Принт

2020. Соли бераҳм…

2020… Соле, ки ҳаргиз аз хотираҳо зудуда нахоҳад шуд. Ин сол соли бераҳм ва сархӯр омад. Кишварҳо баста шуданд. Дӯстиву рафоқат барҳам хӯрд. Зану мард аз ҳам канора гирифтанд. Волидайну фарзандон фосила риоя доштанд. Ошиқон оғӯши маъшуқону маъшуқаҳо бӯсаи ошиқонро гум карданд. Одамон 1 сӯ-Одамгарӣ мурд. 

2020. Соли ниқоб. Мардумро шояд Худо маҷбур кард, то пеш аз дурӯягиву дурӯғгӯиву баддаҳанӣ ба рӯ ниқоб кашанду даҳони аз зикри Худо дуру дар ғайбату тӯҳмат полудаашонро пӯшанд. Дар ҳамин сол буд, ки мани аз шеър фарсахҳо дур навиштам:

Зи Каъба то Самак дар ҳар карона,

Ҳама лаб баста аз тарси Корона,

2020. Соли Ғазаби Худованд. Худои Бузург чун дид аз Ӯ дуртарак шудан дорем, моро такон дод, то ба худ оем ва ба Худ-о баргардем:

…Ба худ овард халқи бехудоро, 

Худо, худро чу дид андар карона…

2020. Соли Озмоиш. Худо моро озмуд. Чу дид, ки мо ақди хешовандӣ ва аҳди дӯстиро риоят надорем, моро дар итоб андохт. Акнун гастербайтере, ки Русия рафтаву модарашро фаромӯш карда буд, натавонист ҳатто мурдаи худро то мазори деҳа оварад, то ҳамун очаи фаромӯшшудаву апаву хоҳари азёдрафтааш сари тобуташ навҳа кунанд. Ин бузургтарин ҷазои Худо буд, ки зиндаҷудоҳоро мурдағариб ҳам кард. 

Калтаки Худо садо надорад,

Баъд аз заданаш даво надорад!!!

2020. Соли ифшои тарсуҳо. Ҷанозаи мардеро аз бемористони «Истиқлол» бароварданд ва 3 писараш тарсид, мурдаро ба мошин дароранд, то мабодо сироят набинанд. Муҳиддин Тӯраев ном посбони ин беморхона манзараро дидаву ҷасади пирмардро бор кард. Писарон омаданду гуфтанд, «ака чӣ хизмат?». Посбон гуфт: Хизмат ин ки лаънати маро ба 7 пуштатон қабул кунед ва донед, ки ҷасади шумо-сагбаччаҳоро низ фардо фарзандон нахоҳанд вардошт ва аминам, ки падари шумо низ бад марде будаву бо волидайнаш ситам кардааст, ки ба чунин рӯз расид…

2020. Соли Танзим. Танзими маҷбурӣ на. Одамон аз тарс ба ҷанозаи ҳам, худойӣ ва тӯю сур нарафтанд. Шахсан чанд нафареро медонам, ки билкулл аз ҷамъият ҳазар карданду ахиран мариз шудаву мурданд ва касе ба ҷанозаашон нарафт. …Ҳар он кас он даравад, оқибат, ки мекорад!!!

2020. Соли шикор. Муллову эшончопакҳо ба шикори мардуми фақиру авом баромаданд. Ғазаби Худоро баҳона кардаву аз додару акаву хоҳарони худ хонаву дар талаб карданд. Аз Рӯзи Қиёмат онҳое мардумро метарсонид, ки дар умри худ ҷое коре накардаву 70 сомонӣ аз давлат маош намегиранд…

2020. Соли басташавии масоҷид. Худо чун дид, ки ибодатгоҳҳои мо ҷои фитна, иртиҷоъ, экстрим, терроризм ва мағзшӯӣ шудаанд, худаш дари онҳоро баст! Ягон ҳукумату давлат не, ки маҳз Худо онҳоро маҳкам намуд. Вале ин ҳам ба муллочопаку фанатҳо дарси ибрат нагардид.

2020. Соли рӯтобии Худо аз мӯъминон. Сипас дарҳои Каъбатуллоҳро низ ба рӯи мо баст!!! Ба ҳуҷҷоҷи дигар миллату ақвом коре надорам, ҳарчанд медонам, аз ҳоҷиёни мо камиву бешӣ надоранд, вале бинед, ки кадом ҳоҷӣ аз Каъбатуллоҳ баргаштаву зоҳиран не, ботинан тағйири мусбӣ ёфт? Нархҳоро дар идайни исломӣ-Рамазону Қурбон боло мебарем? Ещё как мебарем!!! Зимнан Худо бо забони фасеҳи мантиқ ба мо гуфт, ки чунин зойирин ва чунин ҳуҷҷоҷ ба ман лозим нестанд.

Аз Худо баргаштагонро кор чандон сахт нест,

Сахт кори мо бувад-аз мо Худо баргаштааст!

2020. Соли талафот. Бисёриҳоро аз даст додем. Минҷумла мухлису хонандагони сарсупурдаи хешро. Бобои Ғулом Шарипов, иштирочкии ҶБВ, қаҳрамони меҳнат, барандаи Ордени Ленин, қаҳрамони ҳамешагии матлабҳои СССР,  Чеҳраи Кӯлоби Бостонӣ, дар синни 96 солагӣ моро тарк гуфт. Бобои Ғулом 1 марди фақир, бениёз, бетамаъ ва содадиле буд, ки латифгуфторияш ҳамеша вирди забонҳост. Мисле, ки дар маҷлиси бахшида ба 40 солагии ғалаба дар ҶБВ, дар соли 1985, нафаре суолаш медиҳад, ки «Бобои Ғулом шахсан Шумо ягон немисро асир гирифтаед?», ки мегӯяд: «Очата зин мезана! Ӯра немис меган!». Рӯҳат шод ва хонаи ахиратат обод бод, бобои мо…

2020. Соли муҳаббат. Мардум аз маргу мир монда шудаву ба худ омад. Ба ҳамдигар меҳрабонтар шуд. Қаҳриҳо оштӣ карданд. Оштиҳо ҷафстар гаштанд.

Муҳаббат кишт дар дилҳои мардум,

Чаро гӯӣ Кароноро вафо на?!

2020. Соли лутф. Дар миёни маргу мир мардум шӯхӣ мекард. Механдид. Минҷумла, Алии Беҳудуд, дӯсти газити мардумӣ, аввали сол, вақте масоҷид боз буд, камар баставу намози ҷумъа рафт, ки имом-хатиб бонг ҳамезад: -Сафҳоро ҷаВс-ҶаВс кунед, то Шайтон ҳамин ҷосту байнатон надарояд. Алӣ ҷонамозашро барчид ва ба суоли ҳозирин гуфт: -Масҷиде, ки макони гашту гузори Шайтон бошад, дигар нахоҳам омад!!!

2020. Соли муштсалом. Мушт 1 умр барои ҷанг буд, вале ин сол онро табдил дод, ба салом, ба истиқбол, ба изҳору ибрози самимият. Таваҷҷӯҳ кардаӣ, хонанда, ки ҳоло аксарият бо мушт бо ҳам салом медиҳанд? То-та!

2020. Соли КАЛАМУШ. Бо ҳама ҷабру ҷафо соле буд, ки мисли Александр, Қутайба, Чингизхон, Гитлер… номаш дар таърихи башарият 1 умр бо бадӣ сабт гардид. Ин КАЛАМУШро ҳаргиз одамият фаромӯш нахоҳад кард.

2021. Соли Гав. Омаданаш муборакамон бод. Ва агар дар Соли Муш аз ғазаби Худо огаҳ шудаву ислоҳ гаштаем, иншооллоҳ, Гав Соли Муборак ва бапайиқадам хоҳад буд. Зеро ГОВ ин худ намои ҳалимиву меҳрабонӣ, фаровониву арзонист. Вале ба шарте, ки ҳоҷиёни мо аз рӯзи қиёмат, муллову эшонтарошҳо аз ғазаби Худо андеша кунанду масъулину вузарои мо аз Ӯ тарсанд.

Соли Нават муборак, хонандаи азизу гиромии ман. Мо Метавонем!

 

Матлабҳои дигар