Принт

Мо Путин-параст нестем!

Салом газетаи мардумии “СССР” ва бародари азизам Сафват! Мо Путин-параст нестем. Шӯравӣ дигар буду Путин дигар аст. Дар давраи Шӯравӣ қариб ба ноҳияҳои баландкӯҳ самолётҳо мепариданд ва мусофир мекашонданд. Нархи чиптаи самолёт дар масири Кӯлоб-Сарихосор 3 рубл, Кӯлоб-Ховалинг 2 рубл, Кӯлоб-Душанбе 6 рубл, Кӯлоб-Ленинобод 12 рубл буд. Автобусу тролейбус ва мошинҳои сабукраву таксиҳо ҳам будаанд. Магар таксиҳои тамғадори зебои ГАЗ-24-ро фаромӯш кардаед. Он ГАЗ-52, ЗИЛу тележкаҳое, ки Шумо мегӯед, мо аз шавқу завқу муҳаббат ба онҳо менишастем, чунки он ронандаҳо коргарони заҳматкашу чақчақӣ будаанд ва аз мусофирон пул ҳам намегирифтанд. Он “Запороже”, ки шумо мегӯед, барои маъюбони ҶБВ будаанд ва ҳамчун туҳфа дода мешудаанд. Магар аз ҳамон зулму ситами амир Олимхон ё хару аробаи он халос шуда яку якбора ба ГАЗ-52-53, ЗИЛу трактор нишастан афсона нест? СССР ҳамчун "ҚишлоҚи тиллоӣ"-и Раҳим Ҷалил дар ёдҳо боқӣ мемонад. Васфи СССР ба гуфтан тамом намешад бародар. Агар зиёд нависам эшони Исмоилҷон қабулаш намекунад. 

Ҷ.Шарифзод, н.Восеъ, тел: 987149096

 

Матлабҳои дигар