ХАБАРИ ДОҒ

Дуруду салом нисоратон хонандаи азизи СССР! Солҳои зиёдест, ки ман мизоҷи доимии ширкатҳои мобилии "Тселл"-у "Мегафон"-ам. Дар муддати 10-15 сол боре эҳсос накарда будам, ки онҳо ҳаққи мизоҷонро рӯирост медузданд. Барои мисол ман аввали моҳи август ба ширкати мобилии "Тселл" 60 сомонӣ гузаронида, ба интернет пайваст шудам. Ба  ивази ин маблағ ба ман 3000 мб, 150 СМС ва 50 дақиқа бо дигар ширкатҳо доданд. Дар давоми моҳ ман қисмеро сарф намуда, хостам, ки боқимондаро ба моҳи дигар гузаронам. Аммо духтараки дар маркази хизматрасонӣ буда гуфт, ки шумо дер кардед, бояд 1 рӯз пеш  меомадед, акнун бақияи мегабайту СМС-ҳо ва дақиқаҳоятон сӯхт. Қоида ҳамин будааст. Аҷоиб!!! 

Агар ширкат ҳар охири моҳ аз ман барин "танбалҳо"-и интернетӣ 298 МВ, 297 СМС ва 18 дақиқаи истифода нашударо аз худ кунад, фарзи мисол аз 10 000 соҳиби интернет чӣ кадар маблағ мешуда бошад? Ин дарди бахайр. Ширкат вақти бо дигар ширкатҳо дар тамос шудан аз ҳар дақиқа сонияҳоро аз худ мекунад. Масалан, агар шумо бо дигар ширкати мобилӣ ба алоқа бароеду 1 дақиқаю 1 сония гап занед , “Тселл” онро 2 дақиқа ҳисоб мекунаду 59 сонияи боқимондаро аз худ мекунад, ки ин мардумфиребии рӯирост аст. Сонияҳо дақиқа, дақиқаҳо соат, соатҳо шабонарӯз, шабонарӯзҳо моҳҳо, моҳҳо солҳо... Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия  бояд ба ин ҳолати коррупсионӣ хотима диҳад.

Ҳикматуллоҳи Бурихон, н. Ёвон, тел: 934405088

 

1 Паём

  • Шарҳр додан Маҳмадулло Сироҷӣ * Ҷумъа, 25 Сентябр 2020 14:13 Паём аз Маҳмадулло Сироҷӣ *

    Рӯҳониён ҳазор сол минбар доштанд
    Ҳафтаи гузашта дар рӯзномаи мардумӣ (рақами 37,(626), 24.09.2020) гузориши Саид Раҷабовро таҳти унвони "Ба рӯҳониён минбар диҳед" хондам ва гузоришаш боиси тавлиди гузориши зер шуд.
    Як бор ба таърихи 1000 - сола беш сар халонед. Минбар дар дасти рӯҳониён буд ( Ин ҷо гапро зиёд кашол намедиҳем, зеро барои аҳли фаҳм чун офтоб рӯшан аст). Онҳо чӣ карданд, ки то инқилоб минбардор буданд. То ҳол зарар ё зарбаҳои ҷоҳилият барои ҷамъияти имрӯз боқӣ мондаанд. (Хоҳиш, "Ёддоштҳо"- и С. Айниро хонед). Шумо мехоҳед, ки аз аъмоли зишт, ки инсонҳои камхондаву нохондаву бетарбия содир мекунанд, ҷилавгирӣ шавад. Бисёр хуб. Як бор риштаи таваҷҷӯҳро ба замони шӯравӣ мепайвандем. Минбари таълиму тарбия дар дасти омӯзгор буду аз эҳтироми замон бархӯрдор. Гапи муаллим таъсир дошту қадр. Назорати падару модар аз болои фарзандон буд. Зеро медонистанд, ки фарзандашон бероҳагӣ кунад, гап мешунаванд. Ба ибораи дигар,
    масъулиятманд буданд. Дар ин давра кори зишт рӯй медод, лекин кам. Дар дунё нест ҷомиае, ки дар он кори зишт рӯй надиҳад.
    Дар Тоҷикистон қариб 4000 ҳазор масҷид аст. Рӯйхати муллоҳо сад дафтари калонҳаҷмро пур мекунаду аксарашон мутаассибанд. Бо ин қадар хонаи Худову лашкари муллоҳо чаро масъалаҳои гулӯгир ҳалли худро намеёбанд? Дигар. Ба он рӯҳониёне, ки номбар кардаед, таҷовузу кордкашию доркашию қатлу куштору шабгардии ҷавонмардону ҷавонзанону худкушиҳо аз миён хоҳад рафт? Ҳаргиз. Ҳоло инҳо бе ҳамон минбаре, ки мегӯйӣ, насиҳат карда истодаанд. Ба ютуб сар халонед, онҳо он ҷо минбар доранду гӯш ва тамошо карданашон ба ҳама дастрас аст.
    Ҳодисаҳои номатлубе, ки номбар кардаед, илоҷи коҳиш доранд, лекин сад дар сад аз байн рафтанашонро касе кафолат дода наметавонад. Илоҷи коҳишаш падару модар аст. Агар падару модар аз рӯзи нахусти тарбия аз болои фарзандон ҷиддӣ назорат кунанд, бо мактаб дар ҳамкорӣ бошанд, ҳодисаҳои мавриди назар сар намезананд. Дар тоҷики мо чунин расм шудааст: Писар ё духтар калон шудасту дар тарбияаш дасткӯтаҳам. Ин сухани имрӯзи бархе падару модар аст. Баъд ба рӯҳонӣ муроҷиат мекунанд, ки вайро насиҳат кунад. Пешниҳоди додари мо низ аз ҳамин гуна муомилаю тарбияи падару модар сарчашма мегирад.
    Бузургон беҳуда намегӯянд:
    Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,
    То ба охир меравад девор каҷ.
    Ҳамин панд агар раҳнамои зиндагии падару модарон набошад, ҳодисаҳои номатлуб сар мезананду сар мезананд.
    Андешаи дигарро ҳам ба таваҷҷӯҳи Саид Раҷабов расонам, ки дар давлатҳои пешрафта, ба монанди Аврупо, Русия, Амрикову Ҷопону Чину Куриёи ҷанубӣ минбар илму дониш аст. Чун минбар илму дониш аст, пешрафта шуданд. Дар мо низ чунин бояд бошад. Вақте ки минбарро ба илму дониш додем, фаҳмиши мардум боло хоҳад рафт, ҷомиа рушд хоҳад кард, нафас осудатар мекашем, санги маломат камтар мехӯрем.
    Дар охир бояд гуфт, то даме, ки падару модар вазифаи ҷонии худ- тарбияи фарзандро ба ҷо намеорад, бо муаллиму мактаб ҳамкорӣ намекунад, чархи корҳои зишт дар гаштан хоҳад буд.

    М. Сироҷӣ, ш. Душанбе

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter