ХАБАРИ ДОҒ

Касбият ва хешутаборӣ… (Ё худ вақте метарсӣ шодӣ кунӣ…)

  • Чоршанбе, Сен 02 2020

Танзими миллӣ-3

Соате ба Танзим тарсу ҳарос ва болои ин ҳама пандемия замм мешавад, вазъ воқеан хатарзо мегардад. Сӯҳбати мо сари танзими маъракаҳост, ки дар шароити пандемия бисёр сахти бад гирифтаанд. Ва на танҳо он…

Аҷиб нест, вақте садҳо ҳазор нафарро ба мактабҳои оливу миёна ҷалб мекунем,  барои маросими арӯсӣ, яъне шодиву нишот ва ё худоиҳомон ҳамагӣ квотаи 40-нафара ҷудо месозанд? 40 нафар барои 1 тӯйи тоҷикӣ чист? 20 тан аз ҷониби домоду 20-тани дигар дугонаҳои арӯс. Сарояндаву навозандаву ронандаву паззандаву газандаҳоро гирем, домоду арӯс бояд тани танҳо тарабхона раванд???

Мантиқ куҷост? Вақте дар 1 синфи танг 30-40 кӯдак «фосила» гирифта метавонанд, 100 меҳмон дар тарабхонаи барҳаво фосила намеёбанд? Ба пиндори сирф фардии ман, ки метавонад хато ҳам бошад, бо чунин Танзим+Карантин+Пандемия мо мардумро хеле асабониву дилсард кардан дорем. Ба вежа дар шароите, ки раъият худ дар тарсу ҳарос қарор дораду бемориҳои махуф даҳҳо танро аз миёни мо гулчин мебаранд, мардум бояд ШОДӢ кунад! Мардумро набояд дилхаста кард, ба вежа дар ҳамин шабу рӯзҳо. 

Маросими пандемия ва карантинро набояд ба маъракаи «сала-калла-биор!» табдил кард. Масъулин нектар аз ман медонанд, ки мардуми сарватманд ва пулдор бо ҳар роҳу васила маъракаашонро мегузаронанд. Фарзи мисол, 1 дӯстам, ки воқеан таҳрикдиҳандаи навишти ҳамин матлаб ӯст, хешу табору ёру рафиқашро 10 рӯз беш дар ресторанҳо зиёфат дод: 10-15 нафарӣ, 6-7 касӣ ва пинҳонӣ. Бо риояи меъёрҳои Танзим, албатта. Аммо дод охир!

Вале он нафаре, ки шарту шурути ин дӯсти манро надорад, чӣ кор мекунад? Ё қонуншиканӣ, мини-ҷиноят, штрафу ҷаримаи маъмурӣ, сарпечӣ аз Танзими шадид ва ё … кӯҳрӣ мешаваду хешу табор, ёру рафиқ аз ӯ рӯ метобанд. Наметобанд? Ещё как метобанд. Зеро барои 1 тоҷик ба тӯйи фарзанди бародар, хола, тағо ё амакаш даъват нашудан, шармандагии 2-ҷаҳонист. Барои фарҳанги табордории мо аз ин дида зарбаи муҳлик ва сахт то ин дам назада шуда буд, ки Танзими 40+10 хоҳад зад! Ҳоло ман перомуни «нонтеӣ»-и ҳаққу ҳамсоя, ҳамкору ҳамсинфу ҳамкурсон чизе намегӯям, ки умре аз шумо хафа мешаванд. Мо Метавонем!

Ва умуман дар бораи хешу таборчигӣ. Дирӯз 1 дӯстам гуфт, ки дигар ба ташкилотҳои қарзиву бонкҳои хусусӣ-коммерсионӣ ҳатто хешу таборро роҳ намедодаанд. Расидем! О, дар тамоми олам бонкҳо шахсиянд-ку?! Ё Рокфеллерҳо аблаҳанд, ки 7-пушташон 1 бонкро кашида меораду кӯраи заминро дар қарз ғутондаанд?

Умуман, ростӣ, ман сиёсати маҳдудияти хештабориро дар ягон соҳот намефаҳмам. Дуруст аст, ки чиновникҳо, вазирон, раисони лумб бояд ин қоидаро риоят кунанд. Вале, фарзи мисол, чигуна фарзанди 1 стоматологи варзида, ҷарроҳи пурҳунар, журналисти касбӣ, сарояндаи хушовоз…набояд дар корхонае кор кору фаолият кунад, ки фарзи мисол, падар ё модараш сарвари он коргоҳ аст? Мантиқ ку? О, касбияти пуштӣ чӣ мешавад???

Ҳамин ҳоло 1 қисса ёдам омад, ки ба мавзуъ сахт рабт дорад:

-Нафаре сари ҷонамоз гиря мекард, ки Худоё рӯзиям расон. Аз ғайб овоз меояд, ки касби падариатро ихтиёр кун. Падари он нафар дузд будӣ. Мераваду хазинаи шоҳеро ғорат мекунад ва аз 2 сандуқ зар якеро пушт карда мебарораду дар роҳ мегӯяд, шояд ун сандуқ аз инаш камтар дирам дошту ҳаққи соҳиб бар ман рафтааст. Хулоса, 2 сандуқро бароварда, ба замин мерезад ва 1 дирамӣ ба ину ун сандуқ партофтан мегирад, ки субҳ медамад. Соҳиб дуздро мегираду сабаби таъхирашро мепурсад. Мегӯяд, нахостам ҳаққи ту бар ман равад. Соҳиб мегӯяд, 50 сол аст, ки хидматгорон маро ғорат мекунанду ин дузд ҳаққи маро баршумурд ва чун дар охири ҳама қиссаҳои некфарҷом, духтарашро ба ун дузд никоҳ карда медиҳаду калиди хазинаро ба дасташ меқаппонад...

Мантиқ? Мантиқ ин ки касби падарро бояд ихтиёр кард, агар додотон дузд ҳам бошад!

Вале қонуну қавоиди мо ҳатто профессионализми пуштиро аз байн бурда истодааст, чӣ расад ба танзими хеле сахту пурасрори маъракаҳои табормеҳварӣ. Куҷо равонем???

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter