Принт

Омӯзгори ҷавон ояндаи миллат нест?

 Номаи кушод ба вазири маориф ва илми ҶТ Маҳмадюсуф Имомзода

Банда (собиқаи кориам 8 сол) дар даври ноҳиявии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2020», ки аз рӯи 13 фанни таълимӣ баргузор гардид, аз фанни география ҷои якум  ва ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтам. Корҳои эҷодӣ (шумораи мақолаҳои илмӣ-методӣ, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳои соҳавии сатҳи ҷумҳуриявӣ чоп шудаанд 22 адад, дар рӯзномаи маҳаллӣ 6 адад, дастурҳои таълимӣ 4 адад) ва мазмуни фаъолияти кориамро ҷамъоварӣ намуда, дар ҷустуҷӯи  метод ва усулҳои ҷадиди таълим шудам ва таҷрибаамро такмил додам.

Ман эътимоди комил доштам, ки дар даври вилоятӣ баранда мешавам. Зеро дар ин озмун бори дуввум буд, ки иштирок доштаму таҷрибаи кофӣ пайдо карда будам. Аммо тахминан рӯзи 22 декабр хабар ёфтам, ки дар даҳаи якуми моҳи декабр даври вилоятии озмун баргузор гардидааст. Аз директори Маркази рушди истеъдодҳо-З.Шорасулова сабаби бехабар монданамро пурсидам. Ӯ гуфт маҳз бо супориши мудири Шуъбаи маориф Д.Ниёзқулова барои иштирок дар даври вилоятии озмуни «Муаллими соли Тоҷикистон-2020» А.Турсуновро пешниҳод кардааст.

Ғолиб маълуму мағлубон бехабар?!

 Оиди масъалаи мазкур бо мудири Шуъбаи маориф Ниёзқулова ба воситаи телефон сӯҳбат кардам. Мавсуф масъалаи ташкил, гузаронидан ва дархост пешниҳод карданро вазифаи Маркази рушди истеъдодҳо маънидод кард ва гуфт аз вилоят ба мо чунин дастур шуд, ки  А. Турсуновро пешниҳод  кунем. Суоли матраҳ ин аст, ки чаро маҳз Турсуновро пешниҳод карданд? Зеро аз  иштирокдорон 6 нафар (аз фанҳои гуногун) ҷои аввалро ишғол намуда буданд. Бигзор, ки аз сабаби COVID-19 ба Низомнома тағйирот ворид шуда бошад, аммо пеш аз он ки як нафарро аз байни мо пешниҳод кунанд бояд ҳамаи мо 6 нафарро  даъват карда мегуфтанду бо 3 роҳи зерин якеамонро интихоб мекарданд:

1.  Аз рӯи холҳои гирифта;

2. Бо роҳи санҷиш (бо кадом усуле набошад);

3. Қуръакашӣ (ақаллан).  

 Вазири муҳтарам М. Имомзода худ қазоват кунед, вақте онҳо (мудири Шуъбаи маориф ва директори Маркази рушди истеъдодҳо) чунин рафтор кардаанд, ман чӣ кор кунам? Аз ин рафтори онҳо сахт дилшикаста шудам, дар ҳоле, ки дар сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи ҷавонон чун ояндаи миллат арзёбӣ мегардад. Пешвои муаззами миллат ҷавононро ҳамеша дастгирӣ мекунанду таъкид медоранд, ки ҷавононро дастгирӣ кунед, роҳ нишон диҳед, ҳавасманд гардонед, зеро «Ҷавонон ояндаи миллатанд». Магар ҳамин аст дастгирии ҷавонон дар соҳаи маорифи кишвар?

Мирзо Рамазониев, омӯзгори фанни ҷуғрофия, МТМУ №1 

ба номи академик Б.Ғафурови н.Зафаробод

 

 

Матлабҳои дигар