Принт

Прокуратура, коррупсия, ВКД ва палатаи ҳисобро бандем-чӣ?

Ягон ҷамъият бе камбудӣ нест ва на-ме-ша-вад! Зимнан агентии мубориза бо коррупсия мардумро аз шарри ришвагирон мераҳонаду, додситонӣ авомфиребу мошеннику ҷиноятҳои махсусан муҳимро фош менамояду милиса дузду ғару бандит меқаппад. Ҳукумат чу дид, ки бо инҳо низ намешавад, палатаи ҳисобро ифтитоҳ бахшид. Яъне чӣ? Яъне дар ҳар ҳукумат дузду ришватситон ва хоину фурӯхташда буд, ҳаст ва мемонад. Ва дуруд бар кормандони агентиву додситониву палатаи ҳисобу милиса, ки кори ҷонии худро иҷро мекунанд…

Стоп! Пас, журналистика барои чист?

Барои таърифу таблиғ??? Агар кас назаре ба журналистикаи муосир, ба вежа расмии расонаҳои электронӣ афганад, пас посух мусбист! Зеро журналистикаи мо бидуни таърифу таблиғ дигар коре надорад! Надонам аз куҷо, вале дар ҷомеаи мо, ба вежа ҷамъияти мансабдорон ва капиталистон (кайҳост мо дар ин форматсияи иҷтимоӣ зиндагонӣ дорем) назаре ҳукмфармост, ки журналисте танқид мекунад ва аз камбуд мегӯяд, фурӯхташуда аст, хоин аст, зархарид аст. Газетаҳоеро, ки андак-мундак дарди дили мардуми оддиро мегӯянд, «Жёлтая Пресса» меноманд.

Ҳафтаи пор бо 1 дӯсте, ки зиёд бар шахсияти ман арҷ мегузорад, во хӯрдам ва аҷаб гапе гуфт:

-Шумо дар желтая пресса ҷои вежаи худро доред!

Ӯ маро таъриф мекард!!! Ӯ намедонист, ки жёлтая пресса чист. Газетаҳое, ки думболаи сенсатсияҳои авомона, амсоли «ишқварзии хушдоман бо домоду зинои хусур бо келину ошиқии кампир бо ҷавону ҷаҳмандии гулдухтаре бо мӯсафед» медаванду аз худ ҳар чизе бофта, дар тӯли 20-25 соли ахир, миллати Тоҷикро бадном кардаанд, воқеан жёлтая пресса ҳастанд. Вале, маъзарат, рӯзномаҳое, ки дарди дили мардумро мегӯянду шахсӣ ҳам бошанд, бо ҷон аз манофеъи Миллат, Ватан, Давлати Тоҷикон пуштибонанд, ҳаргиз на жёлтый ҳастанду на красный ва на чёрный…

Вале ин дӯсти ман, ки аз коридорҳои баланди ҳукумат асту ин тамғаро ҳамарӯза дар ҳаққи ману мо мешнавад, фикр дорад, ки жёлтая пресса, ҳамоно матбуоти шахсист.

Воқеан ҳам дар бораи матбуоти хусусӣ. Бонкҳо, корхонаҳо, идораҳои давлатӣ шахси шуданду хиёнаткор на, пас чаро дар симои матбуоти хусусӣ душман меҷуянд? 30 сол аст, ин матбуот низ дар хидмати Давлат, Ҳукумати марказӣ ва Миллати тоҷик аст. Вале боз ҳам масъулин аз мо нигаронанд, ки имрӯз ё пагоҳ ҳатман «хиёнат» мекунанд! Бо ҳамин сабаби тангназарӣ чанд газетаи хусусӣ баста гардид ва кормандону масъулинаш воқеан ҳам Аврупо рафтанду ба оппозитсия пайвастанд. Имрӯз мехоҳанд ин мардумро бо чӣ роҳе набошад, бозпас гардонанд. Авф, амният ва ҳуқуқашонро ҳифз карданиянд. Вале намепурсед, кӣ гунаҳкор аст, ки онҳо фирорӣ шуданд? Ана ҳамин ихтилофи назарҳо дар кору фаолияти журналистикаи хусусӣ. Вагарна чист, агар газетаҳои хусусиеро, ки дар саргаҳи муфлисӣ истодаанд, ба феҳристи Обунаи ягона шомил кардан? 

Идеологҳои мо амдан матбуоти хусусии «танқидгар»-ро муфлис мекунанд, то журналистонаш муҳоҷир шудаву ба сафи ину ун гурӯҳ пайванданд? Мантиқи ин амалро шахсан ман дарк намекунам. Вале агар нафаре факту далел дорад, пеш оварад.

Дур намеравем, дар ҳамин соли 2020, ки бидуни коронавирусу маргу мир боз 2 интихоботи тақдирсоз дошт, тамомии, ба гуфтаи худашон, «жёлтая пресса» аз манофеи Давлату Ҳукумати марказӣ пуштибонӣ дошт, ҳатто бештар аз журналистикаи расмӣ, ақаллан дар ҳамин сол шонсе баробар ба 1 газетаи ноҳиявӣ ба матбуоти хусусӣ дода нашуд?

Танқид-меваи коммунизми аст-мегуфт Ленин. Ленин кӯчак марде набуд. Идеологи хеле бақувват буд. Вале имрӯз дар мо танқид ва хиёнат дар 1 паллаи тарозу меистад. Бо ин ҳама танқиди матбуоти хусусӣ ба мисли сарпӯши дегест, ки гоҳ-гаҳе онро вардоштан лозим то шир сар наравад, авқот насӯзад, ош ланҷ нашавад. Кадбонуҳо инро медонанд. Кафлесбадастони идеологияи муосир чӣ?

Ва агар бо ин ҳама, ин қадар аз танқид метарсем, биёед ба номи матлаб баргардем ва ҳамакаса прокуратура, коррупсия, ВКД ва палатаи ҳисобро бандем! Ва ба оламиён гӯем, ки дар мо ягон ҷинояту хиёнату иҳонату таҳқиру дуздиву ришват нест… 

Хандаовар не? Пас, агар механдед, ба журналистикаи расмӣ низ миссия асливу усулии он-чашму гӯши Давлат буданашро баргардонед ва репорту барномаву матолиби танқидиро роиҷ гардонед. Вагарна контроли насле не, боварии ҷамъиятро аз даст медиҳем ва он гаҳ…ва ана он гаҳ Фейсбуку Твиттеру боқӣ шабакаҳои Интернетӣ ҳокими комили афкори ҷамъиятӣ мешаванд. Ва ин сайтҳо бо ҷамъияти араб чӣ коре карданд, ба ҳама маълум аст…

PS: Ва аз ҳама охир дар бораи таблиғ-реклама. Аз барои савоб! Пӯсту песу вараму геморройро ба мардум ақаллан ҳини завтраку обеду ужин нишон надиҳед…

Мо Метавонем!

 

Матлабҳои дигар