Принт

1961……… (Сахт, вале ҳаққ!!!)

Ин санад нест! Фикр доред, агар ин таърихи соли нахустпарвози Одам, он же Гагарини советӣ, ба кайҳон бошад, низ ғалат мекунед…

Ин миқдори пул аст; сомоние, ки бояд ба Бобои Ғуломи таърихӣ ва таърифӣ ва ҳамакнун раҳматӣ барои табобат ё шифояш медоданд. 

1961 сомонӣ. Чизе бештар аз 100 доллари амрикоӣ ва он ҳам барои нафаре, ки 97 сол барои ободиву озодиву бунёдкории ин ватан харҷ кардаву бо Гитлер ҷангида буд. 

…Бояд медоданд, ин 1961 сомонӣ баробар ба 100 долларро... Аммо Надоданд! Зеро чанд рӯз пеш аз расиши ин кӯмакпулӣ Бобои Ғулом фавтид. Худо раҳмату мағфират кунад…Хеле одами заминӣ  ва малакулмаъво буд. Ана акнун сари ҳамин 1961 сомонӣ, ки дилхоҳ бойбачаву чиновник онро пул ҳам намешмарад, сӯҳбат мекунем. Рафтем?!

Ҳазрати Ҷомӣ мегӯяд:

Гузашт шавкати Маҳмуду дар замона намонд,

Ҷуз ин фасона, ки нашнохт қадри Фирдавсӣ!!!

Маҳмуди Ғазнавӣ, он же Сабуктегин, ба қадри Фирдавсӣ ва Шоҳномааш расида буд. Просто, Фирдавсӣ, ба масали имрӯза, «евро» мехосту Маҳмад ба ӯ «доллар» дод (ҷои зарр нуқра). 

Фирдавсӣ рафту аз сари қаҳр 20 ҳазор «доллар»-ро ба ҳамомӣ доду 20-и дигарро ба массажист ва 20-и боқимондаро ба дарбони ҳаммом. Ва мазҳакае навишт. Зеро дошт охир! Пулдор буд. 

Ва аммо Бобои Ғулом ягона сарваташ медалҳош будӣ… Ӯ на Рустами Достон буду на Сиёвушу на Сӯҳроби ял. Бобои Ғулом 1 баччаи «простой» ва фақири деҳаи Себистони Данғара буд, ки ба гуфтаи худаш «ҷойи баччаи раиси ҳамонзамонаи Саргазони Данғара қаппидаву ба ҷанг равонаш карда буданд!» (Облава!!!)…

Писари Бобои Ғулом, Алии Беҳудуд, хабарнигори мардумии СССР хост ин пулро гирад. Зеро гӯру чӯб кори осоне нест. Ба вежа дар музофот. Надоданд!!! Зеро ҳуҷҷатгузорӣ лозим. Миллионҳо сомонӣ ғайб мезанад, вале барои чиновникҳои мо 1961 сомонии Бобои Ғулом проблема аст!

Гӯру чӯбро ЯГОН танзим, ба вежа дар музофот, манъ кардан набитвонад. Ин дар шаҳрҳост, ки мардумро ҷаримабандӣ мекунему сипас «рапорт» медиҳем, ки саду дусад миллион ба буҷҷа (аҷиб нест, ба БУҶҶА!!!) фоида овардаем. Кай буҷҷаи кишвар аз кисаи кафани мо пур мегашта бошад? Суол риторикист.

 Вале танзимро мардум дар музофот риоят на-ме-ку-наддддддд. Маро бурда парронед ҳам, мегӯям, танзим зидди таоруфи мост ва агар муллое, танзимгаре, ходими кумитаи дине, муфтие гӯяд, ки худойиву гӯру чӯби падарашро аз рӯи танзим риоят кардааст ва дасташро рӯи Қуръон гузораду савганд хӯрад, ман, Сайёфи Мизроб, расман аз навишти ин матлабам, пӯзиш мепурсам…

Воқеан ҳам, падарбародари ин ҷониб, яъне амакам, бобои эшони Зарробиддини Сарбандӣ, писари хурдии Эшон-Бала, ки дар борааш румон низ навиштаам, боре мариз ва меҳмонам буд, дар пойтахт. Рӯзе аз хона занг заданд (солҳои 90, ки мобил набуд), ки амак мехоҳад оҷилан деҳа баргардад. Омадам. Пурсупос кардам. Тарсидам!!! Ки шояд амак ва бародарпадарам аз ягон муносиботи баде ранҷидаанд, ки гуфт на! Ва аммо афзуданд:

-Бачам,ман дидам, ки ҷанозае меоранд сӯи масҷиди бузурги Яккачанори Душанбе ва ҳамагӣ 4 нафар тобутвардор буданду 1 кас садо медод, ки «Салоти ҷанозаи муъмин дарёб» вале касеро парвои ин тобуту ун ҷаноза набуд. Бачам! Маро табобат накун. Вале коре кун, ки мурдаам чунин фақиру ҳақир набошад…

Пештоз мегӯям, дар ҷанозаи амакам, даҳҳо ҳазор нафар ширкат дошт. Зеро мурдатанзимаш накардем ва бигзор барои ин ҷурм маро парронанд…

Бобои Ғулом низ дар ҷанозаи амакам буд. Ва сахт мегирист. Дар ҷанозаи Бобои Ғулом ҳам нисфи шаҳри Кӯлоб ширкат дошт ва маро хуш омад, гуфтаи нафаре қадрдон аз водии Зарафшон, ки мегуфт, «мурдан ҳам зеби қишлоқ дорад!»…

Вале бо ин ҳама 1961 сомонии Бобои Ғуломро мақомот надод, ки надод ва ин пули ночиз то ҳанӯз муаллақ аст. Он пул имрӯз ё фардо рӯзи қиёмат ҳатман аз гӯлуи касе мегирад. Мисле, ки аз гӯлуи Танзимгарон, ки ҳисоботи барғалате медиҳанд, ки аз ҳисоби мурдаву зиндаҳо фалону бисмадон миллион сомонӣ дар буҷҷа захира кардаанд…Бо ҷанозаву гӯру чӯб сардака наравед, мардум. Гарон меафтад!!!

Сахт гуфтам? Хуб кардам. Мо Метавонем! 

Матлабҳои дигар