ХАБАРИ ДОҒ

Исматча-“последный из Могикан”

  • Чоршанбе, Дек 02 2020

 Чанд шумора пеш СССР дар бораи ҷавонмардони пулдори н. Темурмалик (Советский) навишта, афзуд, ки мутаассуф, ҳиммати ишон коҳиш ёфтаасту ноҳияшонро обод намекунанд ва то ҳанӯз ҷои Исматча (Исматулло Тӯрахонов) дар қалби мардум холист. Ин матлаб дар интернет ва сайтҳои иҷтимоӣ вокуниш ба бор овард. Бархе надониставу насанҷида Исмат Тӯрахоновро ҷаллод, каллабур, одамкуш, боевики Фронти халқӣ эълон карданд...

Ин дар ҳолест, ки Исматча ЯГОНА нафаре буд, ки аз рӯзи аввали майдоншиниҳои 2 ҷониб то соати маргаш зидди ҷанг буд. Исматча бо Ёқуб Салимову Нурулло Лоиқу Ғаффор Седой дар миёни 2 майдон хирман задаву эълон кард, агар тоҷикон ҳамдигариро куштан мехоҳанд, аввал маро кушанд. Воқеан ҳам баъдан тамомии тарафгиронаш ба Фронти халқӣ майл кардаву соҳиби унвонҳои баланди милиса ва низомӣ шуданд (то генералӣ). Аммо Исматча аз роҳаш нагашт ва ЯГОНА Сулҳхоҳ монд.

Матлаби мазкур сӯҳбати охирини Исматча аст, ки дар видео шахси номаълуме сабт кардаву дар интернет коштааст. Аз ин сӯҳбат на танҳо сулҳхоҳии Исматча, ки бархе аз пахлӯҳои норавшани фоҷеаи ҷанги шаҳрвандӣ низ маълум мегардад. Мо Метавонем! 

Штаби Кӯлоб

Рафтем штаби Кулоб, ки дар он ҷо 20-30 одамро зада маъюб кардаанд ва мо гуфтем, ки “чаро онҳоро задед?” Лангарӣ гуфт, ки инҳо “предателои” Кӯлобанд.

(Ин ҷо Исматча шояд номҳоро иваз мекунад, зеро бо эҳсосот гап мезанад, зеро Лангарӣ Лангариев ягона нафаре буд, ки ҳаргиз бо касе ситам намекард ва чандин бор бачаҳои боздоштшударо шахсан худаш раҳо карда буд-ред.). 

Пасон боз пешниҳод кардем, ки хайр чихеле ки набошад инҳо бачаҳои Кӯлобанд (озодашон кунед). Дар ҳамин лаҳза ба Лангарӣ занг заданду гуфтанд, ки бачаҳо дар хонаи Шайхи Камол тирпаронӣ доранд.

 (Шайх Камол яке аз чеҳраҳои маъруфи тиҷоратии Кӯлоб буд, ки ба оппозитсияи исломӣ ва ҲНИ пайваста буд. Баъдан ӯ ва бархе аз аъзои оилаашро дар ин ҷанг куштанд). 

Ман гуфтам, биёед бачаҳо меравем, то бубинем, ки он ҷо тирпарронӣ ҳаст ё не? Мо як 40 нафар дар дастамон автомат, ки буд барои кӯмак рафтем ва бачаҳоро таъкид карда гуфтем, ки то аниқ накунед, ки дар онҷо чи гап аст, касеро напаронед, мабодо бачаҳои бегуноҳро накушем. Хушбахтона мо расида дидем, ки дар инҷо ягон намуд тирпаронӣ нест. Ба хонаи Шайхи Камол даромада дидем, ки боз ҳамон одамҳое, ки дар майдони Озодӣ дигаронро бурда мезаданд, боз ҳамонҳо аз ҷумла раҳматии Шариф. 

(Шояд Исматча Шарифи “Шашик” авторитет ва фрайер, сарвари олами дуздакони Тоҷикистонро, ки зодаи Кӯлоб буд, дар назар дорад).

Сипас пурсидем, ки кӣ киро паронд? Мегӯянд, ки касе касеро напарондааст. Баъдан мо баргашта боз омадем ба штаб ва Лангариро гуфтем, ки “ҳеҷ касе дар он ҷо тирпаронӣ накардааст, ин худаш чӣ гап. Хайр, биё ин бачаҳора ҷавоб деҳ, охир ҳамаашонро тагӣ хун кардаӣ”. Он бечораҳо мегуфтанд, ки моро аз инҷо баред, ки моро мекушанд... 

Сангак меояд!!!

Дар ҳамин вақт Бобои Сангак омада гуфт, ҳардуи шумо берун бароед. Ишора ба ману Шариф. Ман хеста рафтанӣ шудам, ки ҳама он нафароне, ки бо мо буданд, аз қафоям хестанд. Дар ҳамин лаҳза Сангак маро дошта, оғӯш кашид ва гуфт, ки хайр шумо равед, мо бачаҳоро ҷавоб медиҳем то хонаҳояшон раванд. 

(Сангак Сафаров воқеан ҳам ҳар гоҳе шаҳри Кӯлоб меомад, онҳоеро, ки боздошт кардаву ҳабси зӯракӣ ва лату кӯб мекарданд, озод мекард. Вале баъди рафтанаш ба ҷабҳаи Қурғонтеппа боз чанд тан ба ном “ҷангӣ”, ки дар асл ниқоргир, гуфтаи худи Дед “шакал”-е беш набуданд, боз мардумро азият медоданд)

Шурӯъи куштор дар Кӯлоб

Лекин баъди баргаштани мо аз Кӯлоб парон-парон сар шуд ва бачаҳо гуфтанд, ки алакай 2-3 нафарро паронданд, бо баҳонаи ваҳҳобӣ гуфта. Лекин мо ҳамаамон медонем, ки дар он вақт дар Тоҷикистони мо ягон ваҳҳобӣ набуд ва агар бошад  ҳам, мо ҳақ надорем ӯро паронем. 

(Исматча воқеан ҳам аз сиёсати глобал дур буду ба тозагӣ аз зиндон омада ва намедонист, ки дар Тоҷикистон аллакай ваҳҳобияву Ихвон ал муслимин ва ҲНИТ ба табаддулоти давлатӣ омодагӣ мегиранд).

Қозӣ ва Исматча

Мисоли дигар, моро бачаҳо туҳмат доранд, ки аз қозӣ пул мегирем, канӣ исбот кунед. О, мана бинед, ки одами аз қозӣ пул мегирифтагӣ ҳамин хел сару либос ва шакаробу нони қоқ мехурад? Исматча инро гуфта ба сару тани ҳамсӯҳбатон ва дастурхонашон ишорат менамояд. 

Ба мо пешво лозим

Ба ман гӯед, ки ҳамин Сангаку Ҷиёнхон ва ё Рустами дуторзану мулло Ҳайдар чи кор кардаанд, ки бояд мардум аз паси онҳо равад? Ҳамаи инҳоро аз боло роҳбаладӣ доранд ва танҳо барои манфиати ҳукумати набиевӣ. Барои чӣ ба мо автомат доданд? Барои он ки якдигарамонро бикушему дар Тоҷикистон ҷанги бародакуш идома ёбад. 

Сангаку мулло Ҳадайр ба ман гуфтанд ки ина ин қадар халқро куштанд, акнун шумо низ сар кунед. Лекин ман гуфтам, ки дар инҷо на халқ, на ман, на кӯлобиву помириву ғармӣ гунаҳгор нест. Ҳамаашро аз боло ташкил кардаанд. 

Ҳамаашонро ҳамин Сафаралӣ Кенҷаев, Раҳмон Набиев... худашон куштаанд охир. То ҳаминҳо омадана ҷанг набуд-ку? 

Исматча-ягона нафаре, ки зидди ҷанг буд...

Баъдан нафари дигаре ба Исмат савол медиҳад, ки дар ҳаққи шумо ҳар гуна гапҳои бад мегӯянд. Гуё шумо авбошу мафиябоз ҳастед, бар сари мардуми Кӯлоб зулм оварда истодаед? 

Аз редаксия: Ин суолро Махсуми Саттор маъруф бар исми Шайх Абдусаттор, ки соли 2015 бо иттиҳоми табаддулоти давлатӣ ҳабс шуда буду ӯро бо Шайх Тимур дар зиндон ҷангиёни Давлати Исломӣ куштанд, медиҳад ва аз суолот маълум аст, ки ӯ Исматчаро таҳрик медиҳад, то зидди Кӯлоб сухан кунад...

Исмат бошад, китоби Қурони Каримро дар дастат гирифта, қасам мехурад, ки агар ман чунин одам бошам ва ё ба сӯйи 1 бегуноҳе тир холӣ карда бошам худам худамро мепарронам. Лекин инҳо бо ин найрангашон асло ба мақсадашон намерасанд, балки мардум худашон медонад, ки мо дар роҳи ҳақ ҳастему асло аз ин роҳ барнамегардем (Исматча сулҳро дар назар дорад!) ва медонем, ки оқибати ин кор шаҳид шудан аст, зеро мо дар роҳи озодии миллат ҳастем, лекин то ҳақиқат нашавад мо намегардем. 

Куштор дар Шобикаи Восеъ

Аз редаксия: Дар ҷанги гражданӣ 1 ҳодисаи даҳшатангезе шуда буд. Бачаҳои кӯлобиеро, ки ба ҷанозаи Рустам Абдуллое ба Восеъ омада буданд, бачаҳои Талаби Кузнетс-фронти халқии Кӯлоб кушта буданд. Ин моҷароро бори нахустин Исматча шарҳу тафсир мекунад...

Мо то он вақте, ки дар Восеъ тирандозӣ шуд ва он 16 нафарро дар Кӯлоб кушта буданд, касеро 1 шаллоқ назада будем. Ҳама йигитҳоро дар Кӯлоб кушта истодаанд. Охир бародар бародари худашро кушта истодааст. Агар мо душман мешудем, пас чаро бачаҳои ноҳияи Советскийро напарондем? 

Мо дар Данғара будем, ҳатто сардори ШВКД-и н.Данғара ба занталоқ қасам хурда буд, ки бачаҳо шумо дар роҳи ҳақ ҳастед ва ё президенти Советский- Султонов (президент гуфта Исматча раиси ноҳияро дар назар дорад-ред.) ва ё котиби райком Талбаков Исмоил, ба монанди инҳо, ҳамроҳи мо равшанфикрони зиёде буданд, ки агар яктои онҳо гӯяд, ки бачаҳо роҳи шумо хато аст, мо аз роҳамон бармегардем. 

Набиеву Кенҷаев ҷангандозони асосӣ

Дар Фархор, Московский ва Данғара будем,  бачаҳои онҳо ҳам яроқ доштанд мо низ, лекин мо напаронидем якдигарро, балки кӯшиш кардем, ки мисли бародар суҳбат кунем, вагарна мо метавонистем, ки ҳамаи онҳоро паронем. Аммо ин корро накардем, зеро медонистем, ки ин бачаҳо гуноҳ надоранд ва гунаҳгори асосӣ Сангаку мулло Ҳайдар, Саиду Лангарӣ ва Ҷонхон мебошанд, ки “мозговой сентрашон” дар Душанбе Набиев ва Кенҷаев аст. Мо медонем, ки ҳамаи корро онҳо карда истодаанд ва аз ин роҳи ҳақ намегардем ва агар ҳам бимирем, боз бачаҳое пайдо мешаванд, ки роҳи моро идома медиҳанд.                          

 

Исматча ба Кӯлоб ҳуҷум карданӣ буд?

Боз ба Исматча савол мешавад, ки оё ин ҳақ аст, ки шумо бачаҳоро ҷамъ кардаеду нияти ҳуҷум ба Кулобро доред? (Ин суолро низ Шайх Абдусаттор медиҳад-ред.)

Исматча: -Медонам, гуфтанд, ки бо чархбол рафтанд, аммо бачаҳои ман  барои гирифтани бачаҳое рафтанд, ки аз муҳосира баромада буданд. Ман он вақт рафтагӣ будам. Ҳукумат худаш шоҳид аст, ки мо барои ҷанг нарафта будем. Мақсади ҷамъ шудани мо ҳамроҳи равшанфикрони Кӯлобу Душанбе ин буд, ки биёед автоматҳоро аз дасти мардум мегирем!

 Сипас рафта аз намояндагони ҳукумат талаб мекунем, ки бас кунед ин корҳоро, зеро ин ҳама бесарусомониҳо аз тарафи шумо шуда истодааст. Ана талаби мо ҳамин буд, ки намояндагони ҳукумат баромада, бо халқ сӯҳбат кунанду сари роҳи ин бесару сомониҳоро гиранд. 

Ману Ғафорро касе гӯш накард!

Агар ману Ғафор баромада ба мардум гӯем, ки ин корро накунед, онҳо бошанд дар ҷавоб мегӯянд, ки ҳамин Исмат худаш кист? 1 хулигани туремчик! Ва ба ин хотир аз ҳукумату болонишинҳо талаб кардем, ки шумо сухан гӯед, зеро гапи мо кам ва таъсири ончунонӣ надорад.                      

Қатли додари Исматча

Нафари дигаре савол медиҳад, ки дар бораи марги Рустами додарат каме нақл кун. Ӯро чи гуна қатл краданд? 

Исматча бошад  мегуяд, ки “ман дар марги Рустам набудам, лекин ӯро авал хуб шиканҷа додаанд, дастону гарданашро бурида ва пуст карданд ва дар охир паронданд. Ҳатто бачаҳои дигарро низ чунин карданд. Ина бори дигар ба китоби муқаддас қасам мехӯрам, ки то охирин қатраи хун дар ин роҳи Сулҳу Суботи Тоҷикон мубориза мебарам.                                                          

Касе ба Кӯлоб рафтанӣ нест!

Боз савол мешавад, ки оё шумо бар зидди мардуми Кӯлоб ҳуҷум карданӣ ҳастед ё не? 

Исмат дар ҷавоб мегӯяд, ки агар мо ин корро мекардем, чанд маротиба карда будем, лекин на ман, на помириҳо ва на каси дигар ба сари мардуми Кӯлоб ҳуҷум карданӣ нест. Медонам чанд маротиба овозаҳо шуд, ки Исмат дар болои ҷаноза омада ҷанг кард ва ё боз ҷанг карданист, лекин ҳамааш тӯҳмат аст. Зеро мардум худашон инро медонад ва офтобро бо доман пӯшонида намешавад. Мо бачаҳои даруни Кӯлоб ягон хусумат надорем. Зеро ҳамаамон кӯлобӣ ҳастем, чӣ аз Советский ва чӣ Московскийу Восеъу Муъминобод...

 

Китобати Шери Давлат

Махсус барои аъзои Ихвон ал СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter