ХАБАРИ ДОҒ

 

 

Пас аз 28 рӯзи муборизаи беамон, COVID-19 тани устод Сайёфи Мизробро тарк карду ба қавле дар пайи пои ман нишаст. Беҳоливу бемадорӣ, сулфа, табъи бадан аз 37 дараҷа гузашта, аз ин бало дарак медод. Новобаста аз ин 2-3 рӯз ба ин нишонаҳо тарсу ҳаросро як сӯ гузошта, кор кардаму аз пайи супоришҳо гаштам, аммо пас аз нисфирӯзии 22.10.2020 дар идора якбора ҳолам бад шуду бо тавсияи сардабир қарор шуд ба таври оҷилӣ ба духтурон муроҷиат намоям. 

Доктор Исфандиёр ва тавсияи ӯ

Бо маслиҳати Хушвахт Шарифзода, сардори Раёсати тандурустии ш.Душанбе набзу ҳарорати баданро то субҳ санҷида, чанд қурси «Паратсетамол» ва чойи гарм хӯрда, зери кӯрпаи ғафс дар хона хобидам. Субҳи 23.10.2020, вақте дидам, ки ҳарорати бадан аз 36 дараҷа поин аст, сӯи Беморхонаи клиникавии сироятии кӯдаконаи шаҳрӣ, ки дар назди Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» воқеъ аст, роҳ пеш гирифтам. Новобаста аз он, ки ин беморхона бо ба итмом расидани беморон ва гузаронидани корҳои безарагардонии пурра, муваққатан баста буд, Исфандиёр Нодиров, табиби соҳибкасб ва муовини сардухтури ин беморхона маро қабул кард.

Исфандиёр Нодиров, ки зодаи деҳаи хушманзари Ворухи Исфараву дӯсти Иқбол Тешаев, журналисти варзида ва бародари журналисти хабаргузории «Азия плюс» Баҳманёр Нодиров будааст, маро хуб муоина карду дар ҳаминҷо озмоиши хуну балғам гузаронид, ки натиҷаи онҳо манфӣ баромад. Ба ин нигоҳ накарда, доктор Исфандиёр маро ба ташхисгоҳи Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» бурд, то КТ-томографияи компютерӣ гузаронем. Натиҷаи тамоми озмоишҳо тоза буданд, ба ҷуз натиҷаи КТ. COVID-19 ба тозагӣ артиши вирусҳои худро ба баданам ворид кардаву онҳо ҳамакнун ният доштанд харобкориҳои хешро аз шуши ростам шуруъ кунанд, ки доктор Исфандиёр онҳоро ошкор карду дарҳол аз гарданашон баст!

Ногуфта намонад, ки вақте мутахассисони бахши КТ-и Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» аз журналисти газетаи «СССР» буданам хабар ёфтанд, таъкид карданд, ки нороҳат набошам, ҳамагӣ 8-10% шуши ростам каме шамол хӯрдаву илтиҳоб дораду халос, «аз они сардабиратон акаи Сайёф 80%-и шушҳояш зарар дида буд, аз они шумо чизе нест!»-гӯён дилбардориам карданд…

Пас аз ба даст расидани натиҷаи тамоми озмоишҳо доктор Исфандиёр Нодиров бароям сӯзану доруҳои лозима ва тавсияҳои даркориро навишта, дар бораи бемор буданам ба Маркази саломатии №15, ки аз рӯи ҷойи истиқомат ба он вобастаем хабар дод. 

    «-Зуд ба хона рафта, бихобед! Ба шумо аз ҷой хестан ва ҳаракатҳои зиёдатӣ кардан мумкин нест! Натарсед, агар аз рӯи гуфтаҳои ман амал карда, доруҳоро саривақт қабул кунед, дар муддати 10 рӯз ба по мехезед. Парҳез накунед, ҳарчӣ хоҳед хӯред, аммо фақат сард набошад»-гуфт ӯву маро гусел кард. 

 

Изолятсия

Ба хона рафтаму ҷогаҳу болишт карда, аҳли оила ва ҳамкоронро аз бемориам огоҳ намуда, ба «изолятсия»-худинзивоъӣ гузаштам. Пас аз 2 соат духтур-нозири оилавии минтақавиамон Гулчеҳра Раҳимова ва хоҳари шафқат Шаҳноза омада хабар гирифта, дорухат ва хулосаҳои табибонро бо худ бурданд. Ҳамон бегоҳ сардурухтури Маркази саломатии №15 Ҳокима Маҳмудова ҳамроҳи духтур-нозири минтақавӣ ва хоҳари шафқат омада, тамоми доруву дармон ва сӯзандоруҳоро оварданд-ройгон ва аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии ҶТ, зери ҳар доруе, ки гирифтам имзо гузоштам!

Мушоҳида кардам, ки имрӯз духтурони тоҷик ҳамакнун роҳи мубориза алайҳи COVID-19-ро ёфтаанд, ҳоло дигар на чак-чак мегузоранду на доруҳои гаронарзишро тавсия медиҳанд. Аксарияти доруҳое, ки ҳоло ба гирифторони коронавирус тавсия дода мешавад ин доруҳо барои тунук кардани хун ва зидди микробу шамолхӯрӣ аст, амсоли «Клексан»-сӯзандоруе, ки гирди ноф мезананд ва «Курантил»-у «Бромгексин».  

Ҳамин тавр 14 рӯз худро «изолясия» карда, дар хона хобида, аз рӯи реҷаи доктор Исфандиёр Нодиров доруву дармон гирифта, аз пайи табобати худ шудам. Гоҳ-гоҳе ҳамкорону дӯстон, онҳое, ки ба қавле «антитела» доранду COVID-19-ро аз сар гузаронидаанд, ба хабаргириам меомаданд. Воқеан ҳам хандаву вақти хуш яке аз заминаҳои зудтар шифо ёфтан аз ин вабо будааст. Дар бораи тарзи табобат ва чӣ кор карданам намегӯям, зеро чанд шумора пештар устод Сайёфи Мизроб дар бораи бемории хеш ва тарзи табобат ёфтанаш муфассал навишта буд. Агар гӯям, ки ман ҳам дар ин 12 руз аз тавсияҳои эшон истифода кардам, дурӯғ нахоҳад буд.

 

Занги вазир

Баъд аз чанд рӯзи хобиданам Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии ҶТ занг зада, аҳволпурсӣ намуд. Шунида будам, ки мавсуф рӯйхати тамоми беморонро шабонарӯзӣ дастрас намуда, шахсан занг зада, ҳолу аҳвол мепурсад, вале интизор надоштам, ки ба ман низ занг мезанад. Ҷамолиддин Абдуллозода дар бораи вазъи саломатиам, расидагии доруворӣ ва муоинаи табибони минтақавӣ пурсид ва ҳатто гуфт, ки «Ягон хизмат ба мо нест?». Арзи сипос кардаму гуфтам пас аз занги шумо бояд ҳатман ба зудӣ бихезам!

Пасон ҳамсояи ошёнаи боло, ки ӯ ҳам гирифтори COVID-19 буду дар хона муолиҷа мегирифт, гуфт, ки Ҷамолиддин Абдуллозода низ шоме бо ӯ тамос гирифта, аҳвол пурсидааст.

Он, ки дар ҳақиқат масъулин бо ҳар 1 бемори гирифтори COVID-19 дар тамосанд дар ин чанд рӯзи беморӣ шоҳид гаштам. Аз рӯзи якуми беморӣ масъулони Раёсати тандурустии ш.Душанбе сар аз сардор Хушвахт Шарифзодаву муовинону мудирони шуъбаҳо, сардори Маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологии ш.Душанбе Амирзода шахсан занг зада, ҳолу аҳвол мепурсиданд. Барои онҳо муҳим набуд, ки журналист аст, омӯзгор аст ё бекор, муҳим он буд, ки бемор асту бояд табобат ёбад ва сироятро аз худ дур кунад. Ва вақте занг мезаданд намепурсиданд ту кистиву чӣ кор мекунӣ, «Бемор, ҳолатон хуб аст?» буд саволи нахустинашон. 

 

Табибон дар хидмати халқ!!!

Сардухтури Маркази саломатии №15 Ҳокима Маҳмудова низ дар 2-3 рӯз 1 маротиба ба бинои истиқоматии мо омода, аз ҳоли беморон-ман дар бино танҳо набудам, хабар мегирифт, дору меовард. Яъне, новобаста аз коҳиш ёфтани гирифторони ин вабо табибони ҳозиқи тоҷик боз ҳам бо он даст ба гиребонанд. 

Ман дар симои Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии ҶТ, Хушбахт Шарифзода, сардори Раёсати тандурустии ш.Душанбе, Исфандиёр Нодиров, муовини сардухтури Беморхонаи клиникавии сироятии кӯдаконаи шаҳрӣ ва Гулчеҳраву Шаҳноза аз тамоми табибоне, ки то ин дам ва имрӯз низ дар ин ҷабҳа-мубориза бо вабои нав COVID-19 қарор доранд, аз номи худ ва ҳамсояҳоям арзи сипос менамоям. Дастатон дардро набинад!

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

09.11.2020

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter