ХАБАРИ ДОҒ

Кӯмаки президентиро бо даъво гирифтем…

  • Панҷшанбе, Фев 18 2021

   

Салом ба аҳли эҷоди газетаи СССР! Соли 1959 Институти педагогии ш. Душанберо бо ихтисоси физикаю математика тамом ва 50 сол кор карда, садҳо шогирдонро соҳибмаълумот намудам. Имрӯз бошад бо 450 сомонӣ нафақа зиндагӣ мекунам. Одамонеро медонам, ки меҳнат накарда, 700-800 сомонӣ нафақа мегиранд. Ҳақиқати Шӯравӣ куҷо шуд?

   Аз номи Ҷаноби Олӣ ба сағираҳо 1000 сомонӣ пул доданд. Келинам  Матлуба Ҳамроева бо 3 фарзанди ятимаш барои ин кӯмак рафт. Номаш дар рӯйхат ҳаст, аммо маблағро ба ӯ дар аввал намедиҳанд. Пас аз ҷангу ҷанҷол ва таъкиди он, ки ба шикоят ба пойтахт меравад, кӯмаки пулиро мегирад. Ин рафтор нишон медиҳад, ки дар ш.Панҷакент дар самти иҷтимоӣ назорат нест. Наход кӯмаки Президенти кишварро бо даъво гирем!?

Ҷӯрақул Тӯраев, д.Филмандар,

ш.Панҷакент

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter