Принт

Хари Исо ва маркаби Сино

Хари Исо, гараш ба Макка барӣ,

Чу баргардад, ҳамоно хар бошад!!!

Инро ман нагуфтаам, клоссик гуфтааст, ки бо ҳаҷ рафтан, ягон тоҷири гаронфурӯш, доруфурӯши даврони коронавирус, фасодкору зинокору мардумфиреб, ба он мартабае нахоҳад расид, ки фикр дорад. Ин дар ҳолест, ки бархе аз эшону муллоҳо, ки даъвои дину шариат доранд, имрӯз ҳатто дар сари болини бародару хоҳару пайвандони маризи хеш, ҷои тасаллият, даъво мекунанд, ки «фардо рӯзи қиёмат домонатро пеши Худо мегирам!», «хонаам хар, агар хонаи ахират умед дорӣ» ва ғ. ва ҳ. Ва инро афроде мегӯяд, ки воқеан 5 вақт намоз мехонанду тасбеҳ ба дасту бисмиллоҳ бар забон, ҳамеша…бо фасод банданд. Инҳо даҳу бистсолаҳо маош нагирифтаанд, ҷои кор надоранд, бо макр, фиреб, фасод, иғво, шантаж рӯз мегузаронанд ва фикр доранд, ки Худоро низ дар рӯзи ҳашр фиреб додаву аз бечорагон дар ин дунё пул меситонанду дар ун дунё эмон. Хестед, ки хобед! 

Субҳа бар каф, тавба бар лаб, дил пур аз шавқи гуноҳ,

Маъсиятро ханда меояд зи истиғфори мо!!!

Мардум набояд ба макри худонотарсони имрӯзин дода шаванд. Ягон эшону муллову махдуму мавлавиву мавлоно дар ин дунё (бо шумули пайғамбарон!), намедонад, ки оқибаташ биҳишт аст ё дӯзах, кайфу сафо дар Ҷаннат аст ва ё заҳмату меҳнат дар Ҷаҳаннам. Инҳое, ки бо тарс додани авомуннос аз рӯзи ҳисоб  мардумфиребӣ, бародарфиребӣ, авомфиребӣ доранд, аз ун дунё умед надоранд. Зеро даҳсолаҳо нони ҳаром мехӯранд ва рибоъ, фасод, ришват, пора батар аз гӯшти хук аст. Зеро хукро дар зарурат Худо раво гуфтааст, вале фасоду ришватро на!!!

Ва муҳимтар аз ҳама медонӣ, чист, хонанда? Инҳо ончунон Худонотарс шудаанд, ки ҳатто элитаи имрӯзаро низ «таҳдиди ҷазо» мекунанд!!! Ва ин элита воқеан ҳам аз чунин таҳдидҳо метарсад! Зеро дар ҷаҳл ҳама фурӯ рафтаем, ки ҳисобаш гум…

Дур намеравем, чанде пеш, 1 муллои «антизардуштӣ», бо исми Мулло Абдураҳими данғарагӣ, Абдуқодири Абдуқаҳҳор ворастатарин фарди ин ҷомеаро кофир ҳукм кард. Даҳҳо, садҳо, ҳазорон «муридони ин шайху мавлавӣ» аҷала журналистро кофир хонданд ва ҳатто ҳукми маргашро бароварданд. Касе ҳатто аз ун муллобашара напурсид, ки машварати куфр бо кӣ кардаӣ-бо Худо ё фариштагонаш? Ва оё аз кай мӯҳргузорӣ дар путёвкаи биҳишт ба дасти туст ва оё худат ҷаннатӣ ҳастӣ??? Агар ҳамин мулло гӯяд, ки «Ҳо, ман ҷаннатиям!», пас ман фардо Абдуқодирро кофир ҳукм мекунам! Мо Метавонем! 

Агар хонанда ёд дошта бошад, айни моҷаро, чанд сол пеш, 1 нафар, бо исми ҳоҷӣ Сайидмурод Шарифов, Бозор Собирро маҳкум бар куфр карда буд. Дар ҳамон матлаб ӯ менавишт, ки касе аз Бозор Собир пуштибонӣ мекунад, низ кофир мешавад; мулло Абдураҳим низ айни ҳамин хулосаро дар бораи Абдуқодир кардааст (ишороти маънавӣ-мантиқӣ). Яъне ин нафарони зирак, қаблан худро аз танқид изолятсия мекунанд. Яъне пуштибони Абдуқодир шудӣ-кофирӣ!!! 

Аҷиб аст, ки тири ҳар 2 ба ҳадаф расид. Дар он газета касе бар С.Шарипов посух нагуфт. Мисле, ки даҳони пуштибонон, ҳамфикрон ва ҳамнишинони Абдуқодир, ки медонанд, Қуръонро ӯ аз дилхоҳ мулло хубтар медонаду тафсир менамояд, баста гардид. Зеро ба таври автоматӣ мардуми дигарандеш кофир мешуд-аз рӯи мантиқи мулло Абдураҳиму Ҳоҷӣ Саидмуродҳо. Дар асл, коре, ки ҳоҷӣ Сайидмурод Шарифов ва Мулло Абдураҳим кардаанд, таҳқири Бозору Абдуқодир нест. Онҳо таърихи мо, миллати мо, ватани мо ва Давлати моро ҳақорат карданд. Ба намакдони миллат туф андохтанд ва дар дилхоҳ давлати дигар генпрокуратура парвандаашон боз мекард. Прокурорҳои «кофиртарсаки мо» ин корро намекунанд. Зеро…, ну, худ медонед, ки чаро?!

Хар бош, ки ин ҷамоъа аз фарти харист,

Ҳар к-ӯ на хар аст, кофараш мехонанд!!!

Биёед Ибни Синоро суд кунем! Зеро ин байт имрӯз дар тамомии маъракаҳои нео-муллоҳо мардуд шудааст. Овардану хондани он дар дилхоҳ маҳфили фан-клуб таҳқир аст ва муддаъиро радди маърака месозад. Мегӯед шояд ХАР зиёд шудааст дар ҷамъияти мо? Шояд! Вале биё, хонанда, ману ту хар нашавем. Ба даъвову дағои муллову эшонҳо бовар накунем. Ягон эшон, агар бародари ҳамхунатон ҳам бошаду аз Қуръон заррае огаҳӣ дорад, медонад, ки:

Қиёмат ба вақте талотум кунад,

Гунаҳ соҳиби хешро гум кунад!!!

Ин нео-эшону нео-муллову нео-мавлавиҳо, ки ин ҳақиқати кӯчакро дарнаёфтаанд, авомро бо гиребонгирӣ дар Рӯзи Ҳашр метарсонанд. Рӯзе, ки ЯГОН кас намедонад, ки чисту чигуна фаро мерасад. Лисонулғайб аст, ки мегӯяд:

Дар хароботи муғон нури Худо мебинам,

Ин аҷаб бин, ки чӣ нуре, зи куҷо мебинам!

Мантиқи ин байт, ки баъди 7 водии тасаввуф, аз фано фил фанову фано бил бақо убур карда, дар бақо бил Худо ҳузур дорад, куҷо бар эшону муллоҳои мактабгурезу коллеҷхатм (ПТУ) ифшост? Зимнан, аз таҳдиди эшон натарсед ва бигӯед:

-То Рӯзи Пурсишу Ҷавоб! 

Ва бовар кун, хонанда, ягонтои шумо дар ун рӯз сархаму хиҷил намеоед, зеро аз номи Худо макру ҳиял накардаед, мисли инҳо:

Эй кабки хушхиром, куҷо меравӣ, биист!

Ғарра машава, ки гурбаи ъобид намоз кард!!!

Бо мо бошед, ки Мо Метавонем!!!

Шахсан ман фикр намекунам, афроде ин ё он нафарро кофир эълон мекунанд, аз Конститутсия-Сутуни Давлати Тоҷикон бехабаранд. Ин амалро амдан, қасдан ва ҳадафмандона мекунанд, то Сарқонуни моро хатчадор созанду мардумро аз он дилсард. Вагарна дар Моддаи 26, Конститутсияи ҶТ, омадааст, ҳар нафаре ихтиёр дорад, ки ба ин ё он дину мазҳаб ихтиёрӣ гаравад ва касе ҳуқуқ надорад, ӯро маҷбур кунад ва ё садди роҳ шавад ва ё ҳукм кунад. Яъне ба гунаи мисол, агар Иван мусалмон аст-кори ӯст ва агар Хусрав насронисту Қодир зардуштиву Раҳим бутпараст, низ ихтиёр ба дасти ишон аст. Ана ҳамин модда дунявӣ будани Давлати моро исбот мекунад! Дигар худро ба кариву кӯрӣ задани эшону шайху муллоҳо набояд моро гумроҳ кунад:

Гову хар аз огаҳӣ ҳаргиз нагардад одамӣ,

Одамӣ гар лаҳзае ғофил шавад хар мешавад!

 

Матлабҳои дигар