Принт

Кӯмаки башардӯстона мақсаднок тақсим шуд

Дар нашрияи «СССР» (аз 6 августи соли 2020) хабари танқидии Ҳ. Сафар бо номи «Файзобод:«Кӯмаки башардӯстона куҷост?» дарҷ гардидааст. Хуб мешуд, агар Ҳ. Сафар пеш аз навиштани хабари хеш аз масъулони МИҲД ноҳия факту рақами аниқро дастрас мекард. Зеро кумаки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳия ворид гардида, асосан аз маводи хӯрока (картошка, пиёз, сабзӣ, орд, макарон, биринҷ, равған, марҷумак ярма) иборат буд ва дар маҷмӯъ 202248,5 сомониро ташкил медод. 

Кумаки воридшуда мақсаднок, пеш аз ҳама тибқи дастур ба 710 нафар духтурон, ҳамшираҳои шафқат ва кормандони беморхонаҳо, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия тибқи рӯйхат тақсим гардидааст. Аз ҷумла ҳамаи кормандони бунгоҳи саломатии деҳаи Заркамар, тавре мудири бунгоҳ Вайсиддин Сафаров зимни суҳбат иброз дошт, аз кумаки болозикр 56 кг картошка, 160 кг пиёз, 120 кг сабзӣ, макарон 35 кг, биринҷ 28 кг ва 8 кг марҷумак ва ярмаро тибқи рӯйхат қабул намуда, ба кормандонаш тақсим намуда, дастхати онҳоро гирфтааст. 

Ҳамчунин тибқи борхатҳои тасдиқкунанда мудири бунгоҳи деҳаи Заркамар Вайсиддин Сафаров аз 1.04.2020 то ба имрӯз 1 адад либоси изолятсионӣ, 28 адад халату комбинзонҳо, 174 адад ниқоби тиббӣ, 200 дона дастпӯшак ва дигар маводу ашёҳои пешгирикунандаро қабул намудааст. Кумаку ёриҳои башардӯстонаи ба ноҳия воридгардидаро, ки дастраси табибону дигар ниёзмандони ноҳия гардидааст, нашрияи ноҳиявии «Набзи Файзобод» дар шумораҳои 11 ва 15-и соли 2020 пурра чоп кардааст.

М.Каримзода, муовини якуми раиси ноҳия     

 

Матлабҳои дигар