ХАБАРИ ДОҒ

Дар 1 нишасте бо нафаре ҳамсуҳбат шудам, ки кам-кам аз сиёсат низ бохабар буд. Дар ибтидо суҳбат қариб ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишварамон рафту оқибат ба сиёсат омада расид. Ман хостам суҳбатро хотима бахшаму дар охир гуфтам, ки мо тоҷикон бояд ҳазорон маротиба шукронаи Офаридгорро намоем, ки ба мо Эмомалӣ Раҳмон барин сарвари мушфиқу меҳрубонро насиб гардонидааст. Ҳамсуҳбатамон ногаҳон гуфт:

- Бародараш Нуриддин низ беҳтарин шахсият буд. Якчанд сол пеш дар майдони ҳавоии н.Данғара кор мекардем. Рӯзе ҳангоми ба кор рафтан дар маркази н.Данғара нохост 1 мошини хориҷии зебое наздамон омада истод. Мо ба самти аэропорт гуфтему он мард савор шавед гуфт. Ба роҳ баромадему дар суҳбат даҳонамон гарм шуда, оиди сохтмонҳо ва ободии Данғара суханони зиёди ногуфтанӣ ҳам гуфтем. Чунон зиёд гуфтем, ки чи тавр ба объекти корӣ расиданамонро нафаҳмида мондем. Аз он мошин фаромада ба ронанда, ки ба мо ҳеҷ ҳамсуҳбат нашуда буду ҳатто ба бемаънигиҳои мо ҳарфе нагуф, хайру хуш кардем. Дар мошини акои Президент ба ҷои кор омадем! 

Ба ҳамдигар нигоҳ карда мот шуда мондему дигарчи гуфтанамонро надонистем. Гумон кардем, ки ҳозир кормандони мақомотҳо омада моро мебаранду хушрӯяк лату кӯб мекунанд. Дастамон пеши кор каме рафт. Дигар дар хиҷолат монда, чи кор карданамонро намедонистем. Дақиқаҳо мегузаштанд. 

Ҳанӯз вақти хӯроки нисфирӯзӣ нашуда буд, ки ҳамон мошини зебо дар дур намоён шуда, рост ба самти мо ҳаракат кард. Дасту поямонро ларза гирифта буду мошин торафт наздиктар мешуд. Акаи Нуриддин аз мошинаш 1 лаганд оши кори калон, нон ва обҳои нӯшокӣ оварду он рӯз хуб ошхӯрӣ кардем. Ин аст хоксориву мардумсолорӣ!

Ҷаббор Раҷабов, 

ш.Кӯлоб

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter