ХАБАРИ ДОҒ

Додоҷон Атовуллоев: ҒУРУБИ ҒӮЛАДИНГ

  • Чоршанбе, Нояб 18 2020

 

 

3.11.2020. Соат ба вақти Олмон 14:05  дақиқа.  Ангорае ба портрети роҳбари ҳизби исломии Тоҷикистон аз панҷараҳои сафорати Амрико дар Душанбе ва ё идомаи “Секс дар рӯи ҷойнамоз”

 

ЧЕҲРАНИГОРИИ АМРИКОӢ

Дипломатҳо дар ҳар кишвари дунё ба як шева ҳарф мезананд, ки онро метавон забони дипломатӣ номид. Номаҳои маҳрамонаи сафирони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон, ки сомонаи машҳури WikiLeaks нашр кард, розҳоеро ошкор карданд, ки на ҳама онҳоро медонистанд, агар медонистанд ҳам ба гӯши ҳамдигар дар ошхонаҳо ба забон меоварданд. Роҳбари исломиёни тоҷик аз шахсиятҳои “бурун аз танқид” ҳисобида мешуд. Бештари журналистоне, ки аз сиёсат ва ҳаёти сиёсӣ менавиштанд ё аз тарафдорони ӯ меҳаросиданд, ки кушта мегарданд ва ё барои хомӯшӣ “ҳавасманд” гардонида мешуданд. 

Дар омади гап бояд гуфт, ки Кабирӣ бартариҳои рекломро хуб медонад. Медонад, ки мубаллиғи хуб аз гулмехи зангзада ҳам метавонад, спагетии беҳтарин офарад. Кабирии мумсик танҳо дар харидани мубаллиғон Ҳотами Той мешавад. Ҳоло рӯй меоварем ба меҳмониҳо ва розрезиҳои Кабирӣ дар сафорати Амрико, ки торнамои Викиликс гузоштааст. 

WikiLeaks марбут ба Тоҷикистон чанд номаро нашр карду халос. Аз ҷумла, дар чанд нома номи он замон ноиби аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагон - Муҳиддин Кабирӣ омадааст, ки ҳоло бархе аз онҳоро варақ мезанем. 

 

БОЗИГАР

Як ҷавони музофотӣ аз хонаводаи тиҳидасте ба осонӣ ба як қиморбозе табдил ёфт, ки дар казинои сиёсии кишвари худ, бештари вақт бо бурд бурун меомад ва ба як сарватманд (бо андозаҳои тоҷикӣ) бадал гашт. Бар казино пирӯз омадан осон нест. Имкон дошт рӯзе бо Ҷекпот (ҷоизаи гаронтарин дар бозиҳои азартӣ) бурун ояд. Аммо ҳукумати Тоҷикистон ӯро ба аҳдшиканӣ ва ҳилаву тазвир айбдор намуд, ҳизбашро аввал баст, баъдан ба гурӯҳҳои террористӣ дохил кард ва худашро бо ду дасти адаб аз кишвар гусел кард.

Ҳоло Муҳиддин Тиллоевич Кабирӣ бо аҳли оилаи калон ва авлодаш дар Аврупо бозиҳои сиёсии худро идома медиҳад. Бо кейси нав, тарҷумаи ҳоли нав, шиорҳои нав, дар “казиноҳои сиёсӣ”-и нав.

 

КАЛЛАИ БЕСАЛЛА

Салла ва риши дароз ҳамеша аз атрибутҳои як пешвои исломӣ буд. Аммо Кабирӣ на салла мебаст ва на риш мемонд. Бо ин амалҳои худ мубалиғонаш варо як исломии модерн сифат мекарданд. Ҳатто як хабарнигори амрикоӣ ӯро чунин тавсиф карда буд: вай ҳамеша ришашро тип-тоза метарошад.

Аммо ин “тозагӣ” танҳо ба риш дахл дошт ва ҳарифонаш оҳиста-оҳиста саҳнаҳои мубҳамеро аз духтарбозӣ то бозиҳои махуфи сиёсии ӯро расонаӣ карданд.

Ин ҳама фошкориҳо чеҳраи дигари Кабириро намуд. “Артист”, “бӯқаламун”, “кӯзаи холӣ”, “савдогари сиёсӣ” – лақабҳои боодобонае буданд, ки ба ӯ часпонида шуданд.

 

БӮҚАЛАМУН

Ҳолномаи Муҳиддин Кабириро агар бо як калима ифода бинамоем, аз бӯқаламун (хамелеон) беҳтар вожае нест. Ҳаргиз бӯқаламун ба маънои хазандагони сусмормонанди кишварҳои гарм, ки ранги пӯсташонро вобаста ба муҳит тағйир медиҳанд не, балки ба як шахси ноустуворе, ки фикру қарори худро оҷилан вобаста ба муҳит ва вазъият тағйир медиҳад. Ба як шахсе, ки шариъатгузор асту ҳизби худро ҳизби Аллоҳ муаррифӣ менамояд, на танҳо ҷавонони носанҷида, балки намояндагони коркӯфтаи кишварҳои абарқудрат бовар менамоянд.

Чӣ қадар маккор бояд буд, ки бо ду душмани ашаддӣ – ҶИЭ ва ИМА ишқ биварзӣ. Ҳам гови Вашингтон ва ҳам гови Теҳронро биҷӯшӣ. Гоҳе сар ба рӯи синаи хирси Маскав ҳам бимонӣ. 

 

ОИНАИ ОДАМНАМО

Боре маро ба вазорати корҳои хориҷии Эрон даъват карданд: барои донистани вазъ. Сӯҳбатҳо бештар пиромуни барномаҳои тоҷикии телевизиони К+ мерафт, ки ман ба роҳ андохта будам. Ҳаққи моҳвора чанд аст? Чӣ навъ барномаҳо омода ва пахш мешаванд? Рози маҳбубияти ин телевизион дар чист?

Чун рози магӯе аслан надорам, он чӣ буд, гуфтам. Рӯзи охири сафар маро ба як дарае, ки дар тоқи он ресторани олиҷанобе буд, даъват карданд.

- Мо ба Муҳиддин Кабирӣ 2 бор маблағ ҷудо кардем. Барои лоиҳаи телевизион. Аммо ӯ бо ҳар баҳона корро кашол медод.

Ман хандидам:

- Муҳиддин наметавонад телевизион таъсис диҳад. Магар канали сериолҳо ва фароғатӣ. Ҳеҷ гоҳ. Магар шумо намедонед, ки бо ҳазор гиреҳ ӯ бо ҳукумат пайваста аст?

- Тиҷораташро дар назар доред?

- Инчунин тиҷорати сиёсияшро. Ӯ бачаи дӯстдоштаи ҳукумат аст.

Баъди чанде телевизиони “ТВ САФО” ба кор пардохт. Дарк кардам, ки Кабириро дар Теҳрон “кураторҳо” гӯшмол доданд, ки чаро дигарон метавонанду шумо не?!

Ва таъсиси телевизиони наҳзатӣ танҳо барои маблағҳои эрониро обу лой кардан (списать) буду халос. 

 

МУЛЛО – ДОН ЖУАН

Розе нест, ки ошкор нагардад. Қиссаҳои ошиқӣ ё духтарбозиҳои пешвои исломиён дар ҷомеъаи суннатӣ ва шадидан мазҳабии Тоҷикистон шӯре барангехт. Дар тасаввуру пиндору тасвираи бисёриҳо як рӯҳонӣ мисли як фаришта софу беолоиш аст. Мисли сериалҳои туркӣ телевизионҳои Тоҷикистон барномаҳоеро пахш карданд, ки шартан онро метавон “Секс бо муллоҳо” номид. Як фуч-фучу шапошапи ҷонишини Кабирӣ – Сайидиброҳими Назарро кадоме аз телевизионҳои Тоҷикистон нишон дода буд. Аммо кам касе интизор дошт, ки чунин наворҳо аз бистари Кабирӣ ҳам бурун меоянд.

Гуфтугӯи Кабирӣ бо як бону, ки маълум нест, маъшуқааш ё яке аз завҷаҳояш аст, интернети тоҷикиро тарконид. Баъди чанд рӯз худи ӯ эътироф кард, ки на танҳо ин гуфтугӯ дар ҳақиқат ҷой дошт, балки сабти пурраашро худаш ҳам дорад.

“Мо ҳам фаришта нестем!”- шарҳ дод ӯ ва инро бештари мардум чун узри батар аз гуноҳ пазируфтанд.

Аҷоибаш, амрикоиҳо солҳо пеш аз духтарбозиҳои клиенташон огоҳ будаанд. Дар номаи сафорат ба Вашингтон омадааст:

“Ҳарри Бадер хабар дод, ки Кабирӣ чандин маъшуқа дорад ва ӯ хост яке аз онҳоро бо худ [ба Амрико] барад, сафаре, ки аз тарафи Институти Миллии Демократӣ (NED – Д. А.) ташкил шуда буд. Агар чунин рафтораш ошкор шавад, он боиси беэътибор шудани мавқеи Кабирӣ дар ҳизб, бахусус дар байни аъзои тақводор мегардад”.

Ҳангоме ин мақола ба чоп омода мешуд, сардабири як рӯзномаи машҳур занг зад. Шӯхиомез гуфтамаш, куҷо нигоҳ мекардед, ки бонуи рӯзномаи шуморо роҳбари як ҳизб “ҷоду” кардааст. Чунон хандид, ки гуморидам, телефон пора мешавад:

- Асло напурсед. Кабирӣ на танҳо аз редаксияи мо, балки бонувонеро аз “Азия+”, “Авесто”, “Озодагон” ҳам ҷоду карда будааст!

 

МУҲОҶИРОН

Эътироф бояд кард, ки амрикоиҳо набзи сиёсиёни тоҷикро хуб ламс мекунанд ва аз таппиши дилу гардиши хуни онон огоҳии комил доранд. Агар ба ҳар ҳарфи дипломатҳои амрикоӣ фурӯ биравӣ ва ҳисоботи онҳоро аз забони дипломатӣ ба забони инсонӣ баргардонӣ, онҳо роҳбари исломиёни тоҷикро ба чапдастию қаллобӣ муттаҳам мекунанд. 

“2. ...Полофф ҳамчунин бо Ҳарри Бадер, директори Институти миллии демократии Амрико дар Душанбе сӯҳбат кард. Кормандони маҳаллии ӯ фаъолияти ҳизбҳои сиёсиро назорат мекунанд.”

“7. (С) [Тибқи гуфтаи Ҳарри Бадер] Кабирӣ ҷанбаи прагматикии Ҳизбро мебарад, ӯ метавонад чун роҳбари Ҳизб ва узви Парлумон эътибори калон дошта бошад, аммо ӯ чандин конфликти манфиатҳо (конфликт интересов) дорад. Оилаи ӯ бизнеси сохтмон дорад ва ӯ аз афташ ба муносибати хуб бо ҳукумат вобаста аст, то ки шартномаҳои бизнесро таъмин намояд. Овозаҳо ҳаст, ки Кабирӣ ва дигар мақомдорони Ҳизб қисмати бузурги маблағгузории муҳоҷирони корӣ ба ҳисоби Ҳизбро аз худ карда, ба манфиати худ истифода бурдаанд”.

 

ИНҚИЛОБИ РАНГА

Баъди таркишҳо дар Вашингтон ва Ню-Йорк (соли 2001) дар доираҳои сиёсии Ғарб як формулаи нав пайдо гашта буд: ҳамкорӣ бо “исломиҳои мӯътадил”. Чунин гурӯҳҳоро сафоратҳо пайдо мекарданд. Ба онҳо кӯмаки молӣ мерасониданд, онҳоро ба конфронсу симпозиумҳо даъват мекарданд. Кабирӣ ҳам аз меваҳои ин боғи нав бебаҳра намонд. Сафарҳо ба Амрико, гирифтани грант барои созмони “Диалог” ва ғайра ва ҳоказо. Ҳамон замон амрикоиҳо ба нерӯе эҳтиёҷ доштанд, ки ба гуфти худашон, ҳукумати вобаста аз Кремлини Тоҷикистонро вожгун созад, то Вашингтон тавонад, таъсири Маскав ва Пекин – рақибони худро канор занад.

То куҷо ба ин тарҳ, ба Кабирӣ онҳо такя мекарданд, ё дар дасти худ тузи дигаре ниҳонӣ доштанд, фол намезанем. Боз ҳам рӯ меоварем ба номаҳои махфии сафорати Амрико:

“4. Кабирӣ аз дигар тарафҳо ҳам фишор гирифт. Кабирӣ ба DCM [Deputy Chief of Mission – ҷонишини сафир] гуфт, ки нафаре гаштаву баргашта аз Кабирӣ хост, ки агар дар сафараш ба ИМА бо Президент Буш вохӯрад, масъалаи ташкили “инқилоби ранга”-ро дар миён гузорад. Аз дидгоҳи Сафорат, ҷои таассуф аст, ки Кабирии боистеъдод ва заранг худро аз чунин имконият дар бозии сиёсӣ маҳрум кард”.

Шояд ҳоло Кабирӣ занталоқ мехурад, ки ҳеҷ гоҳ нияти инқилоб надошт. 

