ХАБАРИ ДОҒ

 

МАМЛАКАТ - рустоидухтаре дар гӯшаи хаёл ҳам надошт, ки дар як зум маъруфу машҳури олам мегардад. Миёнаи солҳои 30 - юми асри гузашта акси сарвари Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Сталин бо духтараки гуландоми рӯймоли шоли сафед ба сар дар матбуоти шӯравӣ ва ҳам ҷаҳонӣ ба нашр расид. Ин сурат дар фурсате сайри олам кард. Он акс аз саҳфаи рӯзномаҳо ба маҷалла ва пас ба китобҳои мухталиф кӯчид. Ва, инак, 85 сол аст, ки бо пахш намудани (ҷустани) номи Сталин дар шабакаҳои гуногуни интернетӣ, баробар бо дигар аксҳои Сарвари давлати Шӯравӣ ин сурат низ падид меояд.

Аз замоне ки алоқаи электронӣ арзи ҳастӣ намуд, ин акс ба гӯшаҳои дуродури ақсои олам ба парвоз омад. То ба ҳол болои ин акс қиссаву гуфторҳо зиёданд. Қисмате ноогоҳ ин аксро «Сталин бо духтараш» низ унвон медиҳанд…

Агар нафаре асли гапро фаҳмидан хоҳад, мегӯем, ки дарвоқеъ, дар он акси таърихӣ: И.В. Сталин, сарвари давлати СССР бо пионери фаъол - тоҷикдухтар Мамлакат Наҳангова мунъакис шудаанд.

Ин ном дар аҳди шӯравӣ, дар Тоҷикистон ва ҳудуди СССР, маъруфу машҳур буд. Он сурат давроне дар гӯшаҳои таблиғотии идораву муассисаҳо, мактабу мақомоти мухталиф бармало метофт. Аммо, бо гузашти панҷ - шаш даҳсоли охир ин ном ками дар кам зикр меёбад. Ҳарчанд он сурат дар ҳамаи шабакаҳо маҳфуз бошад ҳам. Имрӯз кору пайкори қаҳрамони ин акс - Мамлакат Наҳангова ба ҷуз доираи муайяни мутахассисону муҳаққиқони забони англисӣ, шогирдон ва пайвандон, дар ёд намонда…

 РУҶӮЪ

МАМЛАКАТ Наҳангова 6.4.1924 дар деҳаи Шоҳмансур, Ҷумҳурии Шӯравии Бухоро - ҳозира шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон - 2003 шаҳри Душанбе), педагог, номзади илмҳои филологӣ.

Иштирокчии ҳаракати стахановӣ, яке аз созмондиҳандаҳои ҳаракати пионерии стахановӣ дар Тоҷикистон. Дар синни 11 - солагӣ, ҳангоми пахтачинӣ бо нишондоди воло ном бароварда. Ҷавонтарин ва якумин дар байни пионерон дорандаи ордени олии СССР - ордени Ленин (соли 1935).

Аз 11 нафар фарзандони оила танҳо Мамлакат (6.4.1924) ва хоҳараш Назокат зинда монданд. Падараш бармаҳал, ҳанӯз то замони мактабрав шудани фарзандонаш, фавтида буд. Модараш Қурбонбибӣ аз хурдӣ Мамлакатро бо худ ба саҳро мебурд ва ӯ аз ҳамон овон ба модараш ёрӣ мерасонд. 

Мактаби сохти нав ва идораи раёсати колхоз дар бинои масҷиди куҳнаи деҳаи Шоҳмансур қарор доштанд. Вай дар ҳамин мактаб ба таҳсил оғозид. 

Соли 1934 Мамлакатро ба сафи пионерӣ қабул намуданд. Дар синни 10 – 11 - солагӣ Мамлакат, аллакай, дар ҷамъоварии пахта дар колхози ба номи Лоҳутӣ, ҷамоати Шоҳмансури ноҳияи Сталинободи РСС Тоҷикистон фаъолона ширкат меварзад. Аз рӯи маълумот, вай дудаста чидани пахтаро хуб аз худ намуда, дар як рӯз то 70 - 80 килограмм пахта мечид. Ҳоло он ки он айём барои калонсолон меъёр 13 кг буду онҳо то 15 кг пахта мечиданд…

 ЁДДОШТ

МАМЛАКАТ баъдҳо мегуфт, ки калонсолон ба сари ҳисобчӣ омада ғавғо мебардоштанд: «Ту моро фиреб медиҳӣ, ба ин духтар барзиёд менависӣ…». Онҳо бо ин таҳдид қонеъ нашуда, пушт - пушти ман гашта, бовар намекарданд, ки ман чунин миқдор пахта мечинам. Бо ин ҳам онҳо ором нагирифта гап бофтанд, ки: «ӯ ғул дорад».

Дар яке аз митингҳои хоҷагӣ Мамлакат фаҳмид, ки шахтёре аз Донбасс Алексей Стаханов дар як басти корӣ 102 тонна ангишт кандаст. Бо хоҳиши раиси колхоз Мамлакат дар назди колхозчиён баромад карда, эълом дошт, ки ман ҳам дар як рӯз 102 килограмм пахта мечинам. 

Баъзе ашхоси нотавонбин аз пайи таъқиби духтараки ҷавон шуданд. Чанд дафъа ӯро лат ҳам карданд. Доимо метарсондандаш: «Дигар аз меъёр зиёд пахта начин, агар сар нафарорӣ, мекӯшем». 

  ТОҶИКДУХТАР

МАМЛАКАТ - номи духтараки тоҷик, пионери фаъол, сокини деҳаи Шоҳмансури колхози ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбеи ҶШС Тоҷикистон, ҳини дидор бо Сталин дар шаҳри Москва маҳбуби дилҳо гашт. 

Моҳи декабри соли 1935 намояндагони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, пешқадамони арсаи меҳнатро дар Кохи Кремл роҳбарони воломақоми ҳизбӣ ва давлатии СССР ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҳамин дидор қисмати зиёди пешқадамони хоҷагии қишлоқи умумииттифоқ бо мукофотҳои давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардиданд. Дар ин саф пахтачини моҳир, пионердухтари тоҷик Мамлакат Наҳангова низ буд…

Мамлакат буду шид якчанд калимаи русӣ медонисту халос. Суханон - меҳрномаи ӯро як хеши Анастас Микоян, ки тоҷикӣ меомӯхт, тарҷума мекард. Сталин ба Мамлакат аксеро, ки вай дар байни аъзои Бюрои Сиёсӣ (Сталин, Молотов, Андреев) бо ҷомаҳои тоҷикӣ мунъакис ёфта буданд, туҳфа намуд. Дар пушти сурат Сталин чунин навишт: «Ба рафиқ Мамлакат Наҳангова аз И. Сталин барои хониш ва кори хуб, 4.XII.1935».

Ҳамин хел, Мамлакати 12-сола ҳамчун пионери пешқадами пахтачин сар то сари давлати Шӯравӣ ном баровард.

 ДИДОР БО СТАЛИН

МАМЛАКАТ 4 декабри соли 1935 бо Қарори Комитети Иҷроияи Марказии СССР сазовори ордени Ленин гашт. 

Дидор бо Сарвари давлати Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Виссарионович Сталин боз аз он ҷиҳат хотирмон гашт, ки духтаракаи қобили тоҷик бо доҳӣ акси хотиравӣ гирифт. Сталин ба ӯ, ҳамчунон, як соати тиллоӣ эҳдо намуд. 

Мамлакат дар навбати худ тарҷумаи тоҷикии китоби «Масъалаҳои ленинизм» -и И. В. Сталинро ба муаллиф ҳадия намуд, ки доҳӣ аз ин инъом хеле ба ваҷд омад. 

Боиси тазаккур аст, ки устод Абулқосим Лоҳутӣ «Мамлакат» ном шеърашро ба ифтихори сазовор гаштани Мамлакат Наҳангова бо ордени Ленин суруда буд. 

 ЁДВОРАИ ГУЛЯ КОРОЛЁВА

МАМЛАКАТ соли 1936 ба лагери пионерии «Артек» даъватнома гирифт. Ӯ дар ин ҷо бо пионерони ордендор, дар як отряд бо актрисаи ҷавон Гуля Королёва истироҳат мекард. 

«Ин ҷо Мамлакат Наҳангова бо мост. Бале, худи худаш, ҳамоне, ки дар Тоҷикистон дудаста пахта чида, аз калонсолон пеш гузашта. Мамлакат дар шафати ман мехобад. Мо бо ӯ дар як отрядем. Вай аз ман хурд аст. Ман имрӯз ордени Ленинашро дидам, ки ба Мамлакат дар Кремл додаанд. Акси худро мефиристам. Дар он ман бо Мамлакат ва Барасбӣ акс гирифтаем» (Аз номаи Г. Королёва ба падараш аз «Артек», соли 1936). 

 ДОНИШҶӮ

МАМЛАКАТ бо оғоз шудани Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба комиссариати ҳарбӣ рафта, хоҳиши ихтиёрӣ ба ҷабҳа рафтанро кард, аммо ҷавоби рад гирифт. Соли 1942 вай дар ҷамъоварии бозичаҳо ва дигар ашё барои кӯдакони дар муҳосирабудаи Ленинград ширкати фаъолона варзид ва барои супурдани онҳо дар ҳайати намояндагони Тоҷикистон ба Ленинград рафт. 

Ӯ соли 1941 мактаби миёнаи №19 - и шаҳри Сталинободро поён бурда, тобистони соли 1943, муҳассили шуъбаи англисии факултаи забонҳои хориҷии Институти давлатии педагогии шаҳри Сталинобод ба номи Т. Г. Шевченко шуд.

Пас аз итмоми курси якум, соли таҳсили 1944 - 1945, ӯро чун донишҷӯи боистеъдод, барои идомаи таҳсил ба Институти забонҳои хориҷии шаҳри Москва фиристоданд. Вале, соли 1946, бо сабаби бунёди оила ва сафари хидматии ҳамсараш Фёдор Валиев (афсари Шӯравӣ) ба Германия, таҳсилро мавқуф гузошт.

Баъди бозгашт аз хориҷа, соли 1949 Мамлакат таҳсилро дар Институти давлатии педагогии шаҳри Сталинобод идома бахшид. Соли 1950 ӯро ҳамчун донишҷӯи фаъол ба узвияти ҳизби коммунист пазируфтанд. 

 ОМӮЗГОР

МАМЛАКАТ институтро соли 1952 бомуваффақият хатм намуд. Ҳамон сол ба сифати омӯзгори забонҳои хориҷӣ (англисӣ) дар донишкада ба фаъолият пардохт.

Рисолаи номзадиашро дар шаҳри Ленинград, дар Институти забонҳои Академияи илмҳои СССР дар мавзӯи: «Ҷонишин дар забони ҳозираи тоҷик»  ҳимоя намуд (1971). Аз он ба баъд, муаллима солҳои зиёд вазифаи мудири кафедраи методикаи таълими забонҳои англисиро ба зимма дошт. Ҳамчун номзади илм, дотсент якчанд китобҳои дарсиро аз фанни забони англисӣ барои мактабҳои миёнаи ҷумҳурӣ таълиф намудааст.

Тӯли фаъолияти омӯзгорӣ Мамлакат Наҳангова садҳо нафар шогирдонро соҳибмаълумот намуд. То дами ба нафақа баромаданаш, дар институт ба тадриси донишҷӯён шуғл меварзид.

 НАМОЯНДА

МАМЛАКАТ Наҳангова сар аз солҳои 40 - уми асри гузашта дар конгрессу конфронсҳои зиёде ширкат варзидааст. Аз ҷумла, соли 1945 ҳамчун намоянда аз миёни ҷавонони Осиёи Миёна дар конгресси ҷавонони ҷаҳон дар шаҳри Лондон иштирок ва суханронӣ намуда. 

Соли 1955 ба ҳайси вакил дар Конфронси 5 - уми тарафдорони сулҳ (Москва), соли 1961 дар ҳайати вакилони СССР ба Чехословакия, соли 1973 дар ҳайати вакилони Ҷамъияти дӯстӣ ва мадании Тоҷикистон ба Бангладеш, соли 1975 бахшида ба 40 - солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945, дар вохӯрӣ бо пионерони даврони ҷанг (Москва) ширкат варзидааст.

Ҳамчунон, муаллима солҳои 1959 - 1960 бо сафари корӣ дар Англия буд… 

 ИНСОНИ КОМИЛ

МАМЛАКАТ, ки ҳанӯз аз синни 12 - солагӣ шахси маълуму машҳур гашта буд, бо мурур, ҳамоно пуртамкину хоксор, инсондӯсту хушфеъл ва хушмуомила монд. Бо хислатҳои накӯ дар қалби пайвандон, ҳамкорон, шогирдон ва ошноҳо ҳамчун инсони комил мақом ёфт. Мавсуф, ҳамзамон, чун фарди донишманд ва дипломат дар ҷамъият мавқеи устувори хешро дарёфт.

Зиндагӣ, кору пайкори фарзанди обруманди тоҷик барои шогирдон, ҷавонон ва насли имрӯзу ояндаи кишвар меъёр, намунаи ибрат аст. Зеро муаллимаро даврони барҳаёт буданаш, ҳамкорон ҳамчун зиёии асил ва донишманди мумтоз мешинохтанду эътирофаш мекарданд. Ҳамон овон барои шогирдонаш чун омӯзгори асил ва инсони комил намунаи беҳтарин маҳсуб меёфт.

Ӯ соли 2003 дар синни 79 - солагӣ аз дунё чашм пӯшид. Имрӯз муаллима бо мо нест, аммо номи некаш дар қалби ҳазорон шогирдон, ҳамкорон ва дӯстону пайвандон мақом дорад… 

Мамлакат Наҳангова узви Кумита оид ба равобити хориҷии Тоҷикистон буд. Хидматҳои шоёнаш бо нишони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» «Аълочии маорифи СССР», медали ба номи Н. К. Крупская қадр шудааст.

Замони шӯравӣ ба ин ном - Мамлакат Наҳангова халқи тоҷик ифтихор мекард. Зеро вай бо фаъолияти хубу шоистаи омӯзгорӣ ва ҷамъиятӣ номи тоҷиконро на танҳо дар қаламрави СССР, балки дар миқёси олам машҳур гардонда буд. Аз ин рӯ, имрӯзиён низ бояд бо номи ӯ ифтихор намоянд.

 

 Умари ШЕРХОН 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter