Принт

Пешниҳод ба Сарвазир: дар фикри беморони касалиҳои рӯҳӣ ҳам бошем!

Ҷаноби Сарвазир Коҳир Расулзода! Умедворам тавассути газетаи мардумии «СССР» ҳатман аз ин арзи ман ба шумо хоҳад расид. Шуморо аз давраи вазири хоҷагии об ва мелиоратсия мешиносам, банда он замон ба ҳайси сардори раёсати кишоварзии вилояти Хатлон кор мекардам. Дар ҷамъомадҳое, ки шумо ба коркунони соҳаи обтаъминкуни вилояти Хатлон оиди ҳолати истифодаи оби полезӣ мегузаронидед, аз муҳандиси нотакрор дар илми назариявию амалии мелиоратсия буданатон дарак медод. Чизи дигаре, ки таваҷҷуҳи маро ба худ ҷалб карда буд ин давраи дар мансаби раиси вилояти Суғд фаъолият доштанатон аст, ки дар маркази ш.Панҷакент зиёда аз 12 соат бетанаффус арзу доди шаҳрвандонро гӯш кардед. Ин сарбози Ватан будани шуморо исбот намуд. 

Ҳоло мехоҳам ба самъи шумо 1 масъалаи ҷиддиро расонам. Дар ҷомеаи имрӯзаи мо оилаҳое, ки дар он нафаре гирифтори бемории рӯҳӣ бошад, кам нестанд. Муттаассифона, нафақапулии чунин беморон хело ночиз асту ба харидани доруҳои зарурӣ намерасад. Бояд гуфт, ки доруҳои маризони рӯҳӣ нисбат ба дигар доруҳои муқаррарӣ 40-45 % гарон аст. Онҳое, ки гирифтори бемории рӯҳианд 90-95 дарсад дар оилаҳои камбизоат зиндагӣ мекунанд. Хуб мешуд агар ба нафақаи чунин ашхос моҳе 300-350 сомонӣ барои дорупулӣ зам карда шуда, барои гирифторони беморони касалиҳои рӯҳӣ дорухонаҳои махсус таъсис меёфт. 

Сангалӣ Раҳимзода, Корманди шоистаи Тоҷикистон 

 

Матлабҳои дигар