

Н.Маҳмадуллозода

Аз редаксия: Муҳтарам Маҳмадуллозода! Нахуст сипос аз он, он ки вокуниши оҷилӣ нишон дода, ба мо ин мактуби эътирозии хешро ирсол кардаед. Кош, ба матлабҳои қаблан нашршуда дар мавриди мушкилоти кору муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ки борҳо дар саҳифаҳои Газетаи мардумии СССР бо акси вазир Гулрӯ Ҷабборзода нашр шудаанд, ҳамин тавр вокуниш нишон дода, посухҳои мушаххас мефиристодед. Боз ҳам дар интизори ҷавобҳои шумоем!

Дигар ин ки ин эътирози шуморо ба назар гирифта, ҳатман минбаъд проблемаҳои ба соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ вобастаро бо акси Гулрӯ Ҷабборзода нашр хоҳем кард. Мо метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter