ХАБАРИ ДОҒ

Дӯст машмор он ки дар неъмат занад, 

Лофи ёриву бародархондагӣ…

СССР муваззаф аст, ҳар сол, дар арафаи солгарди таваллуди хеш ба хонанда, дӯст, бародар ва узви Ихвон ал СССР ҳисобот диҳад, чунки мо ҳама узви 1 оилаем, ки номаш газетаи мардумист. Медонем, ягон сардабир, сиёсатмадор, дипломат, депутат, ҳатто Трамп ин корро намекунад, вале мо мекунем, зеро Мо Метавонем! 

Шуморае, ки дар даст дорӣ, хонанда, аккурат, 624-умин газетаи мардумист, ки бо он мо синни 12-ро ҷамъбаст кардаву тибқи тамомии қонуну қавоиди шаръиву дунявӣ ба синни балоғат, яъне 13 мерасем ва дигар «ба гуноҳ мешавем». Зимнан ин «балоғат» бар масъулиятамон, албатта, меафзояд. Дар ин 624 ҳафта, 4368 рӯз, 104832 соат, 6 млну 289 ҳазору 920 сония, СССР ягон бор танаффус накарда, бо хонандаи худ буд, дар ҳифзи манофеи халқ, хонандаи оддӣ, шаҳрвандони мулкӣ, одамони хоксор қарор дошт, ки матолиби нашркардаи мо худ гувоҳи ин иддаъоянд. Зеро даҳҳо ҳазор зангу паёмаку мессенҷҳои электронӣ, мактубу арзу шикояти мардумро нашр карда, 2496 нафарро меҳмони гиромии редаксия гирифтем, ки дарди дили худу мушкили ҷомеаро гуфтаанд. Мо Метавонем!

Танҳо сармақолаҳои мо, ки вежа, такрорнашаванда ва рӯзмарра буданд, 624 маротиба нашр гашта, дар Сухани рӯз 3432 мушкили мубрами ҳар ҳафтаина нашр мешуд. Рейду гузоришоти мо аз бозорҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ, корхонаҳо, шаҳру навоҳии республика пайваста ба табъ мерасиданд ва хонандаи закӣ ва доимии мо огоҳ аст, ки дар ин матолиб мо бурду бохти ҳар корхонаро матраҳ мекардем, зеро мо газетаи сӯзанда нестем, ки танҳо камбудиро бинему пешрафтҳоро на. Мо газетаи созандаем ва паҳлӯи созандагони Ватан қарор доштем. 1 чашмандози сарироҳӣ кофист, ки дар ҳама шаҳру навоҳии кишвар ин пешрафтҳоро бинӣ ва бояд кӯри модарзод ҳам не, кӯрдиле мисли Аби Лаҳиб ва ё Абуҷаҳл бошӣ, ки ин корҳои созандаро набинӣ. 

Албатта, кор бе камбудӣ нест ва ин аст, ки мо камбудиҳоро зери тозиёнаи танқид гирифта, бештар аз 14352 маводи танқидӣ чоп кардем, ки аксарияти онҳоро беш аз 40 Хабарнигори Мардумии мо ва муаллифини доимӣ аз шаҳру навоҳии хеш навиштаанд. 100% ҳич кор ислоҳ намешавад, вале баъди нашри матолиби танқидии мо ҳудуди 65-70% корҳо ислоҳ шуданд, ки бурди ҳар як хонандаи гиромии мост. Мо Метавонем!

Дар тӯли 2 соли ахир, дар проекти нави мо – Деҳи ман-Ватани ман 624 раис, вазир, кабир, сарватманд, соҳибкори ватансоз, ки барои ҷашнвораи 30-солагии Истиқлолият талош кардаанд таърифу зумрае аз ватансӯзон, ки садди роҳи пешрафт мегарданд, танқид шуданд. Мо Метавонем!

Соли 2020 соли талафоти бузург низ буд ва на танҳо барои Тоҷикистони азиз, ки тамомии олам ва дар ин марҳалаи бисёр тақдирсоз, ки сакалтуе чанд ба ном «оппозитсионерони евро-исломӣ», ки мехостанд, миллати моро гушнамир кунанду талаб доштанд, КАРАНТИНи сартосарӣ ҷорӣ гардад, СССР дар паҳлӯи Давлат ва Миллати Тоҷик қарор гирифт. Дуруст аст, ки анде фавтид, вале хонандаи азиз, магар дар Амрикову Аврупову Русияи карантиноӣ бештар аз мо намурдаанд? Ва агар бо ин потенсиали захоири давлатӣ, ки дорем (танҳо аблаҳи сарзада пояшро  ба пои Америкаву Анлияву Германия дароз мекунад!), карантини сахт ва сартосарӣ ҷорӣ мешуд, имрӯз аз гуруснагӣ мемурдем: аксарият!!! Мо бо менеҷерони давлат ва ҳукумати марказӣ будем, ки хатарро эҳсос кардаву карантини нарм эълон карданд ва имрӯз бозорҳои истеъмолии мо он қадар пуранд, ки ҳамон хабаргузориҳои «миллатдӯст» гиря доранд, ки нархи пиёзу сабзиву картошкаву гандум дар бозорҳои мо арзон шудааст…

Дар ин 12 сол киҳое бо мо ҳамкор набуданд. Аксарият сабзиданду боло рафтанд, ки ин миссияи азалии «Мактаби СССР» аст: кадрҳоро тарбият, паррончак ва хатти парвоз нишон додан. Мисол мехоҳед? Марҳамат: 

-Сафват бизнесмени муваффақ дар Одесса, Шарифхони Тағаймуроду Шамсиддини Муқим корчаллон дар Маскав, Раҷаби Мирзо маҳфилорои пурхонандатарин гурӯҳи фейсбукӣ, Саъдии Маҳдӣ-декани факултаи журналистикаи ДМТ, Зиннатуллоҳи Исмоил-раиси ИЖТ, Аҳмади Иброҳим-сардабири Пайк, Сӯҳробшои Фаррухшо журналисти пешбари ТВФутбол, Гули Зард фаолтарин зан дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ба тангдастон кӯмаки хайриявӣ мерасонад, Шоираи Раҳимҷон-муваффақтарин таронанависи Тоҷик дар 2 соли ахир, ки дар Амрикову Аврупо консертҳояш баргузор гардид, Ҷонибеки Асрориён-директори Радиои Фарҳанг, Самариддин Асозода-сардабири Садои Мардум, Ш. Амин-ходими пешбари Энсиклопедияи Тоҷик, Далери Эмомалӣ журналисти «ҷанҷолӣ»-и радиои Ватан, Одинашо Муродов-бонкир… 

Дар ин байн мо бисёр муаллифони доимии хешро аз даст додем, ки ному насаб ва акси хушрӯи ҳар кадомашонро дар ин шумора хоҳед диду хонд, зеро шиори мост:

-Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад!

Дар соли наҳси 2020 бисёр абармардони ҳунар ва дӯстони мо низ бо марази коронавирус рафтанд-Гулназар, Ҷамшед Исмоил, Ҷӯрабек Назриев, Хайриддин Тӯраев, Саврӣ Сабзаалиева, Мавлуда Обидова, Сайфиддин Тӯраев, Саидмурод Атоев, Шамсиддин Ҷалолов, Мӯсо Асозода…, ки дар бораи ҳар яки ишон мо матолиби ёдбудӣ навиштаем.

Ва бо ин ҳама, дӯст, бародар, хонанда, узви Ихвон ал СССР, дар ин 13-солагӣ низ бо мо бош, ки мо ягона газетаем, ки ЯГОН хонандаи худро фаромӯш намекунем ва ҳамеша бо ӯву ёди ӯем:

Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст,

Дар парешонҳоливу дар мондагӣ!

Мо Метавонем!!!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter