Принт

Нафақаи 9 солаамро аз кӣ гирам?

Салом СССР-и азиз! Ман аз соли 1990 то соли 1995 дар мақомоти милитсия кор карда, соли 1995 ба Раёсати полиси андози вилояти Хатлон ба кор гузашта то соли 2005 онҷо фаъолият намудам. Пасон ихтиёран ба нафақа рафта, барои ин ба Раҷабалӣ Ширинов-раиси Сарраёсати полиси андози ҷумҳурӣ рапорт навиштам. Раҷабалӣ Ширинов ба рапортам имзо гузошта, он ба шуъбаи кадрҳо ва баъд аз ин ба инспектори таъйиноти нафақаи вазорат рафт. Инспектор гуфт, ки рафта аз Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон маълумотномаву имтиёзҳои давраи кориро биёрам, аммо бо сабаби кашолкорӣ Раёсат ҳуҷҷатҳои лозимаро ба ман пешниҳод накард.

Аз байн 10 сол гузашт. Бо мурури замон 1 нафар собиқ ҳамкорамро аз полиси андоз дидам, ки гуфт: “Ман ба нафақа баромадаму ту чӣ кор кардӣ?» гуфтам, ки корро соли 2005 бас карда бошам ҳам то ҳол нафақа намегирам. Тавре маълум шуд аз соли 2006 Сарраёсати полиси андоз ба Агентии назорати молиявӣ ва мубориза алайҳи коррупсия тағийри ном кардааст. Соли 2014 ба унвони сардори Агентии мазкур барои нафақа нома навиштаму он ҳал шуд, вале ман 9 соли пеш аз ин нафақа нагирифтаам ва онро бояд аз кӣ талаб кунам?

Маврид ба ёдоварист, ки банда дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ саҳм гузошта, нафақаи имрӯзаам 412 сомонӣ аст. Дар тӯли 9 сол ман 46 ҳазору 968 сомонии ҳаққи ҳалоли хешро нагирифтаам….

Тошмат Мамедов, собиқадори мақомоти қудратӣ, 

ш.Бохтар, тел: 988 32 74 61 

 

Матлабҳои дигар