Аммо ман сад дар сад ба ростии паёми дипломати амрикоӣ бовар дорам. Достони ҳизбташкилкунии Зайд Саидови соддадил ва орзуи президентшавии ӯ, шӯриши Ҳоҷӣ Ҳалим ҳам аз интригаҳои Кабирист. 

 

РАНГҲО ВА НИМРАНГҲО

Номаҳо аз Душанбе ба Вашингтон шаҳодат медиҳанд, ки дипломатҳои амрикоӣ бештар Кабириро мешиносанд ва барояшон дигар шигифтангез нест, ки чаро Кабирӣ дар сафорат аз инқилоб мегӯяду дар долонҳои ҳукумат савганди вафодорӣ мехурад:

“2. (U) ... Намояндаи Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон гуфт, ки Кабирӣ дӯсти онҳост ва ба “дӯстӣ” дар байни ду ҳизб таъкид кард.”

“9. (SBU) Ҳамчунин дар робита ба муносибатҳои Кабирӣ ва мақомдорони ҳукуматӣ саволҳое дар миён аст. Омодагии Кабирӣ барои ҳамкорӣ бо Ҳукумат бисёриҳоро ба хулоса овардааст, ки дар дохили Ҳизб ихтилоф бисёр аст, гарчанде ҳеч кадоме аз ҳамсуҳбатонамон инро баён накард.

 

ТОҶИРИ СИЁСӢ

Журналисти мустақиле, ки бо як рӯзномаи олмонӣ ҳамкорӣ мекунад, аз дороиҳои раиси наҳзат ба ман ва ҳампешаи олмониям нақл кард. Ростӣ, дар таъаҷҷуб афтодам.

“5 ширкати сохтмонӣ, 4 ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд, калонтарин бозор дар шаҳри Турсунзода - “Саховат”, ки ба номи яке аз завҷаҳояш –Мастура Раҳматуллоева – сабт шудааст, 44 хонаи истиқоматӣ дар биноҳои баландошёна, 12 адад мошинаҳои сабукраву боркаши гаронарзиш, хоҷагии деҳқонии “Истиқлол” дар масоҳати 616 гектар ва ҶСШК «Сомониён-3» дар ноҳияи Файзобод, офисҳо, корхонаҳо, мағозаҳо, қаҳвахонаю фермаҳо...”

Кабирӣ бинои сохтмонаш нотамоми беморхонаи касалиҳои сироятиро, ки барои 500 кат пешбинӣ шуда буд, бо 10 гектар замини атрофаш дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ бо маблағи ночиз харидорӣ намуда, ӯҳдадор буд, ки бинои беморхонаро пурра сохта, мавриди истифодаи сокинони шаҳри Душанбе қарор диҳад. Аммо ӯ шифохонаро бо заминаш тавассути созишномаҳои қалбакӣ бо нархи гарон барои дигарон чун замини наздиҳавлигӣ мефурӯшад.

Борҳо шунидаем, ки Муҳиддин Тиллоевич худро тоҷири муваффақ муаррифӣ менамояд. Ҳоло тарҳҳое дар Аврупо ҳам бо авлодаш ба роҳ андохтааст. Аз онҳо имрӯз гуфтан барвақт аст, баъдтар хоҳем баршумурд, ки гӯсола кай ба коҳдон хоҳад расид?!

Тоҷири сиёсӣ дар як сӯҳбат бо ҳамватанон зикр карда буд, ки номи Наҳзатро сафед кардан имкон надорад ва ба Ватан баргаштани тарафдоронаш аз имкон берун аст. Ҳатто ин зарбулмасалро овард: “ки зангӣ ба шустан нагардад сапед”.

Аз ин ҷост, ки ӯ тиҷорати густардаи хонаводагиро дар Аврупо ба роҳ мондааст. 

1. Ширкати пардозгарии ҶДММ «CMD» (CMDSp. Z.o.o.) дар ш.Варшава. Ин ширкат ба номи бародарзодаи Кабирӣ - Кабирзода Э.С. (Аббос) ва хоҳараш Кабирова Бибируқия Сафаровна таҳти рақами 368442572 дар суроғаи ш.Варшава, кӯчаи Смолна, №38/12 05-075 ба қайд гирифта шудааст.

2. Ошхонаи шарқии «MaZzaKeBab» дар кӯчаи Jagiellonska 11, 03-721-и ш.Варшава, ки фаъолияти онро бародарзодаҳояш Кабиров Муҳаммад ва Кабирзода Эмомалӣ Сафар (Аббос) идора мекунанд. 

3. Меҳмонхонаи 3 ошёнагӣ дар шаҳри Кассели Олмон.

4. Автомашинаҳои тамғаи «Мерседес C-LS», рангаш сиёҳ ва «WolsfagenCaddy», рангаш кабуди торик.

5. Роҳандозии тиҷорати автомашинаҳои сабукрав ва гӯшти гов дар ш.Варшава. Автомашинаҳо аз тариқи шахсони сеюму чорум ба кишварҳои ИДМ, аз ҷумла ба Тоҷикистон фиристода мешаванд. (ин тиҷорат тавассути Кабирзода Эмомалӣ идора мешавад).

6. М.Кабирӣ дар бонки «Миллениум»-и Лаҳистон (Полша) дорои суратҳисоби бонкӣ таҳти № 76116022020000000322728718 аст, ки ба номи бародарзодааш Кабирзода Эмомалӣ мебошад ва аз тариқи ин суратҳисоб ба интиқолҳои пулӣ машғул аст.

7. М.Кабирӣ дар Туркия низ хонаю амволи шахсӣ дорад. Аз ҷумла, манзили истиқоматиаш дар суроғаи ш.Истамбул, маҳаллаи Гултеппе, кӯчаи Алагик, бинои 1, ҳуҷраи 7 ҷойгир аст.

Пас паймонсозиҳову саҳнасозиҳо чаро? Ин ҳам бахше аз тиҷорати сиёсӣ барои гӯл задани спонсорҳо ва ҷамъоварии маблағ асту бас. Дигар ҳеҷ!

 

ШАНТАЖ

Дар яке аз сафарҳо ба Теҳрон назари маро дар бораи ояндаи Наҳзат пурсон шуданд. Бо далелу мисолҳо мавқеъамро баён кардам:

- Офтоби Наҳзат кайҳо ғуруб кардааст. Шумо худро бо дастгирии як гурӯҳи нолоиқ ва нокоршоями музофотӣ, ки ояндае надорад, бадном мекунеду халос.

Посухи масъули Ҷумҳурии Исломии Эрон маро шокӣ кард:

- Агар мо аз Наҳзат даст кашем, ончуноне Кабирӣ арз дошт, онҳо ба Арабистони Саъудӣ рӯ меоваранд. Қариб сӣ сол аст, ки мо ин ҳизбро пуштибонӣ ва маблағгузорӣ кардаем, ҳамаи ин бар ҳадар меравад!

Ҳоло номаи сафири Амрикоро мехонам, ки ин дафъа Кабирӣ онҳоро шантаж мекунад. Агар Эронро бо Саъудӣ тарс дода бошад, Вашингтонро аз Маскав метарсонад:

“1. (SBU) ... Кабирӣ [аз Сафорати Амрико] дархости табодули бештар дар соҳаи маориф ва дастгирӣ барои омӯзиши забони англисӣ дар байни ҷавонони Ҳизб кард. “Вагарна онҳо ба Русия мераванд.”

 

ҲАМҚАДАҲИ САФИРОН

Гумон мекардам, ки зиндагиномаи Кабириро ҳангоми эҷоди як тадқиқоти журналистӣ хуб омӯхтаам ва ҳафт пӯсти ӯро кашф кардаам. Ҳоло, агар тоқӣ ё кулоҳ медоштам, пеши дарвозаи сафорати Амрико ба ҳаво мепартофтам.

Оре! Кайҳо ба он хулоса расида будам, ки Кабирӣ аз ягон зиштӣ рӯ наметобад, аммо ин саҳна дар тасаввури ман намеғунҷид. 

“2 (С) 29 январ [2004] DCM [ҷонишини сафир] дар хӯроки шоме ҳузур дошт, ки Сафорати Олмон барои меҳмони ифтихориаш Муҳиддин Кабирӣ, ҷонишини раиси ҲНИТ ташкил карда буд. Кабирӣ бо мошини нави Мерседес Бенс 500 навъи седан омад, аз ҳамаи дигар меҳмонон бештар хушлибос буд. Ӯ вино ва шампан нанӯшид, вале дар тӯли панҷу ним соати ҳузураш 3 ё 4 шиша пиворо бо як бардоштан даркашид”. 

Аҷоиб, роҳбари наҳзатиён қадаҳ бардошта чӣ нӯшбоде гуфта бошад?

Барои пирӯзии ислом ё равнақи демукросӣ?

P.S. Ду нашрияи Тоҷикистон - "Нигоҳ" ва "Азия+" буданд, ки бо созмони WikiLeaks қарордод доштанд, аммо чаро ин маълумотро нашр накарданд, то ҳанӯз барои ман суол аст...

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter