Принт

Авто-гадо…

 

Агар аҳамият додаед, гадоҳои Русияву Аврупо ҳунарашонро ба маъраз мегузоранд-скрипка, баян, фокус…, талбандаҳои тоҷик иллаташонро-шаливу кариву кӯрии хеш ва чулоқии фарзандро…

Тамомии талошу заҳматҳои шаҳрдорӣ ва Ҳукумати марказиро тӯдае ба 0, ба сирф баробар мекунанд. Ва бигзор тариқи ТВ 1001 бор таблиғу ташвиқи пойтахти воқеан зебои мо пахш шавад ҳам, тӯдае коре мекунанд, ки дар назари ҳар меҳмон Душанбе чун шаҳри моломол аз гадову талбанда муаррифӣ гардад. Ман дар назар дорам, армияи ҷӯгиву талбандаву гадоҳои профессионалро, ки ҷодаҳои пойтахтро зич печонидаанд ва мутаассуф касе ба онҳо коре надорад. Зеро дар назари аввал:

А) онҳо ҷинояте содир намекунанд;

В) онҳо ҳаракату самти роҳро вайрон намесозанд… 

…вале дар ҷамъ, инсофан ва мантиқан:

С) обрӯву имиҷи миллати Тоҷикро мерезонанд!

Биёед ба мушкил аз зовияи вақту фазо баҳогузорӣ кунем. Ҳар нафаре Ҳиндустон рафтааст, медонад, ки миллионҳо ҳинду ба гадоӣ, талбандагӣ, ҳуққабозӣ, тамаъҷӯӣ банданд. Зеро ин рафтор дар хуни ишон аст. Ва беҳуда нест, ки илман решаи ҷӯгиҳои моро ба ҳиндувони кашмирии покистонӣ-ҳиндуӣ рабт медиҳанд. Бар тибқи пажӯҳиши этнографҳои советӣ қавми ҷӯгӣ аз қабоили қаввол баромадааст. Ин қавм бошад, дар навбати хеш аз Ҳиндустони кӯҳманзар, ки баъдан Покистон гардид, ба Осиёи Марказӣ, ба вежа Тоҷикистону Ӯзбекистони имрӯза фаромадааст. Шумо аҳамият додаед, ки миёни қабоили степнишини кӯчӣ ҷӯгӣ нест?! Қирғизу қазоқу туркман ҷӯгӣ надоранд. Зеро ҷӯгӣ усулан дар миёни миллатҳои сахопешаи шаҳрнишин, дасткушод-«щедрый» реша медавонад. Фарзи мисол, ҷӯгиҳо дар байни Тоҷикон ва сиганҳо миёни русҳо ва ғ. 

Акнун фаҳмидӣ, хонанда, ки иллати асливу усулии рушди ҷӯгиизм ва талбандагӣ дар кишвар хӯю хислати хунии мо-Тоҷикон будааст? Яъне мо ба инҳо хайр мекунем, инҳо зиёд мешаванд ва чун афзуданд, обрӯи шаҳр, ноҳия, кишвар ва дар ҷамъ миллати моро мерезанд. Ва на танҳо дар Тоҷикистон. СССР борҳо навишта буд, ки ҳамсоякишварҳо ба ҷӯгиҳо дар паспорт мӯҳри Тоҷик зада, баъдан ба Русия равон мекунанд. Фарзи мисол, дар Ӯзбекистони каримовӣ, ки тамғаи Тоҷик гузоштан дар паспорти самарқандиву бухороӣ қариб номумкин буд, 100% лӯлиҳо Тоҷик карда шуда буданд!!!

Вале сӯҳбати мо сари ҷӯгиҳои маҳаллист, ки обрӯрези кишвар шудан доранд. Худоро шукр бубояд гуфт, ки дар ҳамин шабу рӯзҳо равуои сайёҳони хориҷӣ бастааст, вагарна ингуна вусъату равнақи талбандагӣ, ки дар Душанбеи азиз дида мешавад, имиҷи давлату миллати моро коҳиш медод. Ва мутаассуф, аз беназоратии кул истифода карда, мардумони барзиёде худро ба ҷодаҳо рехта талбандагӣ мекунанд. Тоҷикон низ ҷӯгӣ шудан доранд! Мегӯед аз бечорагиву бекорӣ? На! Дар авоили шӯравӣ, ба вежа солҳои репресия ва коллективизатсияи  1930-40, дар даврони ҶБВ мардум фавҷ-фавҷ аз гуруснагӣ мемурд, вале шунидаед, ки 1 Тоҷик даст ба гадоӣ бурдааст???

Пас иллат дар чист? Сабаби асливу усулӣ ана ҳамин дастгоҳи аёнии ҷӯгиизм, даромади муфт ёфтан дар мактаби талбадангист, ки тоҷикон низ «фаолияти пурсамар ва фоидаовару бе ҷазои лӯлиҳо»-ро дида, худро ба кӯча гирифтаанд.

Имрӯз 1 манзараи даҳшатбор дар Душанбе ҳукмфармост: Дар ҳар гардиш, ҳар пробка, ҳар чорроҳа, ҳар светофор фавҷ-фавҷ ҷӯгиву талбандаҳо ба чашм мехӯранд, ки аз ронандагон пул меситонанд. Хонандаи гиромӣ! Агар пеши роҳи ин бешарафиро мақомот ба таври зӯр нагирад, фардо садҳо, ҳазорон, даҳҳо ҳазор нафарро дар роҳи мошин хоҳем дид, ки чун дар Ҳиндустони афсонавӣ ба талабандагӣ машғуланд. Воқеан ҳам ҳатто дар Ҳиндустон пеши роҳи чунин бешарафиро мегиранд. Фарзи мисол, маркази пойтахташонро хеле аз авто-ҷӯгиҳо тоза кардаанд. Зеро сафҳаҳои интернетӣ бо аксу тасвири ин талбандаҳо обрӯрези ин кишвар шуда буд. Дар мо чӣ? Дар Душанбеи азиз, баракс, сафи авто-ҷӯгиҳо дар ҳоли рушд аст ва ин шеваи талбандагӣ мӯд ҳам шудааст. Мутмаин бошед, фардо мо низ аксу тасвири лӯлиҳои худро дар интернет хоҳем дид!

Талбандаҳои профессионал, шабона дари дилхоҳ тарабхонаву ошхонаро банд кардаанд. Аз кадом ресторане набароӣ, ҳатман чанд кӯдаки бечора, ки модарашон аз дур онҳоро наззора ва «наводка» мекунад, атрофатро мепечанду дасти оз дароз месозанд. Дар назди кадом тарабхона, светофор, чорроҳа, ошхона ва корхона имрӯз ҷӯгӣ ва талбанда нест? Ҳоло шукр гӯед, ки масҷидҳо бастаанд, вагарна 400-500 метр атрофи ҳар ибодатгоҳ ҷӯгихона мешуд. Ба вежа дар рӯзи ҷумъа… 

Ҷӯгӣ, талбанда, гадо бояд муҷозот шавад! Афроде, ки фарзандони маъюбу маслуқашонро ба роҳи асфалт маҷбуран мебароранду аз бадбахтии атфол сӯистифода мекунанд, низ муҷозот шаванд-аввал корҳои ислоҳӣ ва сипас 10-15 «сутка арест»! Зеро инҳо ҳуқуқи атфоли маълӯлро поймол месозанд. Ва ин дар ҳолест, ки Давлат ба ин атфол нафақаи маъюбӣ медиҳад ва волидайни ишон аз имтиёзоти вежа бархӯрдоранд. Медонам, ҳоло чанд бодовардае хоҳад гуфт, ки ин бечораҳо чӣ кор кунанд? «ЧИ»-ро партоед ва  дар охир аломати хитоб гузоред, ҷавоби суолатон пайдост: КОР кунанд! Кор ҳаст!!! Зеро дар ҳар сурат, кор, ҳатто кори пасттарин, аз ин беномусии талбандагӣ, ки ба косташавии обрӯи пойтахт ва кишвару миллат меорад, ба карат болост:

Гар гадо пешрави лашкари ислом бувад,

Кофар аз бими таваққуъ биравад, то дари Чин!

Мо Метавонем!

 

Матлабҳои дигар