ХАБАРИ ДОҒ

Ростӣ, озмуни умумумиллии «Фурӯғи субҳи доноӣ»-ро қариб пурра тамошо кардаму 1 ҷаҳон лаззат бурдаму гуфтам, 100 млн сипос ба дастандаркорон, масъулин, насли наврас ва муаллимине, ки ба инҳо саводу хатт омӯхтаанд. Ҳатто фарзандони худро пасисарие ҳам задам, ки «дидед? Шумо чаро намехонед китоб?!» ва ғ. ва ҳ.

Бешак, ин Озмун бори дигар ба скептикҳое чун ману насли ман, исбот намуд, ки насли нав насли гумшуда-потерянное поколение нест, ки бо путки идеологӣ ба сари ҷамъият мезад(ем)анду мегуфтанд, ки чунин асту чунон будӣ. Озмун собит сохт, ки насли мо, ояндаи мо, китобхону дурахшон аст. Бе шакку тардид, дасти масъулинро мефишорам. Браво! Тавонистед!!!

Ва аммо дар ин доду ситад маро 1 чиз мутаваҷҷеҳи хеш намуд: 

-Магар ҷамъияти мо танҳо аз шеъру таронахонон ва адабиётпарвардагон иборат аст? Ин озмун магар танҳо барои «гуманитариҳо» буду филологу журналистон? Ва ё барои онҳое, ки ҳатман фардо наттоқу филологу журналист мешаванд? О, чаро, фарзи мисол, дар ҳамин «Фурӯғи субҳи доноӣ» мо муҳимтарин самти илм-физика, химия, биология, математика, астрономия, геометрия, геологияро роҳ надодем?

Дуруст аст, ки дар ин озмун танҳо 1 донишҷӯ аз Донишгоҳи техникӣ ширкат дошту, то финал расид (мутаассуф ному насабаш ёдам намонд) ва ҳатто Боймурод Шарифзода-раиси ҳакамон аз ӯ ситоиш намуд, ки бинед, 1 ҷавони техникӣ ин қадар китоб хондааст ва аз ҳозирин шарафмандона хоҳиш кард, ки ба шарафи ин ҷавон каф кӯбанд. 

Куфтанд. Ман низ куфтам. Боз дар ҳоле, ки ин ҷавонро медонам. Боре ба газетаи мардумӣ омаду гуфт мехоҳад аз 1 факулта ба факултаи дигар гузарад ва аз мо хоҳиш кард, дастгирияш кунем, зеро аз оилаи камбағале аз н. Данғара (агар хато накунам) будааст. Бо ректори вақт, Ҳайдар  Одиназода ҳатто роҷеъ ба тақдири ин бачча сӯҳбати телефонӣ кардем. Вале ба кӣ мегӯй? Кадом ректору декан парвои гавҳари худрӯй дорад? Чанде баъд он ҷавонро тағофулан дидам, ки гуфт, «пеши устод рафтам, ки гуфт аз пайи корат шаву мардумро ғам нате!». Ва ана ҳамин ҷавон шарафи Донишгоҳи техникӣ (собиқ политехнический институт) ва ҳамон декану ректорашро дар сартосари кишвар ҳифз кард. Афсӯс ректорашро гирифтаанд, варна занг задаву гӯшрасаш мекардам, моҷароро…

Ва аммо баргардем сари Озмун, ки гуфтем, чаро ба он дигар фанҳо роҳ наёфтаанд. Маблағи бузурге низ барои баргузории «Фурӯғи субҳи доноӣ» ҷудо шудааст.  Чизе бештар аз 1 млну 600 ҳазор. Барои китобхон шудани 1 миллат месазад, ки 1 кишваре чунин пул харҷ кунад. Зеро баъдан миллиардҳо сомонӣ ба хазинаи генетикии миллат бозмегардад. Мутмаинам. Вале боз ҳам суол ин ҷост, ки чаро ин пул барои шеър аз бар кардану хондани асарҳое сарф шавад, ки ба маданияти миллӣ ва фонди генетикии мо чизе дода наметавонанд?

…Худамро таъриф кунам, хонанда? Дар маҳаллаи мо 1 китобхонаи ҳомили 3 толор ва 1 даҳлезу шомили чанд ҳазор дона китоб будӣ. Ман қариб ҳамаи онҳоро то синфи 6-умӣ хондам. Эрка ҳаргиз набудам. Гову гӯсфандчаронӣ мерафтам, таппакчинӣ мекардам, алаф меовардаму коҳ мекашидам, вале ҳатман дар 1 даст шопа (химчаи говрона) доштаму дар дасти дигар китоб, 1 чашм ба бузҳоямон буд, ки мазраи Достии «кофир» надароянд (аз ситамкориш чунин унвон дошт, ки мисли Бобои Ғаффори таърихӣ гӯсфандонро гаравгон мегирифт) ва чашми дигар ба китоб. Вақте дар Универи Санкт-Петербург, ба муаллими адабиёти хориҷӣ гуфтам, ки «Сага о Фарсайтах»-и Ҷон Голсуорсиро низ хондаам, айнакаш аз чашмаш афтид! Пурсид ҳамаашро? Гуфтам, ҳо, гуфт, рав, ту дигар ба дарс нао, баҳоятро мегузораму…аз пасам ғур-ғур кард «одам то ин ҳад асарҳои фачу нодаркореро ҳам мехондааст?!». 100% дуруст гуфта буд!!! Имрӯз фикр мекунам, агар роҳбаладе мешуду маро сӯи физика, химия, география, математика таҳрик медоду асару осори олимони фанҳои дақиқ ва зиндагиномаву корномаашонро мехондам, шояд дар бандубасти Бомбаи Атомии Тоҷик саҳмаке мегузоштам…А, шумо чӣ фикр доред? Магар Тоҷик набояд бомбаи ядроӣ созад? Ин корро танҳо бояд қавми яҳуду аврупоиву насорову урус кунанд? Бомбаи Тоҷикиро бояд сохт!!!

 Вале то расидан ба ин Рӯзи саиду саййид бояд сар аз соли оянда дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» аз 1 646 400 сомонӣ ақаллан 300-400 ҳазорашро ба ҷавононе ҷудо кард, ки дар бахши матфиз, химбиология, астронавтика низ бисёр хондаанд. Бовар кун, хонанда, бидуни китобҳои дарсӣ дар ин самт адабиёте бузург низ нашр шудааст, ки аз чашми ҳакамони адабпарвардаву шеърдӯсти мо канора мондаанд.

Сахт нагуфтам. Дидамро навиштам. Нигоҳи ман ҳамеша дигар аст. Мо Метавонем!

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter