Принт

Ё бори дигар дар бораи сафсаттафурӯшони виртуолӣ

Танзими миллӣ-4

Диле дорам ба куфр ошно, ки чандин бор

Ба Каъба бурдаву бараҳманаш боз овардам!

Маро 1 умр ворастагии мардумони марди аждодам ба ваҷд меовард. Зеро бо ин тундиву бемағзиву бефарҳангие, ки мо дар асри 21 дорем, онҳо чигуна фарҳехта буданд, ки таассубро санг мезаданду ҷадди дигари мо ин ҳама шедеврро нарезондаву начаконида то даврони мо меовард!!! Зиҳӣ, бар чунин миллату чунин падидаҳош. Вагарна, савганд ба номи Худо, аз сарафгандатарин мардумони олам мо будеме…

Ҳоло ана ҳамин фанатикҳои адамулхирад ва донишбакаратдур изи пой, ҷои зуҳур ёфтаанд ва ному насаб. Номашон Умар асту Алӣ, Форуқ асту Ҳаниф, Усмон асту Ҳайдар ва Утқиру Қулмаҳмаду Қусуру Фусур. Ахириҳо-ку 1 навъ, вале авввалиҳо паси асмоъи шариф ва бузурги ислом паноҳ бурдаву кореро мекунанд, ки қавми яҳуд дар 1400 сол ва насоро дар 800-соли ҷанги салибӣ дар ҳаққи ислом ва миллати Тоҷик накардаанд. Муҳимтар аз ин ҳама, чанд нафараки фейкпараст, ки то ҷое ман медонам, дар умрашон масҷид нарафтаанд ва гарав мебандам, бархе ҳатто аркони исломро низ намедонанду калимаи шаҳодат гардонида наметавонанду намедонанд формулаи эмон чист… инҳоро дар саҳафоти иҷтимоии хеш ғунд оваридаву олиму донову донишманд хонда, ҷилвагоҳ медиҳанд ва зери сафсаттаҳошон лайк мегузоранд. Ва ин ҳама медонед барои чӣ? Оре, барои 4 сенти ҳаром. Зеро чӣ қадаре хонанда, бинандаат зиёд шуд, акаи Суккербергат ба ту пул ҷудо мекунад ва ту дигар шахсият нестӣ, ки мепиндорӣ, ту пиёданизом-пешкаи тахтаи шоҳмоти яҳудиёнӣ.

Ин қавми фейк ба ҳадде бехираданд, ки хунрезиҳое, ки ҳамагӣ 5-6 сол пеш дар қораи араб «дастовардҳои нанотехноложӣ» кард, фаромӯш кардаанд. Нобути онҳо-гуфти бобои Ғулом- Имрӯз ба масале гулҳои сари сабади интеллигенсия, ҳу, ҳамонҳое, ки дар боло гуфтам, калимаи шаҳодатро аз вожаи шаҳодатнома фарқ намегузоранд, ба осиёби таассуб ва камдонишии ҷавонон об рехтаву ишонро даъват ба инқилоб, сарпечӣ аз итоат, инқилоб ва ҷанги гражданӣ мекунанд. Бархе, ки гӯиё, пешрафтатараканд, такя бар манобеи Минск доранд, ки бинед, тазоҳуроти бидуни хунрезӣ ҳам мешудааст.

Аввал ин ки ҳоло ҳама чиз дар Минск норӯшан ва дар пеш аст ва сониян Белорусия дар қораи Аврупост, на Осиё. Мо-ку медонем дар Аврупо давлати исломӣ нест ва нахоҳад буд. Аммо муттакои инқилоби шумо, ҷангҳои шаҳрвандии шумо, фанатизм ва таассуб асту бас. Ва ҳар нафаре фикр дорад, дар қораи Осиё инқилобе, хунрезие, ҷанги мулкие ба демократия меоварад, марҳамат далел пеш орад. Мо нашр мекунем. Мо Метавонем!

Фанатизми фейсбукӣ имрӯз сахт сӯи забон майл дорад. Гӯиё бо иваз кардани хатти сирилик ба арабӣ мо ба авҷи осмони дониш мерасида бошем. Чанд бетутуруқе, ки дар ину он донишкадаву донишгоҳҳо фаолият доранд, танҳо барои муҳиммияти худ мехоҳанд мо ба хатти арабӣ баргардем. «Зеро-мегӯянд инҳо-ба асолатамон бармегардем!»… Хандаовар нест оё ин иддао? Ман аз ҳамин горе-олимони неудачник пурсиданиям, ки фарзандони худашон хатти ниёкони арабиасосро медонанд? Албатта не! Зеро фарзандони онҳо бештар аз дигарон дарк кардаанд, ки донистани ин хатт ягон умеди пешравие дар худ надорад. Рӯиҳамрафта, баргардиш ба ин хатт на танҳо насли наврасу ҷавони бе ин ҳам дурдонишро бесавод мекунад, ки ҳатто олимон, давлатмардон ва тамомии мутахассисини Тоҷикистонро куллан бе савод хоҳад сохт. Зимнан барои 4 гейи аврупоӣ, ки дар расонаҳои форсӣ нон мехӯранду 10 муллои охундӣ ва 20 олими шикамчарони сафоратхонаҳои ҳамсоякишвар, мо набояд ба ин саҳв роҳ диҳем, ки таърих моро намебахшад!

 Муҳимтар аз ин ҳама, кӯдакони аксарияти чунин олимонро шахсан ман мешносам, ки англисиву русӣ ва ё хитоӣ меомӯзанд ва дар 90% ҳолатҳо маҳз ана ҳамин горе-патриотҳо фарзандонашонро ба хориҷа гусел мекунанд. Зиндагӣ зӯр омад мегӯед? О, патриот, ки бошед, дилатон ба миллататон сӯзад, бо ҳамин миллат, ҳамин давлат, ҳамин забон созед, сӯзед, заҳмат кашед. Слабо?

Сафват Бурҳонови одессиявӣ дуруст мегӯяд, ки 1000 сол тоҷик бо хатти арабиасос достони 2 араби бадавӣ-Лайлӣ ва Маҷнунро дар 1001 вариант навишт. Фирдавсӣ, ки аз араб қимоб буд, васфи Зулайхову Юсуф кард. Ва барои омӯхтани қиссаи Лайлии сиёҳпӯстак (лайлӣ-яъне шаб, сип-сиёҳ) ва Маҷнун (яъне девона) мо бояд дастовардҳои 100-соли ахири Тоҷиконро, ки ахиран, бидуни шеъру наср, таъриху мадҳияву достонсароӣ, воқеан ҳам дар соҳоти физика, химия, математика, география, кайҳоншиносӣ, бостоншиносӣ, нанотехнология асарҳои арзишманде навиштаанд, барҳам занем? Ку мантиқ?

Дар 1000 сол 1 шоире намеёбем, ки дар пояи дилхоҳ клоссик маъние гӯяд. Кӣ метавонад, фарзи мисол, ин маъниро сарояд:

Чашми тамаъ мадӯзед, бар кисаи хасисон,

Бовар наметавон дошт саг нон диҳад гадоро!

А, тавонад ҳам бо ҳамин сирилик мегӯяд ва шояд беҳтар. Зеро тамомии осори гузаштагонамон бо алифбои тоҷикии муосир тарҷума шудаанд. Хонед, агар умуман китоб мехонед. Ба ҳузур, бе асабоният ҳама вожаҳоро мефаҳмеду дуруст талаффуз мекунед. Воқеан Қуръонро ҳам агар бо сирилик хонед, мебинед, ки ба фарқ аз арабӣ, бехатотар хоҳед хонд. Тавба накунед. Ин ҷо ягон ҳарфи куфр нест. Просто, матлаб барои афроди соҳибмағз ироа шуд, на фейку фейсу «фаолони сайтҳои иҷтимоӣ» ва лайкхоҳон.

 Мо Метавонем!

 

Матлабҳои дигар