ХАБАРИ ДОҒ

Буттаҳои хоҷагии ҷангалро буриданд…

  • Чоршанбе, Окт 28 2020

Мақолаи журналист Саидҷаъфар Сафарзода, ки дар ҳафтаномаи «СССР» аз 6.08. 2020, № 30 (619) таҳти сарлавҳаи «Суди Хуросон посбони таърихро ҷазо дод» ба нашр расидааст, якҷоя бо маводи парвандаи ҷиноятӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд. 

Муайян гардид, ки бо ҳукми суди н.Хуросон аз 22.06.2020 Манонов Холмаҳмад Нуруллоевич бо моддаи 234 қисми 1 Кодекси ҷиноятии ҶТ (ғайриқонунӣ буридани дарахт ва буттаҳо) гунаҳкор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ ба муҳлати 200 соат берун аз вақти асосӣ, вале на зиёда аз 4 соат дар 1 рӯз таъин карда шудааст. Аз ҳисоби Манонов Х.Н. ба манфиати хоҷагии ҷангали ба номи А. Холови ноҳияи Хуросон зарари моддӣ ба маблағи 7540 сомонӣ рӯёнида шудааст.

Манонов Х.Н. барои он аз тарафи суд маҳкум гардидааст, ки ҳамроҳи бародаронаш Манонов Ф.Н. ва Манонов И.Н. дар мавзеи Сайёди заминҳои фонди озоди хоҷагии ҷангали ба номи А. Холови н.Хуросон бе гирифтани чиптаи дарахтбурӣ 65 адад буттаҳои гази тарро бурида, ба хоҷагии ҷангали номбурда ба маблағи 7540 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.

Дар мақола оварда шудааст, ки парвандаи ҷиноятӣ дар заминаи ғарази шахсӣ бо ҷангалбон сурат гирифта, посбони мавзеъи таърихӣ-Қалъаи қадимаи Сайёд Манонов Холмаҳмад барои тоза намудани даромадгоҳи қалъа ғайриқонунӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст. Маоши Манонов Х.Н. ҳамагӣ 330 сомонӣ буда, ӯ наметавонад маблағи зарари муқарраршударо пардохт намояд. Вақте журналист аз судяи суди н.Хуросон далели гунаҳгории маҳкумшударо пурсидааст, ӯ ҷавоби дилбазан додааст, ки «агар гунаҳгор розӣ нест ба суди болоӣ шикоят кунад», вале судҳои болоӣ қарорҳои зерсохторҳои худро бетағйир мемонанд.

Омӯзиши маводи парванда нишон дод, ки гунаҳгории маҳкумшуда Манонов Х.Н. дар ғайриқонунӣ, бе ба даст овардани чиптаи хоҷагии ҷангал буридани 65 адад буттаҳои гази тар, бо нишондодҳои Довудхуҷаи Саидхуҷа намояндаи ҷабрдида-муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи А. Холови ноҳияи Хуросон, шоҳидон Аҳмадов М., Ҳасанов М., Манонов Ф., Манонов Ф., Манонова Г., Эралиев Х., Боймуродов Ф. протоколҳои азназаргузаронии ҷойи ҳодиса  ва далелҳои шайъӣ, суратлавҳаҳо ва навори видеоӣ исботи худро ёфтааст.

Бояд қайд намуд, ки тибқи ҳуҷҷатҳои дар парвандаи ҷиноятӣ ҷамъовардашуда 65 адад буттаҳои бе иҷозати махсус аз ҷониби Маноновҳо буридашуда ба ёдгории бостонии Сайёди муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон», ки маҳкумшуда Манонов Х.Н.  дар он ба ҳайси посбон кор мекунад, тааллуқ надошта, ба фонди озоди хоҷагии ҷангали ба номи А. Холови н.Хуросон мансуб мебошад.

Ш.Лутфуллозода, муовини якуми раиси Суди Олии ҶТ

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter