ХАБАРИ ДОҒ

Ронандаи бадахлоқ аз кор озод шуд

  • Чоршанбе, Нояб 25 2020

МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» ба ҳафтаномаи «СССР» ҷиҳати ҳамкориҳои назаррас ва мутақобилаи судманд, ҷиҳати инъикоси васеи равандҳои хизматрасонӣ ба мусофирон ва меҳмонони пойтахт, ки ба рушди соҳаи нақлиёти мусофиркашонӣ замина мегузорад, изҳори миннатдорӣ намуда, дар робита ба муроҷиати хонандагони ҳафтаномаи «СССР» Усмон Фозилов «Ронандаи 33-ро ҷазо диҳед» рӯзномаи «СССР» № 37 (626) аз 24 сентябри соли 2020, чунин иттилоъ медиҳад.

Муассиса доир ба муроҷиати шаҳрванд Усмон Фозилов чунин маълумот медиҳад, ки масъалаи  мазкур  фавран аз ҷониби роҳбарияти Муассиса мавриди омӯзиш ва баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуда, оид ба андешидани чораҳои зарурӣ нисбат ба ронандаи хатсайри микроавтобусии №33 ба роҳбарияти ҶСК «Автоколонна 2927», ки хатсайри мазкур ба ин ҷамъият тааллуқ дорад дастуру супоришҳои зарурӣ дода шуд.

Тибқи мактуби ирсолнамудаи директории ҶСК «Автоколонна 2927» маълум гардид, ки ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи Мерседес-спринтер рақами қайди давлатиаш 7761 тт 05 бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақли мусофиркашонӣ ва қоидаҳои одоби муошират аз санаи 19.09.2020 сол шартномаи ҳамкорӣ бо ҷамъият қатъ карда шуда, ронанда аз кор озод карда шудааст.

Ҷ.Б. Давлатов, директори МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон»          

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter