Принт

Ба ҳақиқати Дониш шубҳа накунем

 

Дӯстам Сайёф, пас аз салому пайғомҳои самимӣ диққати Шуморо ба як матлабе ҷалб менамоям, ки дар рӯзномаи Шумо 5 –уми ноябри соли 2020 бо унвонҳои “Аҳмади Дониш дар масхараи амирон “гузаронид” (саҳ.1), “Дар мавриди саҳви бузургон” (саҳ. 11.) чоп шудааст. Аз имзо нафаҳмидам, ки онро муаллиф мустақиман ба редаксияи шумо фиристодааст, ё аз рӯзномаи ноҳиявии “Тахти Қубод” барои бознашр омода кардааст. Ба ҳар ҳол муаллиф шахси босавод ва соҳибақида менамояд ва хуб кардед, ки хонандагонатонро ба чунин андешаҳо ошно намудед.

Муаллифи ин матлаб қаблан аз беақлию нодонии  амирони ин сулола (манғития- И.У.) дар партави ақида ва назарияи шӯравӣ дар тааҷҷуб шуда, аз “гузаштагони худ” афсӯс мехӯрдааст, вале бо “қироати сарчашмаҳои гуногун ва соҳиб шудан ба таҷрибаи ҳаёт назараш “ба шоҳону амирони Бухоро андаке бошад ҳам дигаргун шуда”-аст. 

Албатта боиси ифтихор ва хушист, ки ин муаллифи Шумо, Сайёф, дониши худро такмил медодааст ва ҳақиқатро донистан мехостааст. Мутаасифона, дар муҳити кишвари мо ин гуна касон зиёд нестанд. Аммо тааҷҷубовар он аст, ки вай чӣ гуна асар ва аз кадом манбаъҳои асрҳои ХVIII-ХХ хонда бошад, ки дили нозукаш аз гуфтаҳои Аҳмади Дониш нисбати амир Музаффар озор гирифтааст ва ба каломи худаш “ба хулосаи комил омада”- аст, ки “Аллома Дониш дар ин китоб (“Рисола” -И.У.) ба муболиғаҳои бисёр дар сифати амирони ин сулола ва ба хусус Музаффархон, роҳ додааст”. Муаллиф “Сифат” гуфта, хандаву кинояву масхараро дар назар дорад. Ба ин сабаб, ӯ тасвиреро меорад, ки чӣ гуна амир Музаффар аз артиши русҳо фиррор кардааст. Воқеан Дониш дар он парча сахт, ба тавре, ки ба помфлетнависони чирадаст хос аст, ба амир механдад. Аммо ин диди ҳамзамони амир, шинохти адиб он воқеаи таърихиро мебошад, ин гувоҳии шоҳиди воқеа аст, ки баъди яксаду ҳафтод сол Акбар Насимӣ аз таври тасвир шудани аҷдодаш аз Дониш ранҷидааст. Дар тасвири Аҳмади Дониш ҳолате ҳаст, ки “дар ин гуреза амир низ фурсати нуқси ҳоҷат наёфта” ба он гирифтор шудааст.

Муаллифи ин мақола ба тасвири воқеии ҳолати амири манғит, ки дар қолаби сатира сурат гирифтааст, эътироз дорад, ҳол он ки тамоми олимон ва адибон, ки таърихи адабиёти тоҷикро медонанд, ҳазор сол боз ба нақле бе чуну чаро бовар мекунанд, ки амири Бухоро пас аз шунидани шеъри Рӯдакӣ “Ояд ҳаме” мӯзаашро напӯшида ба роҳ баромад.  

Акбар Насимӣ ин тасвири Донишро сохта ва моли дигарон тахмин мекунад. Барои ҳамин ҳам андешаҳое дар бораи номи асар ба вақти аввалин бор ба даст омадани он, чаро устод Айнӣ дар ин маврид чизе нанавиштанаш гумонҳои таҳрикангезе пеш мегузорад. Маълум мешавад, ки ҳанӯз Донишро пурра нашинохтааст. Ҳамин қадар мегӯем, ки ин сабки навишт услуби Аҳмади Дониш аст, ин воқеаи тасвиршуда дар замони Дониш, қабл аз таваллуди устод Айнӣ будааст. Шояд устод зарурати такрори ин воқеаро дар асарҳояш надидааст. Аммо дар бораи разолати хонадони минғитиҳо ӯ ҳанӯз солҳои 1920-1921 дар бештар аз 40 шумораи рӯзномаи “Шуълаи инқилоб” асаре навишт, ки баъдан ба номи “Таърихи амирони манғитияи Бухоро” китоб шуд ва дар ҷилди даҳуми Куллиёти устод шомил аст. Дар ин асари устод Садриддин Айнӣ, ки ба чанд рисолаи асрҳои ХVIII-ХХ такя мекунад, дар бораи бадахлоқӣ бадкорӣ ва золимияту худхоҳии қариб ҳамаи амирони манғитӣ сухан меравад. 

Ба ақидаи устод замони манғития “ҳукумате, ки ба хондан ва босавод шудани халқ розӣ нест, ҳайати идорае, ки дар давоми асрҳо пӯсти халқро чун пӯсти гӯсфанд канда меояд” мебошад. Устод Айнӣ ҳам ба макру ҳияли амирони манғитӣ сахт хандидааст.

Воқеан, соли 1920 фарзанди дигари халқи тоҷик Абдулқодир Муҳиддинов низ дар рӯзномаи “Озод Бухоро” ба навиштани таърихи ин амирон даст зад ва чанд порчаи асараш ба табъ расид.

Муаллифи мақолаи “Дар мавриди саҳви бузургон” гумон накунад, ки бузургон ба сабаби идеологияи шӯравӣ дар мавриди амирони манғитӣ чунин “саҳв” кардаанд. Не, ҳар адиб ё олиме, ки худро эҳтиром мекарду дар ҳамон 170 соли салтанати онҳо ба сар бурдааст, бо нафрату киноя аз онҳо ёд кардааст, ба истиснои резачинони дарбор, ки дар ҳар асру замон як сурату як адаб доштанд. Танҳо навиштаҳои мутафаккирони аввали асри ХХ (то инқилоб) Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Абдурауфи Фитрат, Мирзосироҷи Ҳаким барои гуфтаҳои мо ба таври кофӣ далел доранд.

Давлатдорӣ ва маънавиёти манғитиёнро танҳо замони шӯравӣ не, ҳатто империяи рус не, балки ҳамаи аҳли фаросати олам маҳкум кардаанд. Барои таъкиди ин фикр танҳо як мисол меорам. 

Исломшиноси номии немис Август Мюллер, ки дар охири асри Х1Х фавтидааст, таърихи интишори исломро дар тамоми олам дар панҷ ҷилд китоб баён намудааст ва дар мавриди мустамликаи Русия шудани Бухоро сухан ронда, аз ҷумла мегӯяд (ман иқтибосро бо забони русӣ меорам, чун тарҷумаи тоҷикии ин асар вуҷуд надорад ва агар худам тарҷума кунам, маъно халал ёфтанаш мумкин аст): 

“Поглощение ханств (Бухара и Хива) Россией было истинным счастьем для населения всех этих стран. Никогда и нигде в мире не существовало более негодного управления, как в этих ханствах. (А. Мюллер. История ислама.М., Центр-Полиграф. 2018, т.3,стр 331).

Ана ҳамин хел.

Сайёф, шояд гумон кунед, ки вай фикри як одам буд, ин қадар ҷавоби тӯлонӣ чӣ даркор? Даркор, авалаш он муаллиф бесавод нест ва бояд ба ҳақиқат аз нигоҳи илм наздик шавад. 

Дувум, Аҳмади Дониш аз бузургони хеле бузурги мост ва устод Садриддин Айнӣ дар адабиёти классикии мо дар ин сатҳ се нафарро дидааст: Рӯдакӣ, Сино ва Дониш. 

Мо бояд аз онҳо ифтихор ва ҳимоя кунем. Ва ниҳоят соҳибмақола “гузаштагони худ” гуфта, амирони манғитро ҳимоя ва Аҳмади Донишро айб кардааст. Нашавад, ки дар Тоҷикистон касони дигаре ҳам бошанд, ки арабҳо, муғулҳо, темуриҳо ва дигаронро “Гузаштагони худ” донанду ба ин сабаб аз гиребони ҳаҷвнависоне чун Фирдавсӣ, Зоконӣ, Мушфиқӣ ва дигарон гиранд. Баъд мо бо кӣ мемонем?!

                                                                       

ИБРОҲИМ УСМОН, 

нафақахӯр

 

Матлабҳои дигар