ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Кӯлоб рав!!!

  • Ҷумъа, Янв 22 2021

    Сафари навбатии мо ба ш.Кӯлоб ғайриоддӣ ва ногаҳонӣ сурат гирифт.1 дӯстам, ки аз рӯи фаъолияти худ ҳамеша дар сафар аст, аз он, ки 1 сол шуд наметавонад ба ҷойе сафар кунад, даъват намуд, ки ба ш.Кӯлоб тавассути қатора равем. «Лоақал дар поезд нишаста, хумори сафар мешиканем!»-гуфт ӯву шавқу завқи маро бедор кард. Новобаста аз баста шудани марзҳову роҳҳои ҳавоию заминӣ хатсайри роҳи оҳани «Душанбе-Кӯлоб-Душанбе» ҳафтае 2 маротиба анҷом ёфта, мо барои сафар рӯзи шанберо интихоб намудем. 

Вагонҳои торику пур аз чангу хок

   16.01.2021. Соат бо вақти Душанбе 07:35 дақиқа. Ба вокзали роҳи оҳани пойтахт омадем. Қатораи хатсайри «Душанбе-Кӯлоб» дар хати якум истодаву мусофирон кам-кам ҷамъ мешуданд. Хазинаи вокзал мисли 1 рӯз пеш баста шуд, чаро? Дар шуъбаи иттилоот гуфтанд, ки чиптаи сафарро ҳангоми ҳаракати қатора дар дохили вагон дастрас мекунем. Ҳайрон шуда ба перрон баромадем. Дар назди дари ҳар 1 вагон роҳбаладон бо сарулибоси корӣ, ниқобу дастпӯшак ва маҳлули безараргардонӣ истода буданд. Гуфтанд, ки метавонем ба вагони №1 даромада шиштан гирем, саворшавӣ аз вагони №1 сар мешудааст.

Даромадем, вагон торик буд, лампаҳояш намесӯхтанд. Базӯр гузашта, дар яке аз куппеҳои кушодаи байн ҷой гирифтем. Мизу дивани он қадар чангу хок дошт, ки 1 баста салфеткаи тари мо нарасид. Мо, ки бо умеди сафар сарулибоси олуфтаву рангу ороиш карда будем, ин ҳама чангу хокро дида, «тарбуз аз бағаламон афтод». Нафаре муҷаҳҳаз бо дастгоҳи махсус гузашта, ҳоҷатхонаи вагонро бо маҳлул безарар гардониду рафт, вагонро касе бо маҳлули безараргардонӣ тоза накард. Маҷбур сачоқи бо худ гирифтаамро бароварда, ҷойи нишастро тозаву тамиз намуда, баъд нишастам. Фикр кардам, ки ин вагонро аз давраи раисии Амонулло Ҳукумов дигар тоза накардаанд…

Бо гузашти 20 сол чизе иваз нашудааст…

   Соат бо вақти Душанбе 08:20 дақиқа. Қатора расо дар соати тасдиқшуда ба ҳаракат даромад. Баъди чанд лаҳза роҳбалади вагони мо ва сардори қатора бо навбат омада аз мусофирон пули сафар чиданд. Нархи роҳкиро аз Душанбе то Кӯлоб 15 сомонӣ арзиш дошт. Мо ин маблағро ба дасти сардори қатора дода, чипта талаб намудем. Ба мо чипта доданд, «Чиптаро надаронида те!» таъкид намуд ба ёрдамчиаш сардори қатора. Шояд дарк кард, ки кормандему ба қавле «командировка» рафта истодаем. Ҳар касе чипта талаб мекард, онро даронида медоданд, баъзеҳо умуман намепурсиданд. 

Вақте аз роҳбалад пурсидам, ки чаро чиптаро дар хазинаи вокзал неву дар дохили вагон ва бо ин роҳ мефурӯшанд, ӯ гуфт, ки ҳастанд нафароне, ки бидуни чипта ба вагон дохил шуда, ройгон мераванд, яъне «зайчиканд». Ба назари ман ин комилан хато ва нодуруст аст. Мусофиронро бидуни чипта нагузоранд, ки дароянд, бо ҳамин кори хирс тамом! 

Чиптафурӯшӣ дар дохили вагон маро ба солҳои 2000-уми асри гузашта бурд, вақте мо аз Хуҷанд тавассути хатсайри «Конибодом-Душанбе» бармегаштему умуман чипта набуд, роҳбаладон пулро ҳамин тавр дастакӣ ҷамъ мекарданд. Бо гузашти 20 сол чизе дар ин самт дар роҳи оҳани Тоҷикистон иваз нашудааст…

Қатора-«камбағалкашак»?

   Соат бо вақти Ваҳдат 8:55 дақиқа. Ба истгоҳи вокзали ш.Ваҳдат расидему мардуми зиёд бо сумкаву халтаву кӯдакони худ вориди вагон шуда, онро пур карданду ҷойи нафаскашӣ намонд. Ман нафаҳмидам, ки чаро сардори қатора ҳамаро ба вагони №1 мефиристод, ҳоло он, ки дигар вагонҳо холӣ буданд. 

Мусофироне, ки аз истгоҳи ш.Ваҳдат нишастанд, сӯи Ёвону Сарбанду Вахшу Сангтӯда равон буданд. Аз Душанбе то Ваҳдат 2 сомонӣ, аз Ваҳдат то Сарбанд 7 сомонӣ, аз Ёвон то Восеъ 10 сомонӣ ба сардори қатора пардохт мекарданду касе на чипта пурсиду на ба касе чипта доданд. Хуб он буд, ки кӯдакони то 12 сола бепул рафта меомаданд. 

Мардум мегӯянд, ки қатораи ин хатсайр арзону қулай буда, аз истгоҳҳое мегузарад, ки агар бо мошини равӣ, бояд чанд маротиба мошин иваз кунӣ, дар поезд бошад бароҳат нишаста, меравӣ, «камбағалкашак аст, поезд!»-мегӯяд ҳамсафари мо Бибигул Раҷабова, ки аз Ваҳдат нишаста, ба н.Вахш равон буд.

«Роллтон»-да биё! 

   Соат бо вақти Ёвон 10:55 дақиқа. Қатора дар истгоҳи вокзали Ёвон истоду мардуми зиёд фаромаданд. Гуфтем вагон холӣ шуду каме нафаси сабук мекашем, а неъ! Дар байни 2-3 дақиқа вагон боз пур шуд-сардори қатора ҳамаро ба вагони №1 равон мекард. Вагонҳои дигари қариб, ки мусофир надоштанд.

Сар аз ҳаракат аз Душанбе то охирин истгоҳ-вокзали ш.Кӯлоб 2 нафар корманди ресторани қатора байни вагонҳо пайваста равуо карда, ҳар гуна маҳсулоти шириниву обу хот-догу пирожки мефурӯхтанд. Зану ҷавонмард сару либоси тозаи махсус дошта, қандаку пичинии арзон ва ҳатто «Роллтон» мефурӯхтанд. Семичкаи 1,5 сомонӣ, чипси 1 сомонӣ, пичинии 2 сомонӣ ва «Роллтон» ин ҳама заҳр аст, пур аз химикат, вале чаро ин ҳама заҳрро, ки ТВ тоҷик ҳамеша дар борааш гузоришҳои танқидиву таҳлилӣ пахш менамояд, баҳузур дар қатораи давлатӣ мефурӯшанд? Барои бемору заҳролуд кардани миллат!?

   Соат бо вақти Левакант 13:10 дақиқа. Зани пешхизмат, ки коргари вагон-ресторан будааст, эълон кард, ки дар ресторан обед-оши палав бо нону салаташ омода аст ва ҳар ки мехоҳад метавонад рафта онҷо обед кунад. Нархи 1 порс оши палав-10 сомонӣ! Ман ба ин нарх тааҷҷуб кардам, вале дугонаам «рафта бинам» гуфта, ба вагон-ресторан рафту ман сумкаҳоро посбонӣ. Пас аз чанд лаҳзае омада гуфт, ки онҷо ҳам мисли вагони мо пур аз чангу хок асту беҳтараш аз баҳри обед баромада, нону паниру чойи худамонро хӯрдан гирем. Дар вагон об намеҷушонданд…

Дароз накашед, мумкин нест!

   Соат бо вақти Сангтӯда 14:00 дақиқа. Рафи дуюми вагонҳоро кушода, кӯдакони дар барамон бударо ба боло шинондему гуфтем дароз мекашем-пас аз 6 соати нишастан миён шах шуда буд. Аз роҳбалад рӯйҷо пурсидем, гуфт нест, таъкид кард, ки кӯдаконро аз боло фароварда, дар бари худамон шинонем, зеро рафи дуюмро кушодану хоб кардан мумкин нест!!! Ба суоли чаро, посух дод, ки дар масири аз 12 соат зиёд иҷозати хоб аст, роҳи Душанбе-Кӯлоб танҳо 8 соатро дар бар мегирад!

Мӯҳтарам раҳбарияти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон!» Мо ҷавонон ку тоқати 8-10 соат нишастанро дорем, вале пиронсолону кӯдакони хурдсолон чӣ? Онҳо ҳуқуқ надоранд ним соат по дароз кунанд? Ин қоидаи ҳамлу нақли мусофиркашии навбаромад аст? 

Маро шӯед!

   Соат бо вақти Восеъ 16:00 дақиқа. Роҳбалад аз мо хоҳиш кард, ки ба назди баромадгоҳи вагон гузарем, то ба рӯфтан сар кунад. Зимни сафар пас аз ҳар 1 истгоҳи калон ёрдамчии вагон 1 маротиба вагонро ҷорӯб мезад, вале ин ҳама чирку чангу хоки шояд беш аз даҳсолаи вагонро ин тавр тамиз кардан ғайриимкон аст. Сар аз пардаҳои тиреза то рӯи мизу рафу дару девори вагон ва дар умум қатора ифлос аст. Ман мефаҳмам, ки чангу хоки вагон нав нест, қатора бе хоку чангу дуди ангишту солярка қатора нест ва бояд ҳам чунин бошад. Аммо ин чирку чарми вагонҳо аз солҳои гузашта мондаву боре ҳам дуруст шуста нашудаанд, боз ҳам дар давраи пандемияи коронавирус.

   Соат бо вақти Кӯлоб 16:50 дақиқа. Пеш аз фаромадан дар истгоҳи вокзали ш.Кӯлоб зери миз, ки пучанг буд навиштам «Маро шӯед!». Воқеан ҳам қатораҳои КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» чи дар хатсайри «Душанбе-Кӯлоб-Душанбе» ва чи дар хатсайри «Душанбе-Пахтаобод-Душанбе» имрӯз ниёд ба 1 «химичистка»-и ҷиддӣ доранд ва бояд он ҳама чирку чарми 20 соларо-баъзе вагонҳоро дар ҳақиқат шояд 20 сол нашуста бошанд, тоза кунанд. Зеро мусофир ҳар гунае, ки набошад, пули хизмат пардохт мекунад ва бояд дар вагонҳои тозаву озод, бо оби ҷӯш барои 1 пиёла чой (ки надорад…) ва рӯйҷову кӯрпа барои дарозкашӣ таъмин бошад! Чи гуфтед, мӯҳтарам Комил Мирзоалӣ!?

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР,

Душанбе-Кӯлоб, 

16.01.2021

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter