Принт

Кӣ ба осиёби мухолифин об мерезад?

Медонед, кай Муҳаммадиқболи Садриддин номӣ шуд? Вақте, ки бо иддаои ӯ ва «дастгирии иттилоотӣ»-и Ҷунайдулло Худоёров ном блогнавис аз ноҳияи Рашт, кадри тилоии даврони истиқлолият аз ин водӣ, раиси н. Ғарм-Қаноатшоҳ Лоиқовро аз кор гирифтанд. Дальше больше!!! 

Ҳамон замон овоза шуд, ки евро-наҳзатиён «дастони дароз доранд!». Ман Лоиқовро намешиносам, Худоёровро низ. Воқеан ҳам ин Худоёров баъдан бо ҷурми ҳамкорӣ бо сайту сомонаҳои экстремистӣ ҳабс ва баъдан амнистия шуд. Ва аммо гап сари Лоиқов буд, ки мегуфтанд, хеле кадри пухта ва сарсупурдаи ҳукумати марказист ва қурбони сиёсати наҳзатиён шуд. 

Баъд навбат расид ба кадри дигари раштӣ-Маҳмудхон Шоев-олими саршинос, ректори Донишгоҳи Давлатии Ғарм. Ин кас танҳо ба ин хотир, ки чанд студент ҷангу хархаша кардааст (кадом донишҷӯ дар умраш ақаллан боре муштзанӣ накарда бошад?) ва таваҷҷӯҳ кун, хонанда, баъди расонаӣ шудани ин хархаша дар сомонаҳои аврупоӣ, ки мақомот онҳоро ба феҳристи террористӣ шомил кардааст (!!!) низ маъзул гардид. Аҷиб наменамояд, ки сомонаҳо ва корбарони интернетиро экстремисту террорист эълон кунему ҳар чизе, ки мегӯянд, дар дохили кишвар қабул? Муаммоест, ки ба таъбири шоир:

-Ҳайрате дорам, ки дар ҳайрат биорад мурдаро!!!

Дальше боз ҳам больше!!! Имрӯз мақомот домани сарсупурдатарин фарди ҷомеаи шаҳрвандӣ, метавон гуфт, ЯГОНА сарбози ҷонфидои Давлати Тоҷикон ва Миллати Тоҷик-Саъдӣ Маҳдиро гирифтаст. Ва ҳамааш пас аз шикояти 1 студент аз хориҷа, ки аз факултаи журналистика бо далелҳои раднопазир хориҷ шудааст!!! Ҳафтае беш, декани 1 факултаи калидӣ, олим, журналист ва такрор мекунам, ЯГОНА сарбози ҷонфидои Давлати Тоҷиконро, ки шарафмандона бо имзои худ аз манофеи миллат пуштибонӣ мекунад, тафтиш мекунанд! 

Бе ину ун унвону хизмати шоиста, ки Саъдӣ дар пеши миллату давлаташ кардааст, пурсида мешавад, боз дар кадом кишвари олам, бо шикваи 1 студенти муҷрим, прогулчӣ, дарсгурез ва тӯҳматчӣ парвандаи 1 олимро варақ мезананд? 

Ба мақомот умуман кӣ ҳуқуқ додааст, ки матолиби фейсбукиву ютуб, твиттеру тик-ток, вотсапу имову вайберу ОК-ро далели шайъӣ қарор диҳанд? Бекор мондаанд ё касбият заъиф шудааст?!

Дигар мардум метарсад, бо имзои худ аз Давлату Миллат ва Ҳукумати Марказӣ ҳифз кунад. Зеро ҳар нафар медонад, ки аз он сӯи кордон, аз Аврупо, Амрико ва ё Русия борони тӯҳмату иғво сараш мерезад ва мақомот метавонад чун Саъдӣ Маҳдӣ, чун Шоев, ҳамчун Лоиқов парвандаашро варақгардон кунад. 

Ин гирудор дар ҳолест, ки ягон қонунгузории ҶТ ин сомонаҳоро ба расмият нашинохтааст! Агар мисли Россия дар ҶТ низ қонуне қабул мекарданд, то саҳифаҳои интернетии фейсу ютуб ва ғ. агар 2-3 ҳазор хонанда доранд, расона хонда шаванд, ин амалашонро метавон дарк кард. Воқеан ҳам ФР бо ин амал садди роҳи табоҳкорӣ ва иғвову бӯҳтон гардид. Зеро расона, ки шудӣ, ту Сайёфӣ, ту Раҷабӣ, ту Хуршедӣ, ту иқболӣ, ту Салимпурӣ ва ғ. ва ҳ. барои ҳар ҳарфат дар назди қонун ҷавоб мегӯӣ, мисле, ки дар газета хато рафт, сардабир ва коллективи кор посух мегӯянд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти мо дар баробари матлабҳои танқидии газетаҳо ва ё гузоришоти радиоӣ (ТВ мутаассуф ягон матлаби интиқодӣ надорад!) парвандаву тафтиш 1 сӯ, хасеро рӯи хасе намегузорад! Газетаҳоро писанд намекунанд, вале студенти ранҷидае деканашро танқид кард, Худо мақомотро дод! Маҳз ана ҳамин гуна «расидагӣ ба арзу шикояти донишҷӯён» сабаб шудааст, ки муаллим аз студент метарсад! Деканро, ки ғам додем, муаллими оддӣ, конечно, ба донишҷӯ сару кор намегирад. Дальше боз ҳам больше! 

 Муаллим, ки худро аз тарси рӯзи мабодои муроҷиати фейсу ютубии студент канор гирифт, декани бечора мисли Тӯйчӣ Эрҷигитов-қаҳрамони ҶБВ, худро ба амбразураи душман мепартояд ва қурбон мешавад. Кордзанӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро ёд доред? Айниддин Давлатов ном ҷавони авбоше декани факултаи менеҷмент-Музаффар Имомназаровро танҳо ба ин хотир, ки падари ахириро даъват кардаву бо ӯ аз прогулҳои писараш сӯҳбат кардааст, теғ зад!!! Декан дар болниса асту студент дар маҳбас. Куҷо равонаем?

Имрӯз, ҷои пӯшиш нест, ҳама аз журналистикаи аноним, яъне сафсаттанависони интернетӣ дар тарсу ҳаросанд, ки мабодо… Натарсед! Ин мабодо ҳатман фаро мерасад ва агар шумо кадри боқувват, сарсупурдаи миллату давлати худ ҳастед, борони тӯҳмату маломат саратон ҳатман мерезад ва ҳатман мақомот дар пайи ҷустуҷӯӣ далели шайъӣ-улика бар зидди шумо мешаванд…

Ман муроҷеъ ба дастгоҳи идеологии Ҳукумати марказӣ, муроҷеъ ба масъулини баландпояи амнияти давлатӣ ва вазоратҳои калидии кишвар мегӯям:

-Кайҳо фурсате расидааст, ки масъулин байни Журналист ва сафсаттанависи интернетӣ фосила гузоранд. Журналист, агар дар расонае матлаби танқидӣ менигорад, ҷои баррасист. Вале агар ҳатто журналист низ танҳо дар саҳифаи худ чизе менависаду ба намоиш мегузорад, қобили пайгирӣ ва ифтитоҳи санҷишу парванда нест! Зеро фарқияти журналистика аз сайтҳои иҷтимоӣ ин ҳам ҳаст, ки расонаҳои касбӣ муҳаррир, котиби масъул, коллективи кор ва конса да консов-гуфти бобой Ғулом, адрес ва редаксия доранду ҳар мақола таҳрир, баррасӣ ва матраҳ мешаваду сипас нашр. А, оне, ки худ менависаду худ «таҳрир» дораду худ нашр мекунад, инро ба забони авомуннос «хабаргузории занакой лави ов» меноманд ва дар ягон давлати дунё, ба вежа дар Тоҷикистони азиз, ки пайгирии номаву арзҳои аноним қатъан манъ аст, навиштаҳои ин зумра мардум набояд вокуниш бор оваранд. 

Шумо бошед, баракс бо вокунишот, пайгирии тӯҳматномаҳо, санҷишҳои бемаънӣ, мақолаҳои «чёрный пиар» (дилхоҳ сайти ҳукумати маҳаллиро кушоед бо Муҳаммадиқбол беш аз ҳама касу чиз вомехӯред!) ба осиёби душман об мерезеду бар оташи ғурури давлатдӯстдорон (С. Маҳдӣ, Қ.Лоиқов, М. Шоев ва ҳ.) хок. Зеро агар чунин намешуд, ин миллат бо имзои худ, шарафмандона, аз манофеи давлаташ ҳимоят мекард.

Сахт гуфтам? Хуб кардам. Дарди патриотҳоро навиштам! Мо Метавонем!!!

 

Матлабҳои дигар