Принт

А.Ҷомӣ: Нақшаи андоз иҷро нашуд

Раёсати андоз дар вилояти Хатлон вобаста ба мақолаи «А. Ҷомӣ: маоши омӯзгор аз андоз вобаста аст?»-ро, ки дар ҳафтаномаи “СССР” аз 09.07.2020, № 25 нашр шудааст, мавриди баррасӣ қарор дода чунин иттилоъ медиҳад.

Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ иҷрои нақшаи пешбинишудаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳияи А. Ҷомӣ ба андозаи 73 % таъмин гардида, ба ҷойи 17 млн. 135 ҳазор сомонӣ, ба буҷет 12 млн. 444 ҳазор сомонворид карда шуд, ки ин нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 4 млн. 691 ҳазор сомонӣ  ва нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли 2019 воқеан ҷамъоваригардида ба андозаи 1 млн. сомонӣ кам мебошад. Яке аз сабабу омилҳои мусоидаткунанда, ки боиси таъмин нагардидани нақшаи андозҳо дар ноҳияи А. Ҷомӣ гардидааст, аз як тараф дар сатҳи дахлдор дуруст ба роҳ намондани маъмурикунонии андозҳо бошад, аз дигар тараф дуруст ба инобат нагирифтани манбаъҳои воқеии андозбандӣ дар ҳудуди ноҳия  асос шуда метавонад.

Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки хуруҷи  сироятии COVID-19 низ дар давраи ҳисоботии семоҳаи дуюми соли ҷорӣ таъсири манфии худро расонда, дар натиҷа ба кам шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва музди меҳнати кормандон дар як қатор субъектҳои хоҷагидор ва инчунин афзоиш наёфтани музди меҳнат ва кам гардидани шумораи коргарон оварда расонид. Аз ҷумла, аз ҳисоби 20 адад корхонаҳо шумораи коргарон 165 нафар кам гардида, дар 18 адад корхонаҳо фонди музди меҳнат ба маблағи 432,9 ҳазор сомонӣ коҳиш ёфтааст.

Бақияпулии  қарзи андозҳо ба ҳолати 01.01.2020 маблағи 8129,7 ҳазор сомонӣ ва ба ҳолати 01.07.2020 бошад 7778,9 сомонӣ мебошад, ки нисбати аввали сол 350,8 ҳазор сомонӣ коҳиш дода шуда бошад ҳам, шумораи қарздорон 346 ададро дар бар мегирад ва дар як қатор корхонаву ташкилотҳо рӯ ба афзоиш дорад ва нигароникунанда мебошад. Аз ҷумла бақияи қарзи андозҳо дар ҶДММ «Чилча» - 3635 ҳазор, ҶДММ «Суҳроби Ҷамол»- 2938 ҳазор, ҶДММ «Пушинг 2013» - 2144 ҳазор, муассисаи «Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи А. Ҷомӣ» - 1641,5 ҳазор, ҶДММ «Шамол» -1327,6 ҳазор, ҶДММ «Шаҳром» - 1304,8 ҳазор, ҶДММ «Файзи Ҷомӣ» - 1069 ҳазор, муассисаи идораи давлатии истифодабарии канали «Баҳористон» - 590 ҳазор ва ҶДММ «Шоҳрух»-448 ҳазор сомониро ташкил мекунад.

С.Раҷабов, сардори Раёсати андози вилояти Хатлон 

 

Матлабҳои дигар