ХАБАРИ ДОҒ

 

Дар Кӯлоби даврони советӣ, ки кӯдакиям гузаштааст, 2 гадои «расмӣ» буд, ки андаке нуқс дар ақл доштанду «ҳокими мутлақ»-и бозори марказӣ буданд: 

-Сафар хороший ва Девнай Абдурасул.

Девонаи Сафар барои он «хороший» буд, ки бо мулоиматӣ садақа мепурсиду  Девнай Абдурасул агрессор буду бо зӯр пул меситонид. Ба Сафар гоҳ-гаҳ пул намедоданд. Вале қандата зану ба Абдурасул пул нате!!!....

 Имрӯз, ба назар мерасад, ки аксарияти хадамоти хизматрасонӣ, ки аз ҳисоби пулу пайсаи пардохтаи ману ту-хонандаи ин сутур, арзи ҳастӣ доранд, аз усули Абдурасул кор мегиранд. Бо таҳдид пул меситонанд. Ҳарчанд, тибқи талаботи маъмурӣ ва маъмулӣ бояд «хороший» бошанд….

Аҳамият додаӣ, хонанда, ки дар кишвари азизи мо, ҳама кор бо таҳдид шуруъ шудаву бо таҳдид хатм меёбад. Фарзи мисол, агар шумо 100 сол муштарии корхонаи обу корезии шаҳреду ҳазорон-ҳазор сомонӣ, дар тӯли 50-70 соли умри пурбаракотатон, ба ин ниҳод пардохт карда бошед ҳам, ҳатман ба шумо расид-квитансияе бо таҳдид мерасад, ки дар сурати напардохти маблағ шуморо ба суд мекашанд, обатонро мебурранд, ҷавобгариву штраф шуморо интизор аст ва ғ. ва ҳ. Андоз аз замин чӣ? Нархи пиёзу сабзиро насанҷида, квитансияе чун тароша аз бом саратон меафтад бо таҳдид, ки агар то фалон соату фалон рӯз бо фулон қадар пул ҳозир нашудед, каппачаатон дуд кард!

Барқ аз ин ҳам батар аст. Расид ҳатман таҳдиди қатъсозӣ ё ҳадди ниҳоӣ судбозӣ дорад ва ба ҳамин тартиб дилхоҳ расиду чеку пек. Ҳама таҳдид!!!

Кор то ҷоест, ки бархе мақомот агар шуморо ба ҳайси шоҳид низ даъват карданӣ бошанд, ҳатман мактубе бо таҳдид мерасад, ки агар фалон соат ба фалон кабинет ҳозир нашудед …беҳатараш худкушӣ кунед (типа того).

Ва ана акнун, тавре халқ мегӯяд, «Калам заду кӯрам зад, пасмонда кулӯхам зад». Ширкатҳои хадамоти интернетӣ низ ба усули а ля Абдурасул гузаштаанд:

-Ба таҳдид ва ба забони маъмули олами ҷиноӣ ба «храп».

 Ҳафтаи равон 1 номаи электронӣ аз ширкати ВАВИЛОН гирифтем ва ба ин мазмун (орфография ва грамматика сахт риоят шудааст):

Салом алейкум,Ширкати ЧДММ «Вавилон-Т» бо арзи эхтиром барои хамкорихои самаранок изхори миннатдори баён менамояд.

Ба Шумо ёдрасон мекунем, ки мухлати пардохти хакки хизматрасонихо

барои домени cccp.tj ва хостинг дар хачми 2000 мб ба итмом расидааст.

Бо максади озод нагардидани номи домени ба Шумо тааллук дошта ва барои давом додани хизматрасонихои мазкур аз Шумо хохиш карда мешавад, ки ба Шуъбаи муштариён дар шахри Душанбе ва ё ба наздиктарин намояндагии ширкати ЧДММ «Вавилон-Т» мурочиат намоед. Дар холати пардохт накардани хаки хизматрасони, дар мухлати 10 рузи таквими номи домении ба шумо таалук дошта аз фехристи Бакайдгиранда озод карда мешавад.

Суратхисобхои шумо - 28529

Маблаг барои домен - 236 сомони

Маблаг барои хостинг - 1062 сомони

Менечер:44-600-07-04

С уважением,

 Domain mailto: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

(Аҳамият деҳ, хонанда, дар матни русӣ ва англисӣ ин ширкат мисли дигар ширкатҳои интернетӣ ва мобилӣ ЯГОН ғалат надорад, ки сари он низ баҳс хоҳем кард)

Ин дар ҳолест, ки мо муштарием, на туфайлихор ва бо ин ширкат кам не-ғам не, сар аз соли 2001 сару кор дорему интернет мехарему истифода мекунем. Ақаллан барои ҳамкории 20-сола набояд бо чунин мазмун ва ингуна таҳдид ВАВИЛОН ба мо, ман, ту, вай, онҳо ва дар ҷамъ сокинони Тоҷикистон, ки зери ҳимояти Сарқонун қарор доранд, нома нависад, паёмак фиристад. Ва ин дар ҳолест, ки воқеан ҳам ману мо 1 соат дер кунем, онҳо на танҳо домену хостинг, ки худамонро низ мефурӯшанд. Метавонанд! Зеро ин сохтор тамоман бе назорат мондааст. Шояд баъди оне, ки шаҳрдори Душанбе литсензияи сохтусозро аз дасти ширкати муталлиқ ба сардори идораи алоқа гирифт, ин ниҳод бештар ба кори ҷонии хеш, назорат ва контроли ширкатҳои мобилӣ бармегардад? Шояд! Вале то он дам, мо таҳдидҳо хоҳем диду шуниду хонду гӯш кард!

 Воқеан ҳам, таҳдидҳои Вавилон, ТСЕЛ, Индиго ва дигар ширкатҳои, гӯё ватанӣ, вале дар асл хориҷии мобилӣ, забони давлатиро низ хору зор ва қалилу залил кардаанд. Шумо 1 бор ба ин навишта таваҷҷӯҳ кунед, даҳҳо хато меёбед. Ба куҷо менигаранд, масъулини забон ва мӯҳтарам депутатҳо? Магар мунтазиранд, ки Сайидҷаъфар Усмонов-ягона депутати ба таъбири Бобои Ғулом «тухмӣ», аз ҳизби демократ, ин масъаларо ба баҳс мекашад? О, дигарон барои чӣ нишастаанд дар ин боргоҳи олитарини давлатӣ, агар озу ниёзи мардумро намебардоранд, ба вежа вақте сухан сари Забони ин Миллат меравад?! Чаро ба ВАВИЛОН ва боқӣ ширкатҳои мобилӣ дастури Таҳдидомез-мисли худашон равон намекунанд, ки бо забони давлатӣ чунин густохиву чунон номаъқулиро раво набинед, ба шумо 10 рӯз вақт, ки тамомии паёмакҳои таҳдидомези худро сирф тоҷикӣ ва бе хато нависед, дар сурати акс, шуморо мебандем!!!

Ва ана акнун бармегардем сари мушкили №1 барои хатари овезон чун Шамшери Домокл (Домоклов мечь) болои сари забони Тоҷикии давлатии худамон. Оё медонед, ки мо, Тоҷикон шояд ЯГОНА миллат бошем, ки дар олами интернет забони худро надорем. Зеро сарфу наҳв, грамматика, услуб, забони адабӣ надорем. Ҳоло дар саҳфаи интернет, масалан Фейсбук, агар чизе тоҷикӣ нависем, зераш хатти сурх мебарояд. Яъне хатост! Зеро грамматикаи урусӣ, ки мо аз алифбояш баҳраварем, даҳсолаҳост, ин ҷо ҳоким аст. Ӯзбекиву қирғизиву қазоқиву ҳатто туркманӣ низ дар феҳристи забони интернетӣ ҳаст. Тоҷикӣ, забони 7000 сола ҷои худро надорад!

Имрӯз фурсате расида, ки сарфу наҳви забони давлатӣ бо ҷаҳони интернет пайваст шавад. Айб аст шарм аст, ай-яй-яй ва «позор» аст, ки 1 давлати бузург бо тамомии атрибутҳои Истиқлолияти давлатӣ, маъмултарин талаботи асри муосири давлатдорӣ-грамматикаи ягонаи интернетӣ надошта бошад!

Таҳдид кунам? Забон ва хатт дар олами виртуолӣ расман вуҷуд надошта бошад, мавҷудияти мо низ зери суол меравад. Сари ин хатар имрӯз бояд андешид, ки дер нашавад…

Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter