Принт

Макрон ва Ислом

Ҳар кӣ бар душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад!!!

Пештоз мегӯям, коре дар Фаронса шуда истодааст, таҳрики олами ислом аст. Мо мусалмонон, агар воқеан мусалмонем, бояд донем (агар китобе хондаем), ки Ҳазрати рисолатпаноҳ, Муҳаммад (С) ҲАБИБ, ДӮСТИ Худост ва фикр дорему доред, ки Худо дӯсти худро бештару хубтар аз ману мо ҳифз карда наметавонад?

Бо ин чӣ гуфтаниям?  Ба доми иблисони фарангӣ нағелед! Ин дом барои Ислом аст. Ва доми хеле баде, ки садсолаҳо онро кофтаву ёфтаанд…

Вале дар ин гирудор, яъне сарбуррии чанд фаронсавии насронӣ, қатлу кушторҳои гӯиё барои карикатураи паёмбарамон, моҷаро 1 нозукие дорад, ки бояд дарк кард:

- ЯГОН мусалмони хавориҷ дар ин кишвар даст ба қатлу куштори насрониён назадааст, ки ба мо талқин мекунанд. Ҳама кори афродест, ки чун террорист дар кишварҳои худ мехостанд давлати исломиву хилофат барпо кунанду баъдан чун фирории сиёсӣ ба Пориж паноҳанда шудаанд. 

Яъне чӣ? Яъне кори «спец-служба»-ҳои Пориж аст ин хунрезиҳо. Зеро фарзи мисол, агар ба гуфтаи Макрон-президенти Фаронса, «фанатикҳои исломӣ ва пасмондаи ҷамъият» ин корро мекарданд, маъзарат мехоҳам, дунё пури фаронсавист…Чаро он ҷо коре намекунанд? Ҳаргиз таҳрикдиҳанда нестам. Фактро мегӯям. Далели раднопазирро.

Ва медонед чаро? Зеро ин ба ном «террористони исломӣ», фанатҳои исломӣ, мутаассибини исломиро худи Пориж омода мекунад. А, ту, хонанда гиромӣ, фикр доштӣ, ки кӯдаке аз Чеченистон дар синни 2-3 солагӣ Фаронсаи пешрафта мераваду сипас «мутаассиб» мешавад? Хонанда оё медонад, ки фарзи мисол, пешвоёни Инқилоби Исломии Ирон чандин сол дар Фаронса мезистанд?

Франсуа Макрон-президенти ин кишвар, ки симои аслии худ, яъне исломбадбинияшро нишон дод, ҳамон Попи Рум (Урбани II) аст, ки 26.11.1095, яъне 1025 пеш, бо ислом ҷанги салибӣ эълон карда буд. Ва акнун ёд оред, «Ҷанги Салибии Буш»-ро дар соли 2001… Таърих такрор мешавад? Асло на. Инҳо таърихро барвақт навиштаанд. Усома бен Ладен дастпарварашон буд ва ҳоло 1 чечени бечораи 18-соларо «душмани насоро» сохтанд. Именно, сохтанд!

Чечени 18 сола-Абдулаҳ Анзоров, ки гӯиё сари муаллими таърихро барои нишон додани карикатураи паёмбари ислом (с.) буррид, касе ҳатто намепурсад, ки дар ун мактаб мехонд ё на? Ва агар намехонд, чигуна ва кӣ ин хабарро ба ӯ расонид?! Ва умуман ин ҷавон ким буд?

Рамзан Қодиров, президенти Чеченистон гуфт, «гуноҳро сари чеченҳо напартоед! Ӯ ҳамагӣ 1 бор ва он ҳам дар 2-солагиш дар кишвари мо буд. 16 сол дар Фаронса тарбият меёфт ва фаронсавист!!!». Воқеан ҳам, фарзи мисол, 1 гурезаи сиёсии исломгарой аз ҲНИ, агар мабодо баъди 15 СОЛ АВРУПОИЕРО қатл кунад, бояд мо-Тоҷикон азияти виждон кашему мунтазири бомбаҳои НАТО шавем? Воқеан ҳам аллакай чанд тоҷикро бо ҷурми ҳамкорӣ бо созмонҳои террористӣ дар Германия қаппидаанд...

Вале муҳимтарин сухане, ки Рамзан Кодиров гуфт, ин буд:

-Мусульмане, не поддавайтесь провокациям!

Воқеан ҳам мо бояд ба иғво дода нашавем! Макрон фаронсавӣ нест. 1 лаққиест, ки мехоҳад бо ин суханаш дубора мардум ба ӯ овоз диҳад. Фаронсавӣ шахсан барои ман Александр Дюма аст, ки то ҳанӯз асарҳояшро мехонам. Пориж барои ман Лувр аст, Эйфел аст, Наполеон аст… Ва ахиран Пориж барои ман хонум Ясмин Гуедар-собиқ сафири ин кишвар дар Тоҷикистон аст, ки барои рушди муносиботи фарҳангии мо талошҳо мекард.

Фаронса Макрону Марин Ле Пен-пешвои фашистони ин кишвар нест, ки худашон мусалмононро таҳрик медиҳанду менависанд «фашизми исломӣ тан-тана дорад». Чӣ хуш гуфт, Раҷаб Эрдуғон-президенти Туркия дар ҷаласаи СММ, ки «Макрон 1 девона аст. Ӯро бояд девонахона бурд!». 

Ва аз ҳама охир, чун журналист, аз Макрони «ошиқи озодии сухан» суолгузорӣ мекунам:

-Он аблаҳие, маъзарат, харигарие, беодобие ки маҷаллаи «Шарли Эбдо» дар ҳаққи пайғамабри ислом кардаву мекунаду аз паси ин «озодӣ» мардуми бечораи фаронсавӣ мефавтанд, ба кадом меъёри журналистӣ посухгӯст? «Озодии сухан» ба маъние нест, ки фарзи мисол бо хондани чанд сатри бехирадона сари чанд кас бупарад. Устоди журналистикае дар Шветсия бору гуфта буд:

-Ягон факт, далел, озодӣ, демократия, популизм, ба журналистика иҷозат намедиҳад, ки ҷони мардумро ба хатар гузорад…

Шояд Кабирӣ ва аъзои ҲНИ, ки дар Аврупои «исломдӯст» паноҳанда шудаанд, ба ин суол ҷавобе доранд? Охир онҳо-ку моро сӯи «озодии аврупоӣ» бурданианд???

Воъизон, к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд-он кори дигар мекунанд…

PS: Банда бо тамомии нафароне, ки Макрони, ба гуфти Эрдуғон, психопатро дастгириву пуштибонӣ мекунанд, зидд ҳастам ва зидд мемонам!!!

 

Матлабҳои дигар