ХАБАРИ ДОҒ

Ҷавонони навкурсӣ газета мехонанд?

  • Чоршанбе, Авг 19 2020

Ҷаноби навтоҷики амалдор, нахуст, шод шудам, ки бандаи гандаро ба ёд оварда, занг зада бо оҳанги амру ҳарфи хитоб фармудед:

   -Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба шумо занг мезанем! Дар муддати 6 моҳ чанд маводи танқидие, ки дар саҳифаи матбуот ба чоп расондед, бо номгӯю нишондоди маъхазҳо худи ҳамин рӯз, фавран ба мо расонед!!! «Фармонро муҳокима не, балки иҷро мекунанд!” ва телефон хомӯш гардид.

 Ҷаноби соҳибкурсӣ, камбудиро гуфтан бадгӯӣ ё бахилӣ нест, оқил аз танқид хулосаи мусбат мебарораду ҷоҳил баракс. Ба умеди он ки вазъият, ҳолат ва шароит хуб шавад, ҷумлаҳои гилаомез, яъне танқидӣ менависам, мехоҳам, ки мулкам боз ободтар шавад. Дар навиштаҳоям ягон маротиба алфози фаҳшу баду ногуворро кор нафармудаам, яъне касеро ҷоҳил, муғамбир, мағрур, нохалаф, беадаб, нобакор ва ғайра нагуфтаам ва кӯшиш мекунам, ки минбаъд низ ҳарфи бадро ба забон наорам, вале бо дарду иллати рӯзгорамон ҳеҷ оштӣ шуда наметавонам. 

Шуморо беадаб намегӯям, фақат насиҳат мекунам, ки одоби муоширатро бояд риоя кард. Аввал, салом диҳед, ному насабро ба забон оварда, хешро шиносонед ва баъд ба сухан дароед. Фармони Шуморо иҷро накардам ва бахшиш ҳам намепурсам, зеро банда ҳисоботдиҳанда нестам, ин корро Шумо бояд мекардед, яъне тамоми саҳифаҳои матбуоти давриро ҳатман мунтазам бо диққат хонда, аз он ба мавзӯи худ мавод ҷамъ меовардед. Ба гумонам, аз болотар ба ҷанобашон амр шудааст, ки дар ҳамин мавзӯъ маърӯза ё гузорише таҳия кунанд. Шигифтии банда боз дар он аст, ки ҷавонони идоранишин худ ягон ҷарида, ба истилоҳи имрӯза “газета” мехонда бошанд? 

Бо умеди он ки лоақал “СССР”-ро мехондагистед, Ҳакималӣ Назаралиев, омӯзгор, мутахаллис ба Ҳаким Алӣ, деҳаи Ғуриёт, ш. Ҳисор, тел: 901015135

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter