Принт

Талоқ пас аз ҳукми суд!

Аз нигоҳи банда, вазнинтарин мушкилот дар ин шабурӯз ин пошхӯрии оилаҳои ҷавон мебошад. Ҳазорҳо чорабиниҳои гуногун оид ба оилаю оиладорӣ гузаронида мешаванд, аммо бенатиҷа. Ҳатто соли 2015-ро махсус «Соли оила» эълон карда буданд, натиҷа надод, зеро тибқи нишондоди омор дар ҷумҳурӣ соли 2016 8861 оила пош хӯрда бошад ҳам ин нишондод соли 2017 ба 10100 расид, ки нисбат ба соли қаблӣ 1239 шумора зиёд шуд. 

Талоқ бояд 1 қонуну қоидаи мушаххасу махсуси худро дошта бошад. Масъалаи талоқ дар Қуръони Маҷид сода навишта шудааст. (Сураи талоқ, ояти 229, 230. Саҳ. 81-83). Аммо мутаассифона домуллоҳои муҳтарами мо фикри мушаххас надоранд. Ҳар кадоме ба тариқи худ шарҳу эзоҳу фатво медиҳанд, ки ин ҷавононро ба гумроҳӣ бурда истодааст. 

Аз ин хотир, агар хоҳем, ки воқеан ҳам оилаҳои ҷавон вожаи «талоқ»-ро баҳудаву беҳуда, тез-тез ба забон нагиранд, ман чунин таклиф мекунам: Аввалан ин ки Шӯрои уламои Тоҷикистонро лозим аст қароре ба тасвиб расонад, ки вожаи «талоқ»-ро ба воситаи телефон ё касеву навиштаҷоте манъ намояд. Баъдан оилаҳое, ки ҷангу ҷидол мекунанду дар ҳолати қаҳру ғазаб ба эҳсосот дода мешаванд ва ба хулосаи ниҳоӣ ояд, ки занашро талоқ диҳад, дар ин ҳолат  ба суд муроҷиат кунанд. Агар суд онҳоро ба муросо оварда натавонист, танҳо ва танҳо баъди ҳалномаи суд метавонад вожаи «талоқ»-ро ба забон гирифта, занашро сар диҳад. Агар касе бе муроҷиат ба суд талоқи динӣ диҳад, ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Чӣ хеле, ки аввал никоҳи давлатӣ сурат мегирад ва баъд никоҳи динӣ.

Таваралӣ Авсақолов, н.Фархор

 

Матлабҳои дигар