ХАБАРИ ДОҒ

Биёед таппакро патенти миллӣ гирем!

  • Чоршанбе, Янв 20 2021

(Памфлет)

Чаро не? Ин қадар, ки мо печкаҳои бобоӣ ва тануру оташу кӯрдудро таблиғ дорем, барои ҳуқуқи муаллифӣ гирифтан бар таппак ва дигар анвоъи оташсӯзӣ ҳамагӣ 1 қадамак мондааст: Ба мақомоти бақайдгирӣ муроҷеъ мешавему, кори хирс тамом-Таппак патенти тоҷикӣ мегирад…

Ҳоло шояд чанд шаҳрнишин хандиданд. Вале бовар дорам, ҳазорон хонандаи деҳотӣ ашк рехтанд. Зеро воқеан ҳам таблиғи таппаку ҳезуму печкаҳои бобоии маъруфтар бар исми гӯшнавози «буржуйка» (насли калонсол ин мафҳумро медонад) аз ҳадди инсоф гузаштааст. Ҳамтоҳои ман аз ТВ онгуна оташафрӯзӣ ва таппакпарастиро таблиғ мекунанд, ки ҳисобаш гум. Ҳаммаш аз чӣ сар мешавад? Оре, аккурат, аз беҳунарӣ. Фикр мекунед, дар солҳои шӯравӣ ва ё 20-25 соли аввали истиқлолият мушкили энергетикӣ надоштем? Ещё как доштем! Вале боре ҳам аз ТВ ин қадар барои ману шумо таппаку ҳезуму алов таблиғ мешуд? На-ме-шуддд…Зеро профессионалҳо он ҷо кор мекарданд, ҳу, ҳамонҳое, ки собиқ раҳбари кумитаи РТВ «пир» ва «на зеби эфир» гуфта ронда буд.

Он вақт масъулин дарк карда буданд, ки «сар кафид-таги тоқӣ». Имрӯз ин масалро фаромӯш кардаанд. Ва ин ҳам дар ҳоле, ки ТВ-ҳои мо моҳвораӣ шудаанд, тариқи спутник моро сар аз Ҷопон то Амрикои Лотинӣ тамошо мекунанд. Тамошо мекунанд ва дар баробари дидани дастовардҳои воқеан ҳам назарраси мо, ки Тоҷикистонро чун нигине дар ангуштарини кишварҳои Осиёи Марказӣ (ҳоло Афғонистону Покистону Ирон 1 сӯ, ки тамоман валангоранд!!!) ҷило медиҳад. Кӯҳу пуштаву дашту даман, шар-шараи обу чашмасори дарёҳои кӯҳӣ, манзараҳои зебо аз Дарвозу Хоруғ, то Ашту Рашт, Манораи Эйфел дар Кӯлоб, поркҳои тамиз, хиёбонҳои гулпӯши рашкипарӣ, зардолубоғҳои ғарқи гули Хуҷанду Исфара, роҳҳои ҳамвори Зарафшону лолазорони Хатлон … воқеан ҳам чашми бинандаро об медод.  Вале тайи 2-3 ҳафтаи ахир, рекламаи «сарфаи энергия тавассути печкаҳои буржуйка» на танҳо табъи меҳмонону сайёҳон, ки худи тоҷикистониёнро низ хира кардааст. Бе шакку тардид ингуна гузоришоти вежаи таъҷилӣ дар барномаҳои Ахбору Иттилоъ ва табсираҳои сиёсӣ танҳо душманони идеологии моро шод месозанду бас. Касе бовар надорад, саре халонад ба интернет ва бо чашми сар бинад, ки ман рост гуфтам ё муҳобот кардаам??? Ва ҳама ин бетутуруқӣ аз куҷо маншаъ мегирад? Оре, аккурат, аз непрофессионализми журналистони расонаҳои расмӣ. О, мешавад, мешавад, ин корро ба навъи дигаре роҳандозӣ кард. Дур намеравем, дар Муроҷиатномаи Ширкати Барқи Тоҷик роҷеъ ба мавзуъ, ки дар саҳ-3, дар газетаи СССР ҳам нашр шудааст (ҳатман хонед!) ва бовар дорам, онро  журналистони профессионале чун Нозирҷон Ёдгорӣ (котиби матбуотӣ) таҳия кардаанд, мушкили дефитсити барқ онгуна равон, сода ва бидуни иғроқи даъват ба таппаксӯзӣ инъикос ёфтааст, ки хурду бузург ба умқи проблема сарфаҳм меравад.

О, мана мешудааст-ку? А, ТВ бошад чӣ кор мекунад? 1-2 мисол меораму бас: Чанде пеш аз н. Айнии водии Зарафшон таблиғи печкаҳои буржуйка, ангишту таппакалав (ҳезум кайҳо тухми анқост) пахш мешуд ва соҳибхона бо бачаҳояш ними бадан зери кӯрпа (!), сӯҳбат дошт, ки шукр, хонаамон гарм аст…Вале! Аз даҳони аъзои оила онгуна ҳаври даҳан бармехест, ки фикр мекардӣ, дар тайгаи Сибир онҳо интервю медиҳанд. Ҳол он ки кор дар дохили ХОНА буд. Инро чӣ мегӯянд? Непрофессионализм!!!

Мисоли дигаре аз ҷануби кишвар. Қубодиён. Барномаи Ахбор. Репортажи таърифу таблиғи таппаку ангишту ҳезуму алав. Кӯдакистонро нишон медиҳанд, ки ҳама сарҷамъ, рӯи кӯрпачаҳои ғиҷим назди печка шиштаанд. Муаллифи матлаб ва мураббиён даъво доранд, ки «ҳама садай! Зинда бод печка!». Ба ҳамин тартиб мактабҳои миёна, кӯдакистонҳо, толорҳо ва дигар макони сарҷамъии атфол таблиғу ташвиқ мешавад.

О, магар намешуд, журналистон 1 соҳибкореро пайдо кунанд, ки ба мактабу кӯдакистонҳо системаи ягонаи гармидиҳии автономӣ (чулан) сохта бошад? Чунин системаҳо дар Бозори Корвону Султони Кабир, ба гуфти бобои Ғуломи таърихӣ «лав задагӣ». Аз 20 то 30 ҳазор сомонӣ нарх доранд. Бурда мешинонӣ ва 1 мактаб ё кӯдакистон ҳамагӣ бо 5-6 кг ангишт тавассути бухориҳои плостикӣ (дар урфият батарея) гарм мешавад ва ба гуфтаи Аловиддини беҳамто «кори хирс тамом!».

Воқеан ҳам дар бораи Аловиддин. Ӯро низ маҷбур кардаанд, ки ролики таблиғӣ-ташвиқотии ба раҳбарияти Кумитаи РТВ мутобиқ созад: мӯсафеду кампир барои фарзанди студенташон дар шаҳр хунук нахӯрад, гуфта, дар печка алов мекунанд. О, бародарон, зиндагонӣ ин фақат шаҳр нест, охир…

Нархи ҳезум, таппак дар музофот ба осмони 7 дакка хӯрдааст. Медонам, ки ин нархро касе поин бурда наметавонад. Зеро ҳезум ва таппак моли патентӣ ҳам набошанд, моликияти фардиянд ва соҳиб онро бо кадом нархе, ки хоҳад мефурӯшад. Вале чӣ балое расида, ки қимати маҳсулоти сӯхти сирф ба давлат мутааллиқ, яъне ангишт ба осмони 18 баромада? Наход, дар шабу рӯзе, ки кишвар ба бӯҳрони энергетикӣ фурӯ рафтааст, масъулини соҳа нархи ангиштро бардоранд? Ин дигар талаботи бозор нест, ки «вардошт замм кун!». Инро дар илми сиёсташиносӣ диверсия меноманд. Ана дар кадом мавзуъ бояд ТВ гузориш таҳия кунад, агар дилаш ба мардум месӯзаду дар хидмати ҳукумат қарор дорад.

Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter