Принт

Миллат ва мазҳаб

85 сол муқаддам суоли «мусалмонӣ ё Тоҷик?» миллати ҷафокашидаи маро аз Бухорову Самарқанд ва сарзамини аждодӣ маҳрум кард. 85 сол ба баъд низ ба назар мерасад, ки ин фоҷиа идо¬ма дорад.

Ҳамагӣ ҳафтаи пор мулло-арабпарастон бар сари Абдуқодири Абдуқаҳҳор юриши чингизиро сар карданд ва касе аз зиёиёни ин миллат бар ҳифзаш нахест, пинаки хомӯшакҳои интеллигенсионӣ. Пештар ҳуҷум сари Абдуллои Раҳнамо буд. Баъдтар сари…мешавад. «Хомӯшакҳо» мутмаин бошанд, онҳо низ аз такфир қафо намемонанд. Зеро ин набард 100 сол беш давом дорад ва амдан зидди Тоҷик!!! 

Рамазони соли 2008. Дар ифторе, ки ҳомили ма¬шоиху уламои дин ва зиёиёну донишмандону рӯзноманигорон буд, шоҳиди ин қисса шудам: Якеро, ки бо садои гиро ва дилчасп ояҳои осмонӣ мехонду табъи моро болидатар менамуд, қории Қуръон муаррифӣ намуданд ва нафаре, ки ҳатто нур дар чеҳра надошт, чӣ расад ба нури имону дин, аз он ҷавон ном пурсид ва чу гуфтанд, исмаш Парвиз аст, даст ба гиребон бурд ва бо лаҳни шикастаи арабӣ, ки мурғон ба ҳолаш хандиданд, чизе питир-патар гуфт ва бо оҳи сӯхта аз ҷигари бирён, ин ҳама риёро хатм кард, ки гуфт: 

-Чӣ ҷавони хубу боҳунаре бо ин номи палиди тоҷикӣ... 

Ҳама инро шунидем ва аммо ба хотири мизбон, ки воқеан ҳам тоқи ислом будӣ ва ҳам шайхи рӯшанфикр, хомӯшӣ баргузидем. Ҳатто ман, ки то ҳанӯз худро набах-шидаам, хомӯш мондам. Ҳарчанд дар он миз миллати маро таҳқир карданд ва ба рӯи ман пой гузоштанд. 

Баъдан назди он шайх шудам ва назари ӯро пурси¬дам, ки гуфт: «Ҳайфи он чаласавод ва агар мешунидам, ҷавоби сазовор ӯро мегуфтам». Воқеан ҳам ӯ аз ин доду гирифт канор буд.

Аммо мо ба хотири мизи ороста, ҳурмати кадхудо ва ё шояд 1 буридаи нон даҳони он бетамизро набастем. Фикре маро раҳо накардааст, ки дар он сония ман шояд миллатро ба нон фурӯхтам ва дар сурати лозима шояд ватанро низ бифрӯшам?!...

Аммо ту чӣ, хонандаи гиромӣ? Оё дар ин лаҳазот мил¬лати худро нафурӯхтаӣ, замоне ки 1 муллои бесавод дар фиттаи диск бо ҳамин иддао миллати моро хор мекунад? Нашунидаӣ, ки ин муллоҳо номҳои Тоҷикиро маҷусӣ ме¬хонанду фахр аз исмҳои арабӣ доранд ва ор аз тоҷикӣ?

Оё боре бар мавъизаи ин бехирадон эрод гирифта¬ед (расмӣ!), ки агар инҷурист ва Тоҷикӣ ор аст, пас чи¬гуна бо кунияту тафаккур ва фахри Тоҷикона Ҳазрати Ҳуҷҷатулислом Шақиқи Балхӣ сари 1 баҳси саридастӣ хилъати Шайхулисломӣ аз бадани Иброҳими Адҳам дар¬рабуд? Ва он қисса ин аст, ки Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ овардааст, ки бар тибқи он Шақиқи Балхӣ (ба истилоҳи муллоҳои бесавод-Балхӣ бояд исми маҷустарин бошад, зеро вожаи то исломӣ ва гузашта аз ин Тоҷикист!) ба Иброҳими Адҳам суоле медиҳад, ки аъроб дар тариқаи шумо чиҳо кунанд? Посухи Иброҳими Адҳам ин буд, ки «Расид-шукр кунем ва нарасид-қаноат». Шақиқ филфавр мегӯяд: «Сагҳои Хуросон (яъне сагони Тоҷикон!) ҳамин гуна кунанд». Пас Адҳам бозпурсид, ки «Пас дар Хуросон чӣ кунанд?». Гуфт: «Расид-исор кунем ва нарасид-шукр!». Иброҳими Адҳам аз тан хирқа баркашид ва бар Шақиқ пӯшониду гуфт: «Ба таҳқиқ Шайхулислом туӣ!!!».

Мансури Ҳаллоҷи Тоҷик чӣ? Оё шӯҳрати Ислом ва обрӯву нуфузи динро аз миёни аъроб касе чун Мансур то дастаи дору гузашта аз он бар тоқи афлок расонидааст? Боязиди Бистомӣ, Саноӣ, Аттор, Румӣ 4 қутби Ирфони Ислом оё Тоҷик-форс набуданд? Саъдиву Ҳофиз, Ҷомиву Бедил аъроб буданд оё? Ва аз муллоҳои таҳқиркунандаи миллати Тоҷик бояд пурсид, ки Аҳмади Ҷомӣ, ки ашъо¬ри ӯро ҳини мавъиза сабук ва бевазн хондаву он ягонаи офоқро аз Абдураҳмони Ҷомӣ фарқе намегузоред, оё Тоҷик набуд?

Рӯиҳамрафта, бигирем Сайид Мир Алии Ҳамадониро, ки беш аз ним миллиард бутпарастро дар Кашмири Ҳинд мусалмон кардааст, оё Тоҷик-форс набуд? Кадоме аз шумо-муллоҳои чаласавод далел оварда метавонед, ки намояндаи дигар қавму миллатҳо 500.000000 одамро мусалмон карда бошад? Ва он ҳам бо сеҳри сухун, бидуни шамшер, ки араб мекард!

Ва оё медонед, ки пайгирони Ҳазрати Амири Кабир, яъне Сайид Мир Алии Ҳамадонӣ дар Ҳинд то ҳанӯз аз Тоҷик будани пешвои худ фахр доранд ва Тоҷикӣ сухан карданро ифтихор медонанд??? Намедонед! Зеро мутаас¬сибед ва аз харита ҳам Кашмирро дарнамеёбед! 

Шайх Камоли Хуҷандӣ оё аз шумо камсаводтар буд, ки номи Тоҷикии гӯшнавози Хуҷанди бостониро дар сар то сари Эрону Арабистон ва олами Ислом бо ҳарфҳои зарҳалин бастааст?!

Ин ҷо перомуни шахсият, таъсир ва такони Ҳазрати Эмоми Аъзам Абӯҳанифаи Тоҷик мо танҳо сукути маъ¬нидор ихтиёр мекунем, зеро таассуб аз сар бо чӯб бадар мегардад, на бо мадрак. Ва ин ки ҷараёнҳои нави динии дар Тоҷикистони азиз зуҳуркарда, маҳз барои беобрӯ на¬мудани мазҳаби Имоми Аъзами Тоҷик равона шудаанд, баҳс ҳам нахоҳем кард. Зеро аъроб то ҳанӯз ин чеҳраи тобони Исломро намебахшанду зиддаш дар шӯранд, ки чигуна шуда, аҷамие омадаву миллионҳо арабро низ дар мазҳаби хеш гунҷонид…

1 хонандаи мо навиштааст, ки 1 ҳоҷии мавъизагар гуфтааст, ки Тоҷикон то Ислом бо пешоби гову хар дасту рӯ мешустаанд (Маҳз, ҳамин сабти ба мо расида, сабаби иншои ин сутур гардид)... Ва 1 нафаре ёфт нашудааст, ки ба ин воъиз бигӯяд, ки замоне Исломи Ноб зуҳур мена¬муд, аъробӣ шири шутуру сусмор мехӯрд ва духтарҳои худро зинда гӯр мекард.

Ин ки Тоҷикон беш аз 3-4 ҳазор сол қавми пешрафта аз қабоили араб буданд, ҳастанд ва хоҳанд монд, шак¬ке дар таърихи башар надорад ва аммо дар баробари ин ҳам-ҳамаву дам-дамаи муллоҳои бесавод ва таҳоҷуми фарҳангиву идеологии аҳзоби иртиҷоӣ ва ҳаракатҳои тунд сари миллат чаро ҳамагӣ даҳони Президентро нигоҳ мекунем? Чаро дар паҳлӯи нафаре боло намеша¬вем, ки дар ҳар сухан аз арзишҳои миллӣ сахт ва пофи¬шорона пуштибон аст? Чаро ӯро тани танҳо гузоштаем? Куҷост дастгоҳи идеологии ҳукумат; мақомоти қудратӣ, вазоратхонаҳои амнияти миллӣ ва фарҳангӣ? Чаро даҳони сақатгӯёни миллати маро намебанданд - ҳам бо сухану ҳам бо сангу ҳам бо кулӯх? Матбуоти расмии ҳукумат ва расонаҳои давлатӣ чаро хомӯшанд? Ҳам бар наъл мезанему ҳам бар пой, мӯҳтарам ҳамтоҳо?...

Газетаи мардумӣ ва миллии «СССР» бар ваъдаи худ содиқ аст ва ҳушдор медиҳад: Дар ҳар ҷое, ки таҳқир дар нисбат ба миллати Тоҷик садо диҳад, мо омодаем чу да¬лел, бурҳони қотеъ ва мушт бар дифои арзишҳои миллӣ, ваҳдати миллӣ ва якпорчагии ин марзу бум бароем. Зеро мусалмон будан, ба маънии таҳқири Тоҷик кардан нест! Аз мо эҳтиёт шавед, душманони миллат, ки... 

Мо МЕТАВОНЕМ!

 

Матлабҳои дигар