Принт

Пайкараи сохти шӯравии Восеъ ҳанӯз маҳфуз аст

Бахши фарҳанги н.Восеъ зимнан изҳори сипоси хешро ба сардабири ҳафтаномаи мардумии «СССР» Сайёфи Мизроб ва аҳли кормандони эҷодиаш, бахусус ба рӯзноманигор Ҷумъа Муродов, ки дар мақолаи хабарии «Магар ҳайкали Восеъ ёдгории таърихӣ набуд?» мерасонад. Шоёни таҳсин аст, ки ҳафтанома доимо бо бо аҳли фарҳанг дар масоили доғи рӯз ҳамкорӣ дорад. Муаллиф барҳақ доир ба масъалаи ниҳоят аҷманди сифр миллӣ-эҳёи муҷассамаи қаҳрамони безавол Восеъ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ изҳори назар намудааст. Мо аз Ҷумъа Муродов барин устодон ифтихор менамоем, ки дар тарбияи ахлоқии ҷомеа назаре фикандааст. 

Бахши фарҳанг бо якҷоягии МИҲД-и ноҳия баҳри ободии ноҳия дар партави ҳидоятҳои Пешвои муаззам, Эмомалӣ Раҳмон кушиш менамоянд, ки рисолати хешро иҷро намоянд. Туҳфаи арзандаи мардуми заҳматкаши ноҳия, ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти кишвар ва бо шарафи ташрифи кории Пешвои муаззам ба н.Восеъ рӯзи 24.09.2020 Гулгашт ва муҷасамаи Восеъ кушода шуд. Дар созандагии ин муҷассамаи нав шахси бовариноки Пешвои муаззам вазири вазорати молияи ҶТ Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва раиси МИҲД н.Восеъ Шарбатулло Азизулло хизмати арзанда доранд. Зимнан хотирмон месозем, ки дар замони рукни ҷанги мулкӣ ҳайкали қаҳрамони миллии шуришгари адолатхоҳ Восеъро, ки замони Шӯравӣ сохта буданд аз байн чун ҳайкалҳои дигар валангор намуданд. Баъдан муҷассамаи дигари Восеъро сохтанд, ки ба талабот ҷавобгу набуд. Бинобар ҳамин сабаб тасмим гирифта шуд, ки муҷассамаи дигар сохта шавад, ки ба тамоми рукнҳои қаҳрамони халқӣ амсол бошад. 

Ба самъи ҳафтавори «СССР» ва муаллифи мақола мерасонем, ки пайкараи сохти Шӯравии Восеъ то кунун маҳфуз буда, оиди аз нав таҷдиди ҳайкали замони Шӯравии Восеъ то ҳол баррасӣ наёфтааст. Дар ҳолати таҷдидёбии он мо, албатта ба ВАО махсусан ба нашрияи маҳбубамон «СССР» хабар медиҳем. Кормандони бахши фарҳаги н.Восеъ, бахусус Нозироти ёдгориҳои таърихӣ аз ҳамкорӣ бо ҳафтаномаи мардумии  «СССР» изҳори қаноатмандӣ менамояд. 

Дӯстмурод Ёрматов, нозири ёдгориҳои таърихии н.Восеъ 

 

Матлабҳои дигар