ХАБАРИ ДОҒ

Дифоъ аз миллат гуноҳ нест!

  • Чоршанбе, Нояб 25 2020

Салом «СССР»! Чандест, ки 1 гурӯҳ муллоҳои фанат ба Абдуқодири Абдуқаҳҳор тавассути шабакаҳои интернетӣ барои дифоъ кардан аз таърихи фарҳанги тоҷик, тамғаи дини Зардуштӣ часпонида, бо тамоми нерӯ таҳдиду таҳқир ва ҳукм ба қатл намуданд.Гӯё Абдуқодири Абдуқаҳҳор гуфта бошад, ки пайрави дини Зардуштиам. Ӯро нодуруст фаҳмиданд. Эшон ҳамчун 1 фарди донишманду ҳисси баланди миллӣ дошта, фақат дифоъ аз илму фарҳанги ниёгон кардаасту халос. Қаблан чунин тамғаро ба шоир Зиё Абдулло зада буданд. Ислом дар масъалаи муносибат ва интихоб ба дин ва куфр инсонро озод эълон намудааст. Дар сураи Каҳф, ояти 2,9 чунин омадааст: «Ва бигӯ: ҳақ аз парвардигоратон расидааст, пас ҳар кӣ бихоҳад, қабул кунад ва ҳар кӣ  бихоҳад, инкор кунад».

Ба ақидаи баъзе муллоҳои фанат гӯё дини Зардуштӣ дини бадахлоқӣ, китоби Авасто на китоби осмонӣ, балки ботил буда, Зардушт низ пайғамбари «самозванетс» аст. Гӯё дар ин дин, агар падар мурад ё занашро талоқ диҳад, писар метавонад модар ва бародар хоҳари худро ба никоҳи худ медарорад (астағфируллоҳ). Инчунин бо пешоб ғуслу таҳорат  мекардаанд (бо пешоби гов). Бигзор ба ин гуфтаҳои муллоҳо таърихдонҳои асил посухи илмӣ диҳанд. Таърих гувоҳ аст, ки дини Зардуштӣ аввалин дини ҷаҳонӣ мебошад, ки яккахудоиро эълон намудааст. Яккахудоӣ дар дини яҳудӣ, насронӣ ва ислом давоми яккапарастии дини Зардуштӣ дар намуди нав мебошад. Ҳатто тамоми кодексҳои ахлоқии динҳои ҷаҳонӣ давоми кодекси ахлоқии дини Зардуштианд. Дини зардуштӣ ҳазорсолаҳо пештар аз дини яҳудӣ, буддоӣ, насронӣ ва ислом пайдо гардида, ба ин динҳои мазкур таъсири калон расонида, онҳо аз «Авасто» бисёр чизҳоро гирифтанд. 

 «Авасто» рисолати хешро дар замонаш ба анҷом расонидааст. Имрӯз бо тақозои замон мансӯх эълон шуда бошад ҳам, баъзе осораяш то ба рӯзҳои мо омада расида, моҳияти худро гум накардааст. Таърихро инкор карда намешавад! 

Таваралӣ Авсақолов, 

н.Фархор

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter