Принт

Аз ҷанги салибӣ то ҷанги салибӣ

Танзими миллӣ-5

Эй кабки хушхиром, куҷо меравӣ? Биист!

Ғарра машав, ки гурбаи обид намоз кард!!!

 (Ҳофизи Шерозӣ)

11.09.2001... Расо 19 сол пеш бо баҳонаи сарнагунии терроризм дар ҷаҳон, «ҷанги дуввуми салибӣ» (аз баромади Буши хурдӣ-президенти вақти Амрико, ки баъдан аз ин густохияш узр пурсид (вале гуфт-ку?!)) дар қораи мусалмоннишини олам шуруъ шуда, даҳҳо миллион зан, тифли навзод, кӯдаки дар батн, пиру барно, ҷавону миёнамур...хуллас мусалмонро кушт... Бен Ладени афсонавӣ, зодаи тахаййули худи НАТО ва муҷрими асливу усулии Террори Манҳеттен шумурда шуду касе ӯро надида, аз сӯи спецнази Амрико "кушта ва ҷасадаш дар уқёнус ғарқ гардид". Аҷиб нест, ки шоҳиди №1 дар бузургтарин террорро Амрико мекушад, ҳатто пурсупос намекунад, суолу ҷавоб намесозад??? Шахсан ман фикр намекунам, бо қатли бепурсупоси Бен Ладен арвоҳи 2977 амрикоии ҳини террор кушташуда ва асабҳои хешу таборашон ором гирифт. Зеро ин куштор суолҳо бештар дорад, ки мавзуъи баҳси дигар аст. 

 Вале бо қатли Бен Ладен-Иблиси аср, ки замоне таҳти сарпарастии НАТО бо СССР дар Афғонистон меҷангид, хунрезӣ тамом нашуд! Аз ҳама аҷибаш ин аст, ки ҳанӯзам ширкатҳои «Бен Ладен» дар Арабистони Саудӣ, ки ӯ зодаи ин кишвар асту Амрико бо ин давлат муносиботи танготанги дипломатӣ дорад, фаоланд. Ҳатто номи ширкатро иваз накардаанд!!! Номеро, ки дар дигар кишварҳо ба забон биорӣ, ҳатман болои сарат чанд бомба меафтад!

Аз ҳар кишвари «террористие», ки НАТО рафт, ҳатман Проектҳои нави мусалмонкушӣ, вале ҳамакнун, дохилиисломӣ ва дахлулмазҳабӣ таваллуд шуданд, ки аз бомбаҳои салибӣ бештар мусалмон мекушанд…

Воқеан ҳам Буши хурдӣ 3-умин католик буд, ки аккурат, 900 сол пас аз аввалӣ, ҷанги салибӣ ба муқобили олами ислом эълон дошт. Аввалинаш Падар ё худ Попи Рум  Урбани II  дар таърихи 26.11.1095, дар куништи шаҳраки Клермон-Ферран, ки баъдан дар таърих номи ин калисо сабт шуд, бар зидди мусалмонони «форсии туркӣ» (ҳамин хел гуфт!) ҷанги салибӣ эълон карда, ҳар нафари дар ин ҷанг мефавтидаро шаҳид хонд ва суханронияш бо шиорпартоиҳои  "This is what God wants!"-«Худо инро мехоҳад!» (дидед, ки вожаи «шаҳид» ва такбири ҷангии «Аллоҳу Акбар!» низ моли кист?), дастгирӣ меёфт. 

«Крестовый поход»-и дуввумӣ (1147-1150), ки онро Попи дигари Рум-Евгений-3 эълон кард, ҷанги шоҳона ном гирифт, зеро Людовики 7 ва Конради 3-шоҳони Фаронсаву Германия худашон дар он ширкат кардаву дар нахустин набард аз салҷуқиён шикасти сахт хӯрданд!

Дар ҷамъ «Крестовый поход»-ҳо, ки дар саргаҳаш мулло Урбани 2 меистод, 208 сол давом кард ва миллионҳо кушта бар ҷо гузошта, ба фиаскои сахт дучор шуд. Вале бо ин ҳама Урбан бомбаву самолёту пушкаву танка надошту ҷанги ритсарҳо бо паҳлавонони шарқӣ ҷавонмардонатар будӣ…

Ҷанги салибии Буш миллионҳо кушта, гуреза, маъюбу маслуқ, беваву ятим бар ҷой гузоштаасту ҳамагӣ 19 сол давом дорад. Тасаввур мекунӣ, хонанда, агар Худо бо пайдоиши «коронавирус» садди ин ҷанг намешуд, дар олам чӣ қадар мусалмон мемурд? Ин дар ҳолест, ки гуфти бародарони рус «Ещё не вечер!» ва ба таъбири Бобои Ғуломи мо «Оқибати кор турб аст!».

Ва ин ҳама қатлу куштор, митингу тазоҳурот, пирӯзиҳои Ивхон ал Муслимин, таваллуди ДИИШ-ИГИЛ паси пардаи "демократия ба Осиё!" рӯпуш аст. Шумо-тарафдорони «деРмократияи хунолуда», ки дар Точикистон низ сафатон кам нест, 1 мисол оред,  ки дар ин 19 соли қатлу куштори даҳҳо миллион нафар, ҷангу ҷадалу муҳоҷирати 100-ҳо млн. мусалмон, валангории даҳҳо давлати пешрафтаву сарватманди арабу афғон, дар кадом кишваре демократия, озодӣ ва ё ҳатто тинҷиву оромӣ истиқрор ёфт??? Натарсед, мисол оред, бо факт гуфтаатонро таъйид кунед ва ман, Сайёфи Мизроб ба сафи шумо мепайвандам! Мо Метавонем!

11.09.2020. Боз афроде шарманда ва Худонторас ёфт шуда, ки имрӯз Тоҷикро зери шиори демократияи проАврупоӣ ба ҷанги нави гражданӣ тела медиҳанд...Ростӣ, ҳарчанд фикр кардам, ҷуз ин сухани С. Ятимов-раиси КДАМ, ки чанд сол пеш дар ҳузури сафирони бархе давлатҳо бар ишон барои пиёдасозии тарҳҳои сиёҳашон, зада буд, ҳарфе наёфтам:

-Ай-яй-яй… как вам не стыдно! (тахминан чунин гуфт).

Вале онҳо-ку суфарои хориҷӣ ва намояндагони давлатҳое мебошанд, ки бо олами ислом ҷанг эълон кардаанд, аммо ба шумо чӣ дард расидааст? Тоҷикед-ку?! 

Ва ин ҳама шайтанатро паси пардаи Исломи азиз ва ноб, ки қатли 1 инсонро ба қатли аҳли башар баробар медонад, пинҳон месозед. Шарматон намеояд аз чунин мусалмоние, ки пуштибонатон католикҳои Аврупо бошанд, фарзандони онҳое, ки 3 бор бар зидди Ислом ҷанги салибӣ эълон кардаанд. 

Воқеан ҳам дар он асрҳои қаблӣ ҳатто 1 мусалмон бо крестонос-салиббарон напайваст. Таваҷҷӯҳ кун, хонанда, ҳатто 1 нафар!!! Вале имрӯз крестовый походҳои муосирро нео-мулло ва нео-демократҳои мусалмон саф-саф тарафгиранд…

Зимнан, байти болое, ки рӯи ин сафҳа ҳаккокӣ шуд, ба ун ватану мазҳабу динфурӯшон дахл надорад. Ба ту дахл дорад, хонандаи ин сутур, оре, маҳз ба туе, ки ҳамин ҳоло ба худ суол додӣ, наход Сайёф маро дар назар дошта бошад? 

-Аз паси инҳо нарав, зеро 2 дунёятро оташ мезанӣ: Ватан ва мазҳаб, дунё ва қиёмататро…

Сахт гуфтам? Мо Метавонем!

Матлабҳои дигар