Принт

Алимардоновро ба додгоҳ кашиданд

 

 

Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Хатлон аз болои ширкати «Баракати Ҷомӣ», ки ба Муродалӣ Алимардонов-бонкири маъруфи кишвар, сардори раёсати бонки «Агроинвестбонк» тааллуқ дошта, беш аз 800.000 сомонӣ аз пардохти истифодаи об қарздор аст, ба Суди иқтисодӣ шикоят бурдааст. Дар ин бора Азизбек Хайриддинзода, раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттиллоъ дод. 

   Бояд гуфт, зимни нишасти қаблӣ Раёсати мазкур аз саркашии масъулони ширкати «Баракати Ҷомӣ» аз пардохти маблағи истифодаи об хабар дода, таъкид кард, ки барои ҳалли қазия ба додгоҳ муроҷиат хоҳад кард. Он замон Шамсиддин Гадоев, муовини сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ гуфта буд, ки ширкати «Баракати Ҷомӣ» зиёда аз 800.000 сомонӣ қарзи обро насупоридаву болои ин аз андози замин низ 86.947 сомонӣ қарздор аст.

Алимардонов дар сахо

Муродалӣ Алимардонов аз бонкир ва соҳибкорони муваффақи кишвар аст, ки баъди ҷанги гражданӣ ба арсаи бизнеси бузург омада буд. Дар сахо, хайр ва дастгирии мардуми камбизоат ҳамто надошт. Шоҳидон қисса мекунанд, ки дидори тасодуфӣ бо акаи Муродалӣ бас будӣ, то дилхоҳ проблемаи пуливу молии камбағале ҳал мешудӣ. Вале ин дидор бо ӯ хеле мушкил, тахминан номумкин  буд!!! 

Вале ин вақте буд, ки садорати БМТ ва сипас бонки маъруфтарини «Агроинвестбонк»-ро бар дӯш дошт

Алимардонов ва Кӯлоб

Шукӯҳу шӯҳрати Ҳотамтойии Алимардонов ба ҳадде буд, ки вақте дар соли 2010 Кӯлобро сели шадиде шуста бурд, масъули сохту соз, банду баст ва таҳияи кӯмаку дастгирӣ маҳз муовини сарвазир-Муродалӣ Алимардоновро таъин карданд. Бо ин таъинот вазъ осуд!!! Мардум бовар кард, ки ин нафар онҳоро бе насиб намегузорад. Ва чунин ҳам шуд. Ситоди эҳёи ЧГП дар Кӯлоб ҳатто ба аъзои оилаҳое хона дод, ки умуман дар пропискаи ин ҷо набуданд. Ба шикваи масъулин Алимардонов посух медод, ки «Имрӯз Худо ва Президент моро муваззаф кардааст, ки ба доди ин мардум расем ва мо мерасем!». Ба таҳқиқ, мардуми офатзада, аз Муродалӣ Алимардонов аз замин то осмон розиянд ва то ҳол дар ҳаққаш дуову сано мефиристанд…

Алимардонов банкрот???

Ин шукӯҳу шаҳомат замоне буд, ки қаҳрамони гузориши мо сирф бо кори касбӣ, яъне молия ва бонкдорӣ банд буд. Баъдан бештар бо аспу гӯсфандпарварӣ, боғу токзор ва кишоварзӣ пардохт ва  шояд ин сабаб шуд, ки аз корҳои бонкӣ канор ҳам нарафта бошад, фаолияташ суст гардид.

«Агроинвестбонк» таври маълум муфлис шуд ва дағдағаи Алимардон низ коҳиш ёфт. Ҳазорон нафар қарздору муфлису бонкрот ва овора монд. Ва шояд дуои муҳтоҷону камбағалон кора кард, ки ин бонк банкрот ва баста шуд. Имрӯз ҳатто бинои бонки мазкур ба фурӯш монда шудааст ва ҷои онро бонки наве хоҳад гирифт. Воқеан ҳам ҷои бонки муфлисро гирифтани бонки нав фоли нек нест. Вале акнун дер шудааст. Таъмиру тармим даво дорад...

Зиндагиномаи Алимардон

   Муродалӣ Алимардон 20 апрели соли 1960 дар н.Ҳисор ба дунё омада, соли 1983 факултаи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст. Солҳои 1983-1991 дар бахши «Агробанк»-и Тоҷикистон дар Чептура кор мекард. Солҳои 1991-1993 мудири «Агробанк» дар н.Ҳисор буд. Солҳои 1993-1996 президенти бонки агросаноатии "Шарқ" шуда кор кард. Аз декабри соли 1996 то январи соли 2008 раиси Бонки миллии Тоҷикистон буд.

   Мавсуф аз 26 январи соли 2008 то 1 апрели соли 2015 дар мақоми муовини сарвазири Тоҷикистон ифои вазифа дошт. Дар гузашта яке аз сарватмандтарин ашхоси Тоҷикистон ба шумор рафта, муассис ва бунёдгузори чандин ширкати сохтмонӣ, саноатӣ ва кишоварзӣ ба қалам дода мешавад.

 

Баҳодури Абдусалом, СССР, Хатлон

 

Матлабҳои дигар