Принт

Бехатарии озуқа: ину он ба мо дахл надорад!

 

 

 Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати ҶТ ниҳоди навтаъсис буда, аз рӯи фаъолияташ бояд яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат-амнияти озуқавориро таъмин намояд. Шояд таъсиси чунин 1 ниҳоди нави ҳукуматӣ тақозои замон бошаду давлату ҳукумат хубтар аз мо донанд, ки кадом сохтор бо кадом кор бояд машғул шавад. Вале аз рӯи бардоште, ки мухбири СССР аз нишасти ахири матбуотии Кумитаи мазкур, гирифт, зарурияти Кумитаи навтаъсисро зери суол бурд.

Дигар мақомотҳо ҷавоб диҳанд!

   Тавре дар оғози суҳбат Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати ҶТ гуфт, вазифаи ин кумита назорат ва додани иҷозатномаҳост, аммо кушоду возеҳ нагуфт ба кӣ ва кадом сохтору ҷамъият. Маълум аст, ки ҳатман он ширкату корхонаҳои наве, ки мехоҳанд ба истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ оғоз кунанд, дар баробари гирифтани иҷозатномаву санадҳои даҳҳо ниҳоду сохторҳо, боз вазифадоранд иҷозатномаи ин кумитаро низ дошта бошанд. 

   Дигар ин, ки аз рӯи резаахбори Кумита маълум шуд, ки кормандону мутахассисони он бештар бо нигоҳ доштани вазъи эпизотӣ, назорати бойториву фитосанитарӣ, зотпарварию тухмӣ машғул буда, тавре садорати ин ниҳод қайд кард, ваколати онҳо танҳо аз назорати бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ иборат асту бас! Яъне, онҳо ба сифату нарху навои гӯшту тухму гандуму пиёзу картошка кор надошта, бештар масъулияти назорати хӯрокеро, ки чорво ва паррандаҳо истеъмол мекунанд, бар дӯш доранд…

   - Барои сифату кайфияти маҳсулоти хӯрокворӣ Агентии «Тоҷикстандарт» ва Маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологӣ муввазафанд, мо танҳо назорат мебарему иҷозатнома медиҳем, сифати маҳсулотро аз ин 2 ниҳод пурсед, нархро бояд Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ танзим кунад, на мо, -афзуд зимни посух ба суоли яке аз хабарнигорон Муҳаммадсаид Файзуллозода.

Инро чи хел фаҳмем? Ё раис то ҳанӯз масъулият дарк накардааст, ё мутахассиси соҳа нест ва ё воқеан ҳам ин ниҳод бештар ғами ғизои чорвову паррандаро мехӯрад, на сокинони кишварро?!

Вазифадор нестем!

   Ба суолҳои дигари намояндагони воситаҳои ахбори омма дар мавриди забҳи чорвои хушзоти ҷавон, фурӯши сарироҳии гӯшти чорво дар шоҳроҳи Душанбе-Данғара-Кӯлоб, савдои кӯчагии маҳсулоти кишоварзӣ, хуруҷи бемориҳои сироятӣ дар байни чорво, Муҳаммадсаид Файзуллозода ҷавоби аниқу возеҳ надода, боз ҳам мегуфт, ки аксарияти ин саволу проблемаҳои бардошташуда ба сохторҳои дигар-Агентии «Тоҷикстандарт», Маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологӣ, милитсия (савдои кӯчагӣ), Хадамоти зиддиинҳисорӣ дахл дораду мавсуф вазифадор нест вобаста ба фаъолияти ин сохторҳо посух гӯяд!

2228 иҷозатнома додем…

   Новобаста аз интиқоди аксарияти журналистон аз фаъолияти Кумита, мутахассисони ин ниҳод мегӯянд, ки дар тӯли соли 2020 заҳмати зиёд кашидаву дар бозорҳои истеъмолии кишвар 1 079 234 адад ташхис гузаронида, гӯшту маҳсулоти гӯштӣ, шир, тухм, равған, моҳӣ, маҳсулоти полезиро аз назар гузаронидаанд.  Инчунин, дар давоми соли 2020 аз тарафи мутахассисони шуъбаи ташхиси фитосанитарӣ ва карантини растании Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқаворӣ ҳамагӣ дар 6579 намуна 10795 ташхиси гуногун гузаронида шудааст. Аз ҷумла, 6106 ташхис барои дарёфти зараррасонҳо, 654 ташхис барои дарёфти касалиҳо, 3959 ташхис барои дарёфти тухми алафҳои бегона ва 76 адад ташхис барои дарёфти нематодаҳо…

Соли гузашта аз ҷониби ин Кумита 2228 адад иҷозатнома дода шуда, 387672 сомонӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид карда шудааст. 

Такрор модари дониш?

   Ин ҳамааш хуб асту боз ҳам шояд мутахассисони ин Кумита кор кардаанд, аммо тавре ба назар мерасад, шуъбаи зерсохтори Вазорати кишоварзиро Кумита карда, ба он статуси дигар додаанд. Лек салоҳиятҳои онро мушаххас накарданд. Ин аст, ки аксарияти вазифаҳои Агентии «Тоҷикстандарт» ва Маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологиро Кумитаи мазкур такрор намуда истодааст. Ин ҷо суоле пеш меояд, ки вақте ин 2 сохтори дигар ташхисгоҳҳои байналмилалӣ доранду дасташон бештар боз асту шароиту имконият доранд, лозим аст боз 1 ниҳоди навро таъсис дода, аз ҳисоби буҷа, аниқтараш андози ҳар яки мову шумо боз ба 100-150 нафари дигар маош диҳему шароити корӣ муҳайё кунем? 

Барои чӣ? Фарзи мисол, агар маоши миёнаи кормандони ин ниҳод 2000 сомонӣ бошад, дар 1 моҳ 300 ҳазор ва дар соле беш аз 3,5 млн сомониро таъсис медиҳад. Акнун зарбу тақсим кунем, ки Кумитаи мазкур, ки кори дигаронро такрор мекунад, ҳамагӣ 387672 сомонӣ фоида оварда бошад, боз ҳам зараровар аст. Ба арифметикаи одӣ рӯ меорем:

Х=387672-3500000

Х=-3.112328

Яъне бо ҳама бузургиш ин ниҳод зиёновар аст. Ҳоло мо харҷи сӯхту пухту мизу курсиву иҷораву сафарҳои хидматиро ҳисоб накардаем. Лозим ояд, мекунем. Мо Метавонем!

Ба пиндори мо ҷои ин Кумита 1 шӯъба дар вазорати кишоварзӣ, ё Тоҷикстандарт ва ё МНДСЭ басанда аст.

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

4.02.2021

 

Матлабҳои дигар