Принт

Бозорбой-ака куҷост?

 Салом СССР-и арҷманд. Солҳо боз Бозорбой-ака дар ноҳияи Данғара газетфурӯшӣ мекард. Ман ҳар шумораи газетаи СССР-ро мехонам ва ҳамеша онро аз ҳамин Бозорбой-ака дастрас мекардам. Бозорбой-ака солҳои аввал дар назди дарвозаи бозори Данғара, дар болои замин журналу газетаҳоро тунук карда мефурӯхт. Баъдтар дар канори давозаи бозор 1 буткачае буд, онҷо газетафурӯшӣ кард. Аммо дере нагузашта, дарвозаи бозорро васеъ карданд ва “киоски Бозорбой” –ро бардоштанд. Газетфурӯши мо боз бе ҷои кор монд. Дар охир, Бозорбой-ака газетаю журналу дигар ашёҳоро дар 1 халта андохта, дар роҳравҳои назди бозор, болои замин гузошта, мефурӯхт, аммо 2 ҳафта боз аз ӯ дараке нест. Ман ҳар ҳафта, аз масофаи 8 км. танҳо барои гирифтани газетаҳо меоям, аммо ноком бе газета ба деҳа бармегардам. Аз одамон мепурсам намедонем мегӯянд...                                                                                                                        

Х.Воҳидов, д.Сафобахш, н.Данғара

Аз СССР: Воқеан ҳам боиси таассуф аст, ки дар ш. Данғара-шаҳри аҳамияти стротегиву сиёсӣ дошта, раисаш 1 дӯкони газетфурӯшӣ насозад ва гузашта аз он дӯкони ягонаи рӯзномафурӯширо вайрон кунанд. Мо посухи амали  дӯконшиканӣ ва набуди киоски газитфурӯширо расман аз МИҲД Данғара интизорем. Мо Метавонем!

 

Матлабҳои дигар