ХАБАРИ ДОҒ

Шояд луғатдонону забоншиносон бо ман баҳс кунанд, вале ба пиндори ман, вожаи Хусур (хисър) қаробате бар калимаи Хусрав (хисрав) дорад! Хусури хонадон, яъне Хусрав ё худ Шоҳи хонадон!!! Дар фарҳанги табордории мо воқеан ҳам роли Хусур вежа аст. Аз эҳтиромоти хос бархурдор аст, подшоҳи хонадон аст ва агар таваҷҷӯҳ кардаед, хеле кам домоди тоҷик ҳини ҷангу ҷанҷол бо занаш, хусурро дашному сақат мегӯяд (Хайр, биёед, дурӯғ нагӯем(д), ки дар хонадони мо ҳаргиз ҷанҷолу дашному сақат нест!!!)…

Зимнан мехоҳам дар бораи Хусурам, Хусрави хонаводагиям, худобиомурз Эшони Мизроб нависам, ки дар арафаи Иди Қурбон, дар синни таки 80-солагӣ,  ба раҳмати Ҳақ бупайваст (23.07.2020). Дуруст аст, ки матлабро бояд дар зиндагонияш менавиштам, хосатан дар ҳоле, ки мухлиси ашаддии газетаи мардумӣ буду узви Ихвон ал СССР ва  ҳар шумораи моро ҳиҷҷа карда мехонд. Ёдам ҳаст, ки чанд сол қабл омаду гуфт, «эшон (маро доиман чунин ном мегирифт) чашмонам хира шудаанду бе газетаи СССР наметавонам, ба додам бирас!». Ин нахустин бор буд, ки Эшони Мизроб хоҳише аз ман мекард! Ва боз на ҳамчун домод, ки чун сардабири газетаи дӯстдораш, то СССР бихонад. Мо низ ҳамроҳи фарзандонаш талош кардем, то нури чашмонашро баргардонем ва то дами марг СССР хонд…

Инсони Бузург бо ҳарфи калон буд! Ҳама медонаду намегӯяд, вале ман чун узви ин табор хоҳам гуфту навишт, ки эшонзодаҳо андаке кибру ғурур доранд: 

-Ифтихори, дар бархе маврид, аз ҳадди марзи пиндор берунатарак аз табордории хеш! 

Мушаххасан муайян аст, ки бо пушти падарӣ, эшонзодаҳои Балҷувону Данғара то ҳазрати Сарвари Коинот ва Кулли мавҷудот (с.) мерасанд. Ин факти собитшудаасту пирони кӯҳистони ин сарзамин ин моҷароро нек медонанд ва ман сари мавзуъ баҳс карданӣ нестам. Вале бобои Эшони Мизроб аз ин ғурур тамоман орӣ буд! 1 марди Худотарсу Худододу Яздонпараст буду медонист, ки «гӯсфандро аз пои худашу бузро аз пайи худаш меовезанд!». Тамомии умри пурбаракот аз обилаи кафи даст нон мехӯрд ва чӣ нони ҳалоле!

Дар Данғара, ки ба сар мебурд, ҳама ӯро мешинохт ва иззат мегузорид, барои ҳалолкорӣ, ҳалолрафторӣ, ҳалолгуфторӣ ва ҳалолхӯрӣ. То Президенти ҶТ ӯро мешинохт ва ҳурмат мекард. Худобиомурз Акои Нуриддини Раҳмон то лаҳзаи фавт намози идайнро бо ҷамиъи бузургзодагони ноҳия дар ҳавлии хусури Хусури ман мегузориданд! Ва ин ҷои пинҳон кардан нест. Вале Эшони Мизроб ҳаргиз бо табораш кибру ғурур накарда буд. 

Заминӣ, ки буд, бо ҳама як буд. Бар илм арҷ мегузошт ва дар намозу дуову дурудҳо пешдаро намешуд. Бо халқ баробар буду хеле хоксор ва ин аст, ки ҳама дӯсташ медошт! Метавонам бигӯям, ягон душман дар ин ноҳия надошт ва агар хатоеву дағое дар ҳаққаш мегуфтанд, эшонзодаҳое мегуфтанд, ки аз ин хоксорияш рашкашон меомад…

Замонбин буд! Вақте ҷанги гражданӣ сар шуд, ба ҷанг рафт. Ва ин амалаш сабаб дошт. Ҳар нафаре фикр мекунад, ки тарафи муқобили оппозитсия сирф сулҳхоҳ буду бе каму кост, сахт иштибоҳ менамояд. Ҷанг дар фронти халқӣ низ сабаби таваллуди каллабуру дузду авбошу беспределҳо шуда буд. Онҳо, кам ҳам бошанд, вале мардуми бегуноҳро қатлу ғорат мекарданд ва демократу дигарандешу намозхонҳоро бо тамғаи «вовчик» азият медоданд. Бобои Эшони Мизроб ин моҷароро дида, ба даст силоҳ гирифт ва аз Норак то Ғарм ҷони садҳо, ҳазорон норакиву ваҳдативу файзободиву ғармиву тоҷикободиро харид. Дар штаби Сангак ва Ҷӯрахон Орифов шомил шуд ва ба оҳистагӣ, бо мулоиматӣ, ба саркардагони фронти халқӣ фаҳмонид, ки ҷанг тамом мешаваду тоҷикиятамон, миллатамон, ҳувиятамон, мазҳабамон бояд боқӣ монад. Шахсан шоҳид будам, ки баъди ҷанг мардуми зиёде зиёраташ меомаданду мегуфтанд, ки сабаби зинда монданашон Эшони Мизроб будааст.

Баъди ҷанг, зиндагонияш хеле сангин шуд ва ба Русия ба мардикорӣ рафт. Дар синни 60-65-солагӣ!!! Зеро аз ҷанг ғанимати ноҳаққ наситонид, аз мақомаш дар фронти халқӣ суистифода накард, аз рутбаи Эшонияш корбаст нанамуд. Нони ҳалол, ки мехӯрд, чанд соле дар Русия мардикорӣ, муздурӣ, гастербайтерӣ кард ва зану фарзандашро аз азияти гуруснагиву дастнигарӣ раҳонид.

Кафшергар- «сварщик»-и №1 буд, ки ба масали ғулуе, чашми мӯрро дар сари малах васл менамуд. Имрӯз низ маҳсули заҳматаш Данғараро оро медиҳанд. Чанд раисе ҳаққи хизматашро надод, анде дод, зумрае ваъдаи хомаш карданду тӯдае фиреб…Ҳамаро бахшид, зеро мегуфт «Худо бахшанда аст!».

Ҳар гоҳе меҳмонам мешуд, фикр мекардам, Падарам-эшони Мизроби писари Эшон-бала ба хонаам ташриф овардааст. Бар ман 2 ҳақ дошт:

1.Падарӣ ва;

2.Хусурӣ

Вале ҳич гоҳ аз ин ҳуқуқҳояш истифода намебурд. Фарзандвор ва ҳатто бештар аз фарзандонаш дӯстам медошт ва падарвор, хусурвор, хусраввор дӯсташ медоштам ва то ҳастам ин ҷурм, гуноҳ, хатоямро нахоҳам бар худ бахшид, ки…

-Дар зиндагонияш ин ҳарфҳоро дар борааш нанавиштам…

Рӯҳат шоду хонаи ахиратат обод бод, Бобои Эшони Мизроби Мунискулӣ. Омин ё Раб-ул-ъоламин…

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